Бахшҳо
20 мар 2017 09:56---

Зайд Саид 59-сола шуд

Далер ШАРИФОВ

Зайд Саид 59-сола мешавад. Чаҳор сол аст, ки ӯ пушти панҷараҳои зиндон ба сар мебарад. Баҳори чаҳор соли пеш баъди эълони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуд ва бо иттиҳомоти гуногун 29 сол ба зиндони низомаш пурзӯр равона гардид.

Ӯ ки як тоҷир ва соҳибкори муваффақ дар Тоҷикистон ва ҳатто дар минтақа шинохта шуда буд, бо ҳамкории тоҷирони хориҷӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекард ва ҳазорҳо ҳамватанашро ба кор таъмин менамуд. Борҳо ҳамкешону ҳамаслакон ва нафарони алоҳида аз меҳрубонӣ, хоксорӣ ва шахси безарар будани ӯ барои ҷамъият гуфтаанд. Созандагиву бунёдкориаш низ аз чашми касе пӯшида набуд ва ҳамчун як тоҷики муваффақ барои дигарон ибрат ва ифтихор буд.

Ҷустуҷӯи исми ин тоҷир дар шабакаи ҷаҳони интернет шаҳодат аз он медиҳад, ки чаҳор соли ахир як чеҳраи хабарсоз дар расонаҳо гардида, дар бораи ӯ ҳазорҳо хабару гузориш, мақолаву мактуб ва диду назарҳои мухталиф, ки ҳамаашон тақрибан мусбат буданд, мавҷуд аст. Мавзӯи боздошт ва ҳабси ӯ дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ бозтоби густурда ёфт. Ӯ борҳо таъкид кард, ки барои оромии виҷдон ва инки бо ҳукми сангин паси панҷара меравад, ақаллан як гуноҳашро исбот кунанд, аммо ба ин гуфтаҳояш вокунише сурат нагирифт.

Мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳуқуқи дифоъ, дархости иддае аз зиёиёну равшанфикрон на танҳо ба инобат гирифта нашуд, балки вазъиятро боз печидатар кард. Бисёри сармоядорон ақибнишинӣ карда, қисми дигарашон дороиҳояшонро аз кишвар берун карданд. Ҳабс ва боздошти ӯ ба бахши сармоягузории мустақили хориҷӣ латма ворид кард ва Зайд Саид барои бештари пулдорон сабақ гардид.

Дар маҳофили гуногун ҳанӯз номаш вирди забонҳост. Ва ҳабсу боздошташ ҳамчун як тоҷир ва соҳибкори муваффақ умедҳоро кушт ва дар дили бисёриҳо ҳаросро ба вуҷуд овард. Бештари сармоядорон ё бачаҳои пулдори тоҷик сарнавишти ӯро барои худ як дарс ва имтиҳони зиндагӣ медонанд.

Раванди додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат мегирифт, аммо адвокатҳои ӯ тавонистанд бисёре аз нуктаҳои парвандаашро оммавӣ кунанд, то ҷомеа бидонад, ки воқеан пушти дарҳои баста чӣ мегузарад. Ва тамоми ин раванд саҳфа ба саҳфа дар торих сабт шуд.

Шояд бисёриҳо огоҳ набошанд, ки дар марҳилаи баъдӣ додгоҳ қишрҳои мухталифи ҷомеа аз қабили хабарнигорон, зиёиён ва нафарони касбу кори гуногун ба ҳар роҳе ба ин баҳсҳои додгоҳӣ роҳ ёфтанд ва ҳар кадоми онҳо бо чашми худ диданд, ки баҳсҳои додгоҳӣ чӣ тавр сурат мегирад. Мутмаинам, бо даст додани фурсат ҳамаи онҳое ки бо чашми худ ин баҳсҳоро дидаанду шунидаанд, бардошт ва хотироти худро мегӯянду менависанд.

Имрӯзҳо Зайд Саид, ки ба сини 60-солагӣ мерасад ва дур аз зану фарзандон ва набераҳояш пушти панҷараҳои зиндон бо мушкилиҳои зиёд давлати пирӣ меронад. Аммо ному пайкораш дар қалбу фикри садҳо нафар вуҷуд дорад. Ҳеч кас ва ҳеч чиз натавонист, ӯро сиёҳ ва номашро бад бикунад. Нақши ӯ дар биноҳои сохтааш, дар маркази шаҳр вуҷуд дорад ва ҳар нафре аз назди ин биноҳо бигзарад ҳатман ишора мекунад, ки инро Зайд сохтааст.

Бисёриҳо мегӯянд, ки Зайд Саид қурбони афкор ва андешаш барои сохтани “Тоҷикистони нав” шуд. Агар чунин аст, пас ин қурбонӣ як кори огоҳона ва дуруст аст ва ному ёди ӯро ҷовидона мегардонад.

Дар охирин баҳси додгоҳӣ вақте суд ҳукми ӯро эълон кард, Зайд Саид аз қозии парванда пурсид, ки қонун ва ҳукуми он чӣ шуд? Қозии парванда дар ҷавоб гуфт: “Зайд Шерович, худатон медонед ку, тақозои замон ҳамин будааст!”
Ба хотири озодӣ ва саломатии бардавом, зодрӯз муборак!
Мӯҳр
ва
60 не, балки 59 сола шуд хамин руз.

Зодруз муборак ШЕРИ ТОЧИК

Акрам
Зиндаву човид монд,хар ки накуном зист.сарбуланд бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)