Бахшҳо

Мухлис: Баъди нуқраи Анталия муҷозоти Комроншоҳ лағв шавад

Яке аз шарҳнависон бо номи Мухлис дар зери матлаби “Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад”-и “Озодагон” навиштааст, ки баъди ба даст овардани медали нуқраи мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Grand-Prix Antalya 2017” бояд Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти ахирашро дар мавриди Комроншоҳ Устопириён қабл аз тамом шудани давраи муҷозот, лағв кунад.

Ин шарҳнавис аз ҷумла навиштааст, ки “вақте Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён муҷозот эълон кард, ӯ мардонавор инро қабул кард ва узр ҳам пурсид. Ин дуруст аст. Акнун Кумитаи мазкур мардонавор дастоварди охирини Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириёнро ба инобат гирифта, муҷозотро пеш аз мӯҳлат бардорад”.

Ба навиштаи Мухлис “чунин таҷриба дар олами варзиш вуҷуд дорад. Дар ин сурат ҳам мардонагии Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён исбот ва ҳам адолату шаффофияти кори масъулини варзиши кишвар дар чашми мардум барқарор хоҳад шуд. Зимнан, чунин таҷриба ба такрор мегӯям, ки дар давлатҳои мутаррақии олам роиҷу равост! Боз мехоҳам ёдовар шавам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо ягона касе, ки ба кишвар бонгу номи қаҳрамонӣ аз қораи Осиё овард, Комроншоҳ буд!!!”

Ҳамчунин имрӯз Федератсияи байналмилалии ҷудо мақоми Комроншоҳи Устопириёнро дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло бурд. Мақоми навро Комроншоҳ баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия соҳиб шуд, ки Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Комроншоҳи Устопириён 23-уми март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи куштӣ дар мусобиқаи куштии милии "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии куштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод. Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои куштии миллӣ дар кишвар маҳрум кард. Аммо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳогузории доваронро, ки ангезаи амалкардҳои Комроншоҳ шуда буд одилона ва тибқи қоида баҳогузорӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон дар мавриди ноадолатиҳои доварон баҳсҳои гармеро ба бор оварда буданд.

Комроншоҳи Устопириён ахиран мусобиқаи байналмилалии ҷудо -- “Grand-Prix Antalya 2017”, ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд мақоми дуввумро касб намуд. Дар ин мусобиқа дар баробари Комроншоҳ инчунин ду паҳлавони дигар: Хаёмиддин Ҷабборов (вазни -73 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён баъди шикасти ду рақибаш -- Батуҳан Ефемгили турк ва Ҳае Ҷо Ҷунги кореягӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин қисмат Магомед Магомедови русиягиро шикаст дод, аммо дар финал аз Алтанбагана Гантулга, паҳлавони муғул мағлуб шуд.
Мӯҳр
Анти-Кушти
Озодагон,

Кушти навиштанро бас кунед, ки шарманда шудед. Аз кадом гур ин калимаро пайдо кардед? Гушти гуед. Хонандагонро хурмат карда ба эхсосоти онхо нарасед.

Мухлис
Сипоси беандоза ба роҳбарияти сомонаи Озодагон. Хай мардум фикротона гуед. Бинед ҳатто ҷинояткорро барои рафтори намунавӣ ва ахлоқи хуб қсман гуноҳашро мебахшанд. Наход, ки ин дастоварди беназири Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён дар Анталияи Туркия ба он наарзад. ки ин муҷозот бардошта шавад. ???

Охир имсол Соли Чавонон наход ки Кумита ин корро кунад хо буродаро инхел накунед ичозат дихед бачая !!!

Бале, пешниходи хеле хуб. Бояд чарима лагв карда шавад. Чунки боварии кас намеояд, ки чунин варзишгари маъруф бе ягон сабаб ба дашном додани касе даст занад. Бояд хамеша довархои бехтарин дар чунин мусобикахо довари намоянд. То ки тарафхо хамеша каноатманд бошанд. Чунин варзишгарон дар Точикистон ангуштшуморанд, аз кабили Расул Бокиев, Комроншохи Устопириён...

Баъди соли 2019хам дар мусобикахои Точикистон иштирок кардани Комроншох дар гумон аст.Майлу хохишашро дар инчо куштанд..

Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло рафт. Бино ба ин феҳрист, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шуд, Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Вазни - 90 кило

Комроншоҳи Устопириён бо 1776 имтиёз дар мақоми 7-ум
Муртазо Аминов бо 8 имтиёз дар мақоми 225-ум
Вазни – 100 кило

Саидҷалол Саидов бо 346 имтиёз дар мақоми 54-ум
Абдулваҳҳоб Сатторов бо 122 имтиёз дар мақоми 86-ум
Темур Раҳимов бо 2 имтиёз дар мақоми 226-ум
Аминҷон Ҷалолов бо 1 имтиёз дар мақоми 247-ум

Дар боло ман рейтинги имрӯза нашршудаи Федератсияи байналмилалии ҷудоро (IJF) иқтибос овардам. Дар ин ҷо бинед агар доварони мо номардӣ кардан нисбати паҳлавони Тоҷик ва ҳамчунин кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ санҷиши куркурона бурд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ якбори дигар маълум шуд, ки кӣ дар ҳақикат дар кадом зина қарор дорад! Бингаред Комроншоҳи Устопирён бо 1776 имтиёз дар ҷойи 7-ум ва ана ҳамон Саидҷалол Саидове, ки доварони "адолатпарвар"-ӣ мо ба ӯ ғолибиятро доданд бо 346 имтиёз дар зинаи 54-ум қарор дорад!
Ана ҳамин ҷиз худаш аз бисёр чиз дарак медиҳад!

Гуштингир
Дар мавриди калимаи "гушти"гуфтаниям, ки ин на гушти аст на кушти, балки МУШТИ аст. Зеро бо дасту мушту бозу ба якдигар хамла карда ракибро аз пой меафтони. Яъне бехтар буд, ки МУШТИ нависед

Зомин
Озодагон! Чаро дидаю дониста ба вайрон кардани конун "Дар бораи забони давлати" рох медихед? Кушти гуфтан ин тахкир кардани миллати точик аст. Мо гуштин дорем , вале кушти надорем. Кушти гуфтанро расм накунед. Илтимос, харчи тезтар ислох намоед! Айб аст, охир!

Тамошобини цирк
Эй мардум саросема нашавед, о монед камтар одоби муоширатро ед гирад товба кунад. Чемпиони олимпи мухтарам Дилшод Назаров дуруст мегуяд: интизоми спортсмен аз медали у болост. Илтимос саросема нашавед.

Гуё, ки медали тилло оварда бошад ин гуштигиратон, ки инкадар рекламааш кардед. Хамон хакоратро, ки лагв мекарда бошад, ки дар шонати устодони спорт ва кормандони содик ва мардуми ватандуст Комроншоҳ гуфт. Ин хел кори бемаъни: ба устодони спорт - хакорат барои хизматхояшон то пиронсоли, ба Комроншоҳ - чоиза барои он, ки чавони хакоратчи хакораташро давом додан гирад дар оянда.

РОСТИН, ш. Душанбе.
Умри такаллуб кутох аст. Устопириён худаш собит сохт, ки у кист ва чи кадру манзалате дорад. Зайниддин Зидан хам дашном дода буд. Дашноми уро чахониён шуниданд, аммо уро бахшиданд. Устопириён аз гояти чавони, дар чавоб ба ин беадолати ва бемасъулиятии мутасаддиёни соха даст ба ин амал зад. Боз бахшиш пурсид, хамин бахшиш пурсидан худаш камоли чавонмардист. Хак буданашро боз худаш собит кард. Бо медали нукраи овардааш. Шояд медали тилло мегирифт, агар мо нисбаташ ин гуна рафтор намекардем.
Ба кадри ин гуна касон бояд расем! Мо точикон хамаги ду пахлавоне дорем, ки дар сатхи чахон шинохта шудаанд. Яке шодравон Саидмуъмин Рахимов Чемпиони чахон,(1975) дигаре Комроншохи Устопириён (2016 )- Чемпиони Осиё. Саввумин шодравон Азалшох Олимов соли 1956 Чемпиони СССР шуда буд. Бо ин се нафар баъд аз хазор сол хам точикон метавонанд ифтихор кунанд. Чунки дар таърих ин номхо бо харфхои заррин навишта мешаванд. Он ду нафар дар замони Шурави ин увонхоро сохиб шуда буданд ва имруз миёни мо нестанд, ки ба кадрашон бирасем. Чаро ба кадри Комроншох нарасем, ки бо кудрати бозуяш нишон дод, ки дар як китъаи бузурги Осиё хеч касе ба у баробар шуда наметавонад. У зуртарин мард аст. Ин ба гуфтан осон.
Уро мучозот кардан аз руи адолат нест, ки дар Ватани худаш то ду соли дигар гуштин нагирад. Биёед ба хотири он ки Осиёро дар гуштин ларзонд, мучозоташро лагв кунем, то боз чахонро биларзонад, мисли Саидмуъмин Рахимов!!!!
Кумиати Варзиш ба таври истисно, мучозоташро лагв кунед. Гардани шайтонро шиканед! Охир, Пахлавон номбардори миллат аст. Комроншох номи точикро ба чахон баровард, Офарин ба у! Бибахшедаш!!!!

Точ
Дар мусобикахои Точикистон иштирок накун тамом мушкил хал шуд.

качак
мебахшед, на кушти,на гушти ва на мушти.дурусташ пушти чунки х,арифро ба пушт мехобонанд...

Гаишник.
Комментхоро мехонаму хайрон мешавам, ки то чи дарача баьзехо хокзану чоплусона менависанд. Аз чоплуси дида рафта кори фоиданок ба чамьият кунетон намушуд ми?

Ҳоҷӣ
Боз киро "куштед"?. Айб аст, айб,ки ин ғалатро такрор ба ба крор истифода баред...Кадом тоҷик гуштин ё гуштиро "кушти" мегуяд? Албатта ба ҷуз муаалифони "Озодагон"....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)