Бахшҳо

Пурсиш: Маргталаби №1 будани тоҷиконро дар ДИИШ чӣ мешавад унвон кард?

Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм маққараш дар Ҳолланд, гузоришеро нашр кард, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри ҷадвали неруҳои интиҳоркунандаи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия қарор доранд. Ин гузориш дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ арзёбиву баррасиҳои зиёде шуд. “Озодагон” ҳам аз соҳибназарон пурсид: МАРГТАЛАБИ №1 БУДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ДИИШ ЧӢ МЕШАВАД УНВОН КАРД?


Саъдӣ ИСМАТОВ, декани факултаи рӯзноманигории ДМТ
Русҳо мегӯянд: “Из двух зол выбирают меншее”. Яъне, аз ду бадӣ беҳтарашро интихоб кун, аммо дар сархати бадиҳо пешгом буданро намедонам чӣ унвон кунам. Мутаассифона, баъди тамошои кинофилмҳои қаҳрамонтарошии хориҷӣ, ҷавони тоҷик дар интихоби роҳ баъзан ба сардаргумӣ меравад, роҳгум мезанад. Намедонад ба кӣ монанд шавад. Ба Рустами Дастон, ки умраш барои муҳофизати Ватан сарф шуд ё ба Шағод, ки бародари худро фурӯхту ба куштан дод. Дар ин росто сомонаҳои ифротӣ ва террористӣ кори худро карданд ва тавонистанд як гуруҳи кам ҳам бошад, ҷавононро гумроҳ созанд. Албатта, рафтори ин ҷавонон, кушта шудани онҳо дар ҷанги бегона - ватани бегона, ҷони ширин ба бод додан барои манфиати бегона ба психологияи мардум аз ҷумла чавонон бетаъсир нест. Аз чониби дигар оилаи худро партофта рафтан ва тавассути ТВ ё интернет бешармона ваҳшонияти худро ба намоиш гузоштан, ин ҳама чун доғ боқӣ хоҳад монд.

Ёқуб ҲАЛИМОВ, хабарнигор
Ғайр аз бехирадӣ ҳеч чизи дигар намешавад унвон кард. Хабар медиҳанд, ки маргталабон дар ҳолати сархушӣ аз нашъаву ҳероин худкушӣ мекунанд. Агар ин ҳарфҳо рост бошад, воқеан ки кори бехирадонае анҷом медиҳанд. Як хабарнигор, ки бо бачаҳое аз Сурия баргашта борҳо мусоҳиба доштааст, мегӯяд, вазну эътибори фармондеҳони ДИИШ вобаста ба шумори “шаҳидонашон” аст. Яъне, як фармондеҳи ДИИШ ҳар чи бештар ҷанговаронашро талаф диҳад ҳамон андоза соҳиби эътибор мешавад. Ҳоло хабар мерасад, ки Гулмурод Ҳалимов (собиқ фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикистон) бахше аз фармондеҳии ДИИШ-ро бар дӯш дорад. Эҳтимол, дар афзоиши шумори маргталабони тоҷик саҳм дошта бошад. Рехтани хуни тоҷик бо дасти тоҷик. Бехирадӣ!

Дориюш РАҶАБИЁН, хабарнигори BBC
Ҳузури чашмгири тоҷикон дар суфуфи аввали интиҳориҳои ДОЪИШ, ба бовари ман, намунаи боризи мусибатест, ки ҷомеъаи мо бо он дасту панҷа нарм мекунад. Ҳатто дар Афғонистоне, ки чандин даҳа аст дар чанги ҷангу хунрезӣ метапад, интиҳориҳои тоҷикро наметавон ёфт. Далели ибтило ба ин бало халаъест, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳаргиз пур нашуд. Халаъи ъақидатию маънавӣ, ки дар паи суқути идеулужии кумунисм ба бор омад, бо маънавиёт пур нашуд ва тӯдаи раҳошудаву бетӯша ба ъумқи чоҳи таъассубу кӯрбоварӣ ғелиданд. Гусастагӣ аз маънавиёти порсӣ, ки ин миллати чандҳазорсоларо ба як қавми чанддаҳсола табдил кардааст, далели аслии ин гумгаштагӣ ва кӯрбоварист. Нокомӣ дар таъмини мардум бо ғизои маънавӣ омили аслии он аст. Ва яъсу навмедӣ, умедҳои саркӯбшуда, яке дигар аз омилҳои бозгашт ба таваҳҳуш (ваҳшигарӣ) аст. Набуди имкони интихоби ояндае мутафовит аз роҳҳои мардумсолоронаву демукротик баногузир афродро ба сӯи ифроту тундравӣ меронад.

Исмат НИЁЗОВ, донишҷӯйи тоҷик дар Аврупо
Дар Аврупо, ки ман ин ҷо таҳсил мекунам ин гуна дараҷабандиҳоро мардум ва воситаҳои ахбори омма бисёр бо дарду ҳангома қабул мекунанд. Мо бояд як чизро бидонем, ки аксари аврупоиҳо Тоҷикистонро намедонанд, вале вақте аз ҳамин гуна хабарҳо номи кишвари моро мешунаванду мехонанд, онҳо кишвари моро бо ҳамин гуруҳҳои маргталабаш мешиносанд. Онҳо намедонанд, ки ин гунаҳо дар дохили кишвари мо пойгоҳ надоранд ва иттилоъ надоранд, ки аксари онҳо фирифташудаҳое мебошанд, ки дар муҳоҷират ба ин доми бало афтодаанд.

Аз тарафи дигар ин гуруҳҳо барои мо тоҷикон, ки як миллати аҳли фарҳангу илм дар тӯли таърихи дунё будаем ҷойи нигаронӣ дорад. Зеро акнун наберагони Фирдавсиву Синову Розӣ дар саффи пеши маргталабони ҳаракати хунимардумхору террористии ДИИШ қарор гирифтаанд. Онҳо дар диду ҳиссиёти мардуми ҷаҳон аз тоҷикон чеҳраи хашину хунхор ҳосил кунонидаанд ва ман фикр мекунам бадтарин кори онҳо ҳам ҳамин мебошад. Онҳо гумманизми бисёр баландеро, ки таърихан фарҳанги тоҷикӣ ба вуҷуд овардааст бо ин кори одамшикоркуниашон ба сифр баробар мекунанд.
Мӯҳр
форсзабон
Дорюши чун, ман нав фамим, ки точики ай форси фаркш амин, ки забони форсии шумомегуфта, арабиарарашира пртар мегфтайю халос. Боки, кучое набоши саломат бош.

форсзабон,
Дар забон эрод нест, зеро эй басо аквоми арабу, мисриву хиндив ва гайрвву золик дар Бухоро, Самарканду Панчекент, ки бо забони точики гап мезананд ва табли сарсупурдагии фархангу асолати миллиро мекубанд Аммо чамаи гап сари хуввияти иркии ориои будан ё ориёи набудан аст.

Ба "Форсизабон" Ту аввал навистана йод гир.Дониши синфи се надори!!!!!!!!

Давлатбек
Саъди Исматов, аввал точикии бе махалгарои навиштанро ёд гир, баъд руси гап зан. Махалчиги дар хуни туст. Хара хандаш, буза бозиш

Аҷиб аст, ки дар шарҳҳо ба қавле "мурдаро монда, ба тутхӯрӣ" пардохтан. Боз мо мегӯем, ки чаро тоҷик дар пешсафи шаҳидон ҷой гирифтааст. Далел як чиз аст: бесаводӣ, ғӯтидан дар ботлоқи ҷаҳолат! Дар ҳамаи динҳо ҷиҳоди бемаънӣ, одамкушӣ ва худкушӣ гуноҳи азим аст. Вале идеологҳои ДИИШ (муллоҳо) бошанд, дидаву дониста ҷавононро ба дами марг тела медиҳанд. Он сари гаравгонони бегуноҳро намоишкорона буриданро намегӯед. Ин ваҳшоният аст, на дини сулҳдӯсти ислом.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)