Бахшҳо

Р.Эмомалӣ милисаро зидди саркашҳо аз хидмат равон кард

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор масъулинро муваззаф кардааст, ки гуселу пешвози наваскарону куҳнасарбозонро дар мавсими баҳорӣ ба таври тантанавӣ роҳандозӣ кунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ таъкид шудааст, ки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ 10 нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд: “Доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои «Рӯзи даъватшаванда», тағрибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд”.

Раиси Душанбе мақомоти милисаро вазифадор кардааст, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои даъватӣ кӯмак расонанд: “Нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, корҳои лозимии пешгириро амалӣ намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд. Нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин карда, бо ин мақсад шумораи лозимии кормандонро мутобиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намоянд”.

Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе муваззаф шудааст, то 1-уми июн ҳар даҳрӯза дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба ҳукумати пойтахт ҳисобот диҳад.
Мӯҳр
Дед
Ана хамин праздники рузи наваскарон дар календари мо набуд. Урааа бо як рузи истирохат зиед шуд. Рахмат ба раиси шахр.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)