Бахшҳо

Президенту писараш санги асоси бинои нави Суди Олиро гузоштанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз, 28 апрел бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои нави Суди Олӣ дар пойтахт оғоз бахшиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гузоштани санги асоси бино дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифта, бино аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад: “Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст. Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур дар давоми солҳои 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст: “Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро карда шудааст. Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро, мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад”.

Ба иттилои манбаъ пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои Суди Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастур додааст, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Мӯҳр
Точ
Суди олии нав дар як сол суми сохтмонашро мебарорад.

то хозира суди оли дар таги дарахтхо фаолият иекард?
хамон бинояшба кор кардан гирад..ягон завод е фабрика сознд то мухочири сарсахт чои кор ебад ва аз хори ба ватан биеяд
э вой замин сахт осмон баланд

Вадуд
Аввалаш замин ки суди оли бехтарин бино ва олитарин мавкеи муносиби чойгиршави дорад. Баьдан агар судхо озоду щшаффоф бошанд дар хар бинои дилхох мурофиа дар холати зарури доир мекунанд. Хуб мешуд ки маблагхоро самаранок истифода карда масалан заводу фабрикасози мекардем чои кор ташкил менамудем насли наврасро дуруст тарбия мекардем фасодро пешгири намуда теша ба решаи махалгароии захрогин мезадем. Миллатро аз тарики ВАО чахони мисли дигар рохбархо ба оламийон муаррифи мекардем ло аккал мисли Киргизистони хамсоя паспортхои биометрии шахрвандонамонро ройгон мекардем. Ин аст катрае хидмат ба мардум.

Бояд ягон завод ё фабрика сохт на ин ки бинои судӣ олӣ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)