Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Ҳузури салафиҳо дар Хатлон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 18 июл 2019, 16:20

Ҳузури салафиҳо дар Хатлон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст

13 март 2017, 11:02

Бояд гуфт, ки фаъолияти ҳаракати "Салафия" бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2009 манъ шуда ва аз 08 декабри соли 2014 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидаст. Баъди он чандин сокини кишвар бо ҷурми ҳамдастӣ ба ин ҳаракат равонаи зиндон шудаанд. Бо гузашти солҳо ин ҳаракат ҳанӯз дар миёни мақомот нигаронкунада будааст, ки ҳато дар аввали соли 2017 узви ин гурӯҳ тибқи ҳукми додгоҳи вилоят равонаи зиндон шудаанд.

Мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хусусан ба ҳаракати мамнӯи “Салафия” мақомоти интизомии вилояти Хатлонро ба ташвиш овардааст, чун дар барномаҳои зидди ифродгароӣ ҳузури “Салафиҳо” дар Хатлон чашмрас мебошад. Ин нуктаро дар шаҳру новоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ иброз доштанд.

Охири соли 2016 суди вилояти Хатлон панҷ сокинони як деҳаро, ки онҳо ба гуфти мақомоти судӣ ақидаҳои салафияро пиёда сохта, ҷавононро ба ҳаракат даъват мекардаанд, равонаи зиндон намуд. Дар асоси моддаи 307 қисми 2, Кодеси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаҳмин Мунаваров ва ҳамдастони дигари ӯ аз ҷамоати деҳоти "Узун"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, воқеъ дар 140 киламетрии ҷануби Душанбе боздошт шудаанд. Онҳо мехостанд ақидаи Салафияро дар миёни мардум оммавӣ гардонанд.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси суди вилояти Хатлон гуфт, ки ин гурӯҳ бо мақсадҳои ғаразноки худ мехостанд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайравони худро зиёд намуда, дар байни мардум фитнаву муноқиша андозанд. Ин ҷавонон, ки ҳоло ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд Абдулмаҳмин Мунавваров соли тавалудаш 1983, Умедҷон Амонов соли тавалудаш 1982, Сироятулло Мусаммиров соли тавалудаш 1984, Мансур Торунов соли тавалудаш 1980 ва Додарбек Муҳабатов соли тавалудаш 1981, будаанд, ки аз аввали соли 2015 то вақти дастгир шуданашон дар манзили истиқоматии як нафари онҳо Абдуҳалим Мусаммиров, воқеъ дар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷамоати деҳоти Узун, деҳаи “Роҳи нав” ҷамъомадҳо ташкил менамуданд ва таблиғи "Салафия" мекардаанд.

Ин гурӯҳ тибқи моддаи 307, қисми 2, Кодеси Ҷиноии Тоҷикистон, яъне, ташкили иттиҳоди экстирмистӣ (ифротгароӣ) муттаҳам дониста шуда, мутаносибан аз 5 то 7 соли равонаи зиндон шудаанд.

Дар нусхаи парвандаи ҷиноии ин гурӯҳ ҷавонон, ки ҳоло бо ҷурми таблиғи “Салафия” зиндони шудаанд, навишта шудааст, ки онҳо рӯзи 31 январи соли гузашта дар тӯи хонадоршавии хоҳари Мансур Торунов, як аъзои ин гӯруҳи панҷ нафара ҷамъомад баргузор карда, оид ба тарзу усули намозгузории ташкилоти экремистии “Салафия” амри маъруф доир намуданд. Амалҳои ин гурӯҳ бар хилофи анъанаҳои мазҳабии мусулмонони кишварамон амал карда, бо ин роҳ ба шуур ва иродаи иштирокчиён таъсири ғоявии ин ташкилоти эктремистиро мерасонданд.

Ҳузури салафиҳо дар Хатлон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст


Дар сомонаи Шӯрои уламои кишвар дар бораи ҳаракати Салафия гуфта шудааст, ки: “Пайравони Салафия дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби моро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кӯшиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи Салафияро тарғиб кунанд. Баъзе ҷавонони зудбовар ва аз таълимоти мазҳабӣ бехабар, ба даъвату гуфтори “салафиён” бовар карда, ғолибан кӯр-кӯрона ба онҳо тақлид мекунанд. Дар натиҷа чандин гурӯҳҳое ташкил шуданд, ки дар ибодат, тарзи либоспӯшӣ, одобу рафтор аз мусулмонони ҳанафимазҳаб фарқ мекунанд.”

Сайдаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили динь дар ин мавзӯъ мегӯяд: “Нишонаи аввал ҳамин аст, ки масалан ҳамин ояҳое, ки марбут ба ислом ва даъват ба ислом аст, ҳамон ояҳоро хусусияти радикалӣ медиҳанд, яъне хусусияти ҷабрӣ медиҳанд. Ҳамчуноне медонем, дар дин иҷборият нест, яъне ҷабран касеро маҷбур кардан нест ва касеро куфр эълон кардан, дар дунё ин вазифаи як инсон нест, инҳо ҳукми Худоиро ба худашон нисбат дода, ин боиси мешавад, ки дар ҳар кишваре, ки сар мезананд, боиси ихтилоф ҳам дар мазҳаб мешавад ҳам осоиши ҳамон минтақа ноором мешавад”.

Ӯ афзуд, “асосан кори истифодаи онҳо аз заиф будани заминаҳои дониши исломӣ надоштани мардуми мо аст, барои ин ҳам Кумитаи дин ва маркази ислошиносӣ бояд корҳое анҷом диҳанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум дар мазҳаби ҳамон ҳанфӣ қавитар бошад. Вақте ки ин чизҳо пояи қави надоранд, сабаб мешавад, ки инҳо аз ҳар нуқта сар бароранд”.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2016 дар ҳамоише гуфта буд, ки пайравӣ ё узвияти 31 нафар сокини минтақаи Қӯрғонтеппаро дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” ошкор кардаанд, ки ҳам бо пайравони ҷараёни “Салафия” ва ҳам бо “Давлати исломӣ” робита доштаанд. Ва ин чунин нимаи якуми соли 2016 мансубияти 190 нафар ба ҷараёни мамнӯи “Салафия” муайян шудааст, ки ба тарғиби мазҳаби бегона ва ақидаҳои ифротӣ дар масҷидҳо, тариқи паҳннамоии диску фитаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мешудаанд. Дар миёни онҳое, ки бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни Салафия боздошт шудаанд, имомхатибон ва муовинони онҳо низ будаанд.

Мумин Аҳмадӣ, рӯзноманигор, ки дар мавзӯи ифротагароӣ менависад чунин назар дорад: “Имрӯз боздошти аксаран ҷавонон бо иттиҳоми шомил будан дар ҷараёни “Салафия” дар ҷумҳурии мо хеле зиёд шудааст. Сабаби гароидани ҷавонони тоҷик ба ҷараёни аслан гуногун аст чанд омил дорад. Аммо сабаби асосии шомилшавии ҷавонони мо ин мебошад, ки ин тарғиботи нодуруст аз ҷониби бархе руҳониё дар маҳалҳо ва афзоиш ёфтани андешаҳои тунгарои дар шабакҳои иҷтимои яъне ба ҳамин марғуб мебошад: “Барои мо як идеалогияи пурқувати илмӣ даркор аст, мо онҳоро зиндонӣ мекунем вале роҳи ҳал ин нест. Онҳо баръакс дар зиндонҳо дигар маҳбусонро ба ҳамон равияи худ ҷалб мекунанд. Ба ҳамин хотир, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз ин равия дар Тоҷикистон фикр мекунам як идеологияи пурқувати динӣ лозим аст, ки дар асоси мазҳаби аслии мо Имоми Аъзам роҳандозӣ шуда бошад ва тавонем, ки аз пайвастани ҷавонон ба Салафия ҷилавгирӣ кунем”.

Коршиноси дигари хатлонӣ Носирҷон Маъмурзода чунин мегӯяд: “Имрӯз ба қавли вазорати корҳои дохилӣ сафи шомилшавандаҳо тамоили коҳиш дорад, аммо барои мо ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад асос диҳад, ки дар ин масъала хотирҷамъ бошем, чораҳои таблиғотӣ пеш набарем. Таҳлилҳо нишод медиҳад, ки роҳҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ин аввалан муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. “Мутаассифона таҷриба нишон дод, ки бастан ё маҳдуд кардани дастрасии шаҳрвандон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе сомонаҳои алоҳидаи интернетӣ натиҷаи дилхоҳ надодааст, чун ки имрӯз нафаре, ки каму беш огоҳ аст, аз ҷаҳони интернет вай албата сомонаҳои зиёди филтшиканро метавонад пайдо кунад. Имрӯз мо мебинем, ки ҷавонони мо саҳифаҳои “Фейсбук”, “Одноклассники” ва “Твитер”-ро васеъ истифода мекунад ва бояд ин платформаҳоро мо васеъ истифода барем”.



Саид Сафарзода, ҳуқуқшинос гуфт: “Яке аз омилҳое, ки худи ҳамин ҷавонон дар оила дар ҷомеа мавқеи худро надоранд. Инсон бояд як манбаи ифтихор дошта бошад, ки дар муҳити оила ва ҷамъият як ифтихор дошта бошад. Ва онҳо маҳз ба ҳамин равияҳо рӯ меоранд ба воситаи дигар андешии худ, мехоҳанд мани худро дар ҷамъият нишон диҳанд.“Ин гурӯҳҳо як ақидаи кучакро ба миён оварда миёни мардум нофаҳмиҳо эҷод мекунанд, иброз намуд коршинос”.



Китобе, ки дар маркази Хатлон аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони ҷомеа ройгон тақдим карда шуд ба номи “Салафия” хатари он барои Тоҷикистон”, “Дар ноҳияҳое, ки аъзоёни инравияҳои тундрав бештар ба қайд гирифта шудааст, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ – 18, шаҳри Кӯлоб – 12, ноҳияи Данғара –12, ноҳияи Восеъ – 10, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ – 8, ноҳияи Фархор –6, шаҳри Қӯрғонтеппа – 5, ноҳияи Ҳамадонӣ – 5 ва дигар шаҳру навоҳии вилоят як ду нафарро дар бар мегирад” Ин оморе, ки пешниҳод шудааст то 10 феврали соли 2016 мебошад.

Ҳузури салафиҳо дар Хатлон ҳанӯз нигаронкунанда боқӣ мондааст


Умед МИРЗОЕВ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!