Бо мақсади дастрасии хонандагон ба эҷодиёти адибони вилоят қарори махсуси райиси ҳукумати вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райиси ин вилоят,шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин бора аз ҳукумати вилоят хоҳиш карда буд. Зимнан, қарори марбутаи Қоҳир Расулзода аз 9 декабри соли 2011, № 387 дар бораи ҷудо намудани маблағ ба имзо расид.Мутобиқ ба қарори мазкур ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети вилоятӣ нисбат ба нақша дар ҳолати 1 декабри соли 2011 ба ҳисоби шӯъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 37 900 сомонӣ ирсол намояд.
Мӯҳр