Бахшҳо

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, дар бораи Ортиқов, муттаҳам дар ҳамлаи террористии Русия маълумоте нест

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, маълумот дар бораи Содиқ Ортиқов, як муттаҳам дар ҳамлаи метрои Санкт-Петербург дар ягон ниҳоди давлатӣ мавҷуд нест.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба манобеаш дар додситонӣ гуфтааст, ҳеч далеле дар бораи таваллуд, таҳсил ва кори Содиқов дар Душанберо пайдо накардаанд: “Содиқ Ортиқов дар ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ сабт нашудааст”.

Ин дар ҳолест, расонаҳо Содиқ Ортиқови 39-cоларо шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд.

ОРТИҚОВ: ТЕРРОРИСТ НЕ, ОШПАЗАМ, БАРОИ ХӮРОНДАНИ ОИЛААМ МУҲОҶИР ШУДАМ

Рӯзи гузашта Додгоҳи шаҳри Маскав ҳабси Ортиқовро қонунӣ хонд. Аммо Игор Язин, вакили дифои Ортиқов 24-уми апрел дар додгоҳ гуфтааст, зерҳимояаш бегуноҳ аст ва хостори озодияш шуд. Худи Ортиқов зимни мурофиа таъкид ба бегуноҳияш карда, афзудааст, силоҳе, ки ҳангоми кофтукоб аз хонааш пайдо кардаанд, ба ӯ тааллуқ надорад, зеро дар ин хона танҳо намезистааст: “Ҳар чизе, ки мепурсед, ман посух хоҳам дод. Ба Русия барои пул кор кардан омадам ва оилаамро мехӯронам. Чунин як кори бадро накардаам. Бо меҳнати ҳалол маблағ пайдо мекардам, ҳамеша ошпаз будам”.

Игор Разин гуфтааст, зерҳимояаш намедонад, ки чигуна яроқро аз зери бистари хобаш пайдо кардаанд.

Бо вуҷуди ин додгоҳи Маскав қарори суди ноҳияи Басманийро дар мавриди ҳабси Ортиқов бетағйир гузошт ва дар назар аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон то 3-юми июн дар ҳабси пешакӣ боқӣ монад.

Мақомоти Русия Ортиқовро ҳамроҳи Шоиста Каримова, шаҳрванди 46-солаи Узбакистон дар шаҳраки “Лесной Городок”-и назди Маскав 7 апрел боздошт намуда, аз ҷузвдони Каримова норинҷаки Ф-1, детонатор ва аз шаҳрванди Тоҷикистон таппончаи тамғаи Макаров дарёфт намудаанд.
Боздоштшудаҳо изҳор доштаанд, ки бо интиҳории Питер-Акбарҷон Ҷалилов ягон иртиботе надоранд ва таппончаю норинҷакро касе ҳадафмандона ба ҷузвдони онҳо гузоштааст.

Рӯзи 3 апрел дар пайи таркиш дар метрои Маскав ҳудуди 16 нафар ҷон дода, 45 тани дигар маҷруҳ гардиданд.
Мӯҳр
1
Ин масъала берун аз як парванда аст. Пойи имичи миллати точик дар миён аст. Вазорати корхои хоричии Точикистонро зарур аст, ки аз хукукхои шахрвандаш ба хар роху ба хар киммате набошад, хифз кунад!
Чаро ин мард аз бегунохиаш мегуяд? Албатта, далеле дорад ё доштагист...
Агар ин ходиса ба сари як шахрванди Русия дар хорич меомад, Лавров бо расонахои путинй киёмат бапо мекарданд.
Чаро Аслов аз худ точикият нишон намедихад?
Чаро расонахои давлати хомушанд? (Онхо хамеша хомуш буданд)
Чаро журналистхои точик намераванд, ки пайвандонашро пайдо кунанд? Расонахои киргиз ин корро карданд ва пахлуи дигари шахсияти мутахаммони киргизро нишон доданд.
Аслов бо дипломатхояш бо хифзи хукукхои ин шахрванд нишон дихад, мухочири точик террорист нест! Аз мухочири камбагали точик террорист насозед!

Маскав не дар Питер
Маскав не дар Питер

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)