Бахшҳо
22 май 2017 14:54Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Хадамот “Пайванд”-ро ҳам 10 ҳазор ҷарима баст...

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҷамъияти “ССП Пайванд”-ро, ки ба хизматрасонии терминалҳо машғул аст, 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Ин ниҳод далели ҷаримабандиро “пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ” гуфтааст. Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо барои қабули маблағ набояд фоиз гирифта шавад. “ССП Пайванд” 20 феврал унвонии Хадамоти зиддинҳисорӣ маълумот пешниҳод намудааст, ки ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо ба воситаи терминалҳои ҷамъияти мазкур аз муштариён фоиз намеситонад. Аммо хадамот мегӯяд, мушоҳидаҳо нишон дод, ки рӯзи 3 май ҳангоми пардохти маблағҳо ба тавозуни симкортҳои алоқаи мобилӣ тавассути “ССП Пайванд” дар шаҳри Душанбе аз маблағи умумии пардохтгардида 3 фоиз маблағ ситонида шудааст: “Тибқи мактуби пешниҳоднамудаи Шӯъбаи минтақавии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Бадахшон аз 4 майи соли 2017, №50 бармеояд, ки аз ҷониби терминалҳои ҶДММ “ССП Пайванд” дар ҳудуди вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ҳангоми пардохти маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо то ҳол аз муштариён фоиз ситонида мешавад”.

Хадамот афзуд, тибқи моддаи 553-и Кодеқси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне барои пешниҳоди маълумоти носаҳе, 11 май нисбати “ССП Пайванд” ҷарима дар ҳаҷми дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10000,0 сомонӣ) таъйин гардид. Ба иттилои ин ниҳод, бар асоси талаботи моддаи 38 қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолқунандагон” нисбати “ССП Пайванд” амрнома ҷиҳати хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолқунандагон содир гардидааст.

Аз ин пештар Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо ҳамин ҷурм ҷамъияти “Пардохт”-ро ҳам 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Ҳафтаи сипаришуда хабаргузории "Озодагон" баъди шикояти муштариён дар мавриди пулситониҳои "Пайванд"хабар нашр карда буд.
Идомаи “фоиз”-гирӣ: "Пардохт" ҷарима шуд, "Пайванд" чӣ? (АКС)

Мӯҳр
РРР
Леваканд ҳам фоиз меситонад. Дируз дар назди Сирк маблағ гузаронидам, 3% онро ба ҳисоби худ гирифт

TjK
TERMINAL DORO YAZANATONAT OXI BE FOIZ KOR MEKNAN

Гост
Ширкати пардохти фаври (qiwi) хам терминалхояш фоиз гирифта истодааст чаро ин ширкатро чарима намекунанд е онхо чияни кадам корманди зидиинхисориянд аз кормандони озодагон хохиш менамоем ки масъалаи фоиз ситонидани ширкати kiwi ро нашр намоянд


Дар Ҷазира ҳам 3% мегирад ҳамин ширкати "Пайванд"!

чими
чаро киви то хол фоиз гирифтаистодаасту лекин чарима намекунанд ширкати киви дар махалаи 92 юм аз 10с 0.30 дирам гирифта истодааст

чими
дар шахри вахдат ман ба телефони худ 5 сосон гузоштам ба телефоеи ман смс омад (Ваш баланс пополнен на сумму 4.85 TJS. Баланс 4.85 TJS. Способ оплаты: Безналичный-PS Pardokhti Favri. ) пардохти фаври ин qiwi мебошад чаро то хол чарима намекунанд кормандони зиди инхисори ое даринчо тагабози шуда истодааст[

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)