Падари муҳоҷир: Писарамро маъшуқаи русаш пинҳон кардааст (АКС)

Имомалӣ Бобоев, сокини 54-солаи ноҳияи Панҷ, мегӯяд, писараш Имомназири 29-соларо маъшуқаи солхӯрдаи русаш намегузорад, ки назди хонаводаю фарзандонаш ба Тоҷикистон баргардад.
Имомалӣ Бобоев зимни муроҷиат ба ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” изҳор доштааст, ки ҳамзисти рус намегузорад, ки Имомназир ҳатто бо падараш мулоқот кунаду бо хонаводааш дар тамос шавад. Ба гуфтаи Имомалӣ писараш дар Тоҷикистон ҳамсару ду фарзанд дорад: “Ноябри соли 2016 барои пайдо кардани писарам аз Тоҷикистон ба Русия омадам. Як гову гусола доштам, ҳамонро фурӯхта роҳкиро карда, омадам, зеро вақте набераҳоям мепурсанд, ки падарашон кай аз Русия бармегардад, ман намедонам чӣ гӯям ба онҳо. Пас аз 4 моҳ фаҳмидам, ки дар вилояти Твер, шаҳри Ризев, маҳаллаи Високина бо ҳамроҳии Оксана Лебедова истиқомат мекардааст. Он зан намегузорад, ки ман бо ӯ вохӯрам. Давоми 4 сол аст, ки бо ману модараш ва фарзанду ҳамсараш суҳбат намекунад. Ҳатто ба онҳо маблағ ҳам равон намекунад”.
Ба гуфтаи Бобоев ҳамзисти руси писараш, Оксана Лебедова намегузорад, ки бо писараш мулоқот кунад: “Санаи 12 марти соли ҷорӣ вақте бо Лебедова гап задем, гуфт, ки Имомназирро аз ман нагиред ва нагузошт мо бо ӯ вохӯрем”.
Ба гуфтаи Бобоев фарзанди хурдияш ба мақомоти дохилии Русия оиди гум шудани бародараш ариза навиштааст: “Вақте ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кардам, гуфтанд, ки наметавонанд ба ман кӯмак кунанд. Ман метарсидам, ки фарзандам ба “ДИИШ” рафта бошад. Пулис шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Истринский писарамро дар асосии шикояти бародари хурдияш пайдо ва давоми як шаб боздошташ кард. Аммо он зан ӯро пайдо карда, бо худаш аз шӯъба бурдаст. Телефону ҳуҷҷатҳояшро бошад, кормандони пулис ба мо доданд. Ҳоло он зан аз ман шиносномаи писарамро талаб дорад”.
Падари ин муҳоҷир аз масъулин хоҳиш дорад, ки барои баргардондани писараш ба ӯ кӯмак кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |