Бахшҳо
22 май 2017 16:28Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷузъи калидии баррасии суҳбати вижа доир ба самти башардӯстонаи лоиҳаи Як Ҳалқа ва Як Роҳ буд”

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз Ҳамоиши сатҳи баланди иқтисодии “Як Камарбанд – Як Ҷодда” барои Ҳамкориҳои Байналмилалӣ (Роҳи Абрешими Ҷадид), ки дар шаҳри Бейҷинги Ҷумҳурии Мардуми Чин бо ҳузури як қатор раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва раҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ баргузор гардид, бо як силсила дастовардҳо ва нақшаҳои муфид баргашт.

Ҳамоиши мазкур дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони 18 давлат, Дабири кулли СММ Антонио Гутйерреш, мудири Бунёди байналмилалии асъор Кристин Лагард, раиси Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким ва дигар мақомоти сатҳи аввали ҷаҳониро гирди ҳам овард.

Бар иловаи ҳайъати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барномаҳои ин ҳамоиш намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон - раиси Ҷамъият Саид Қурбонов ва мудири шӯъбаи мудирияти ҳолоти изтирорӣ Шӯҳрат Сангов иштирок карданд. Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро ба кори Ҳамоиш Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин бо ҳадафи иштирок дар барномаҳои вижаи марбут ба фаъолиятҳои башардӯстона, ки дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи бузурги кишвари ҳамсоя тарҳрезӣ мешаванд, даъват кард.

ҶҲАТ дар рафти сафар бо як силсила дидорҳои баландпоя баргузор намуд ва дар баррасии санадҳои муҳими соҳавӣ фаъолона иштирок кард. Дар мулоқот бо раиси Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷаноби Elhadj As Sy масъалаҳои ҳамкорӣ бо дафтари намояндагии ин федератсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибониҳои он аз барномаҳои ҶҲАТ баррасӣ шуданд. Дар ин дидор намояндагони ҶҲАТ ба раиси Федератсия аз дастгириҳои тӯлонии барномаҳои ҶҲАТ изҳори сипос кардаанд ва Федератсияи шарики муҳим ва стратегии ҶҲАТ дар фаъолиятҳои башардӯстона дониста, нақши онро дар расонидани ёрӣ ба ниёзмандон дар Тоҷикистон стратегӣ ва муҳим номиданд. Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҳамчунин, умедворӣ кардааст, ки Федератсия фаъолияти худро дар кишвар идома дода, самтҳои корашро густариш мебахшад.

Дар рафти Ҳамоиш, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷузви калидии баррасии суҳбати вижа доир ба самти башардӯстонаи лоиҳаи Як Ҳалқа ва Як Роҳ буд. Ин самт, ки исми феълияш “Аз одам то ба одам” мебошад, фаъолиятҳои башардӯстонаи кишварҳои шомили лоиҳаро тақвият хоҳад бахшид, то мардумони ниёзманд низ аз меваи натиҷаҳои иқтисодии лоиҳа бебаҳра намонанд. Шӯҳрат Сангов, мудири шӯъбаи мудирияти ҳолоти изтирории ҶҲАТ, ки дар рафти баррасии ин мавзӯъ иштирок дошт, гуфт: “Шиори ин чорабинӣ “Қалбҳои Яксон, Манфиати Ҳама” буд. Як даъват ҳам баррасӣ ва қабул гардид, ки дар он муҳим будани ҳифзи муҳити зист, саломатии инсонҳо, рушди зеҳнии инсонҳо, ва амнияти мардумон таъкид гардид”.

Бино бар гуфтаи Шӯҳрат Сангов, ҳайъати Ҷамъият бо раиси Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин ва муовини ӯ, ки ҳамзамон, дабири кулли Ҷамъияташон мебошад, дидор кард. Салиби Сурхи Чин аз тозатарин ҳамкорҳои ҶҲАТ буда, аллакай дар феҳраси дӯстони Ҷамъият мавқеъи сазовор ва арзандаи худро паёдо кардааст ва барномаҳои мухталиферо дастгирӣ мекунад. Дар ин мулоқот ҳамкориҳо дар смти ҳолатҳои изтирорӣ ва тақвияти тавоноии ҶҲАТ баррасӣ шудааст. Ҷаноби Сангов мегӯяд: “Тасмим гирифта шуд, то ба зудӣ ҳайъати ҶССЧ ба Тоҷикистон биояд ва бо самтҳои нави фаъолияти ҶҲАТ шинос гардад. Ин як сафари баҳогузории вазъи феълӣ ва барномаҳои ояндаи наздики Ҷамъияти мо мебошад. Пас аз ин сафар дурнамои ҳамкориҳо барои се соли наздиктарин муайян ва тарҳрезӣ хоҳанд гардид. Дар ҳамин баробар, тавофуқ ҳосил кардем, ки Ҷамъияти Салиби Сурхи Чин ёриҳои моддии худро идома медиҳад”.

Намояндагони ҶҲАТ мегӯянд, даъвати ҳайъати он ба чунин ҳамоиши сатҳи аввали ҷаҳонӣ гувоҳи афзоиши нақши ҶҲАТ дар арсаи минтақавӣ буда, ҳамин гуна, тақвияти ин нақш яке аз самтҳои бартари сиёсати стратегии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмри Тоҷикистон хоҳад буд.
Мӯҳр
Ofarin janobi Shuhrat Sangov hakikatan kadri bakuvvat ast....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)