Бахшҳо

Олмон пуштибониии худро дар мавриди воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ изҳор дошт

Баъд аз зӯҳри дирӯз райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Олмон  Кристиан Вулф мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президент маросими истиқболи расмии президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кохи Бэлвю баргузор гардид.


Манбаъ афзуд, дар вохўрии Эмомалӣ Раҳмон ва Кристиан Вулф маҷмўи васеи масоили ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду кишвар баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон кишвари Олмонро «шарики дерина ва мўътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» номида, изҳор дошт, ки «Олмон дар самти аврупоии сиёсати хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад». Аз ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Олмон, ки дар доираи нақшаю барномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби санадҳои аврупоию байналмилалӣ амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Таваҷҷӯҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва мусоидати муштараки Тоҷикистону Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ислоҳи он зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, Кристиан Вулф омодагии ҷониби Олмонро ба иштироки фаъол дар Конфронси панҷуми РЕККА – ҳамоиши минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таъкид дошт.«Олмон ҳамчунин аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмонии ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад», - изҳор дошт президенти ҷумҳурии Федеролии Олмон.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)