Бахшҳо
27 мар 2017 11:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иқдоми "Смартфони ҳаррӯза" аз Tcell

Ширкати Tcell иқдоми “Смартфони ҳаррӯза 2017”-ро оғоз мекунад.

Дар доираи ин иқдом, ки 50 рӯз идома меёбад, ширкат ҳамарӯза ба муштариёнаш 5 смартфони Huawei Y3 II тақдим мекунад! Дар қисмати ниҳойии иқдоми мазкур бошад, панҷ телевизори TV LED LG SMART ба бозӣ гузошта мешавад! Иқдоми мазкур аз 27 март шурӯъ гардида, то 15 май идома мекунад.

Барои иштирокчии ин иқдом шудан кофист, ки тавозуни телефонатонро ба маблағи 5 сомонӣ ё бештар аз он пур намоед. Маблағи гузарондаи шумо пурра ба тавозунатон мегузарад. Барои ҳар 5 сомонӣ ба муштарӣ тавассути смс-пайём рамзи инфиродӣ ирсол мегардад. Бурди туҳфаҳо ҳамарӯза дар шакли лоторея дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza дар Душанбе баргузор мешавад.

Ҷараёни бозӣ ба таври мустақим тавассути радиои “Ватан” аз соати 8:40 то 9:20 пахш мегардад. Ба ғолибон ровии барнома аз эфири мустақим тамос мегирад.

Tcell аз ҳамаи муштариёнаш даъват мекунад, аз 27 март то 15 май ба дафтари аосӣ омада, ҷараёни баргузории иқдомро назорат баранд ва ба шаффофияти он бовар ҳосил намоянд. Меҳмонон имкон доранд, ки худашон бозиро баргузор намоянд: лототронро якҷоя намуда, рақамҳои беруномада ва ғолибро эълон намоянд.

Ширкати Tcell чунин як иқдомро соли 2015 баргузор намуда буд. Он вақт ба муштариён 250 смартфони нав, 2 Smart TV 3D бо кинотеатри хонагӣ, 4G роутерҳо бо бастаҳои интернети ҳармоҳа ва 10 планшети SamsungGalaxy Tab4 бо рақамҳои нуқрагин тақдим гардида буд. Он замон муштариён аз тамоми гӯшаву канори кишвар барои бурдҳои худ ба идораи мо омаданд. Бисёриҳо тавозуни худро маҳз барои иштирок дар бозии бурднок пур намуданд, аммо қисме аз чунин иқдом ҳатто хабар надоштанд. Баъзеҳо то лаҳзаи охир ба пирӯзии худ бовар надоштанд ва аз кормандони ширкат даъват мекарданд, ки бо онҳо “шухӣ” накунанд.

Аз ҷараёни баргузории иқдоми имсола тавассути сомонаи расмӣ ва саҳифаи ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба шумо хабар медиҳем.

Барои иштирок дар иқдом талош намоед ва смартфони худро бурд намоед!

Барои маълумоти бештар ба сомонаи ширкат ворид шавед ё ба шумораи 150 тамос бигиред.

Дафтари матбуоти Tcell
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)