Бахшҳо

Латту кӯби як корманди пулис дар Кӯлоб

Шаби гузашта як корманди 24-солаи Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст.

Ин ҳодиса тахминан соатҳои 20:30-и шаби 16 май дар кӯчаи Исмоили Сомонии ин шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст. Лейтинанти калон Марям Шарифзода замоне мавриди ҳамла қарор гирифта, ки барои пур кардани тавозуни телефонаш ба кӯча мебарояд. Хонум Шарифзода ҳоло дар маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб зери муроқибати табибон қарор дорад.

Табибони ин марказ ба “Озодагон” гуфтанд, дар ӯ осеби пушидаи девораи пеши шикам, латхӯрии бофтаҳои пеши шикам, харошаҳои сеяки мобайни оринҷи дасти чап ва латхӯрии соқи пойи чапро сабт кардаанд.

Худи Марям Шарифзода гуфт, вақте барои пур кардани тавозун берун баромад дар назди гузаргоҳи манзилаш ба ӯ ҳамла карда, нахуст бо мушт ба шикамаш задаанд. Мегӯяд, ҳамлавар дар даст кадом як чизи бурандае дошт ва дасташро харошид. Ӯ ҳамлаварро як марди қоматбаланд ва бо риши миёна тавсиф кард ва гуфт, вақте баланд фарёд зад, вай ва ҳамроҳи дигараш фирор карданд. Модари ин корманди пулис аз фарёди духтараш ба берун баромада ва ӯро дар ҳолати беҳушӣ пайдо мекунад.

Аз Қисми навбатдории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гуфтанд, хонум Шарифзода дар Маркази иттилоотии ШКД фаъолият мекунад. Вазорати умури дохилӣ ҳоло ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст.

Шаби 13 май дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб як афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта буд. Бино ба иттилои наздикони ин афсари амният ба бадани ӯ беш аз даҳ зарби корд задаанд.
Мӯҳр
Кормандони Озодагон шуморо приривка кардагиян дар кудакитон?
Чихел соати 8:30 шаб будаст? Як хабарро чанд бор дар сайтатон менависед? Ё ин ки сахар хоболуд омади як бори дигар отправка карди?
Масалан, https://www.ozodagon.com/index.php?newsid=30018

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)