Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон
Субҳи имрӯз, ҷумъаи 19 май ҳавзаҳои интихоботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дарҳои худро ба рӯи раъйдиҳандаҳо боз карданд. Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, ин ҳавзаҳо то соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ фаъол хоҳанд буд.
Барои курсии раисҷумҳурии Эрон президенти амалкунанда Ҳасан Руҳонии 68-сола, вазири пешини саноат Мустафо Ҳошимии 70-сола, собиқ вазири фарҳанг Мустафо Мирсалими 70-сола ва додситони собиқи Эрон Иброҳим Раисии 50-сола мубориза мебаранд. Аммо коршиносон аз қабл ҳадс мезаданд, ки шонси Руҳонӣ ва Раисӣ бештар аст.
Бино ба иттилои хабаргузории Irna, Ҳасани Руҳонӣ яке аз аввалинҳо шуда ба назди сандуқи раъй омад.
Раванди шумориши овозҳо нимашаб оғоз шуда, натиҷаҳо давоми 24 соати баъди баста шудани охирин ҳавзаи интихоботӣ эълом мешавад.
Бино ба иттилои расмӣ, барои раъйдиҳӣ 63 ҳазор ҳавза фаъол мешавад ва кори онро 70 ҳазор нафар назорат мекунад.
Агар дар интихобот касе 50 дарсади раъйро ба даст наорад, ду рақиби аслӣ дар даври дуввум, ки 26 май дар назар аст, рақобат хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |