Интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” рӯзи гузашта (18-уми декабр) бо пирӯзии намояндаи ҲХДТ анҷом пазируфт.
Тибқи иттилои Абдулло Холиқов,
райиси ҳавзаи интихоботии “Шоҳмансур” Сӯҳроб Шарипов, номзад аз ҳизби ҳоким, директори маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо гирифтани беш аз 78 дарсади райъи интихобкунандагон вакили МН интихоб гардид. Ба қавли ӯ, рақибони Шарипов бо натиҷаи зерин ноил шудаанд: номзад аз ҲСДТ Абдуҳалим Ғаффоров- 5,97%, Абдуқаҳҳор Турсунов, проректори ДТТ- 5,68% ва намояндаи ҲИИТ Суҳроб Оймаҳмадов-6,11 фойиз.
Манбаъ афзуд, иштироки интихобкунандагон муодили 88 дарсад буда, дар ҳамаи 49 участкаи интихоботӣ раъйдиҳӣ муташаккилона сурат гирифт.
Ёдрас менамоем, интихоботи мазкур пас аз даргузашти вакили МН Сафаралӣ Раҷабов баргузор шуда, барандаи ин сабқат курсии депутатии холишударо ишғол хоҳад кард.
Мӯҳр