Талошҳои ИМА ва Кувейт барои ҳалли бӯҳрони Қатар
Вазири корҳои хориҷии Қатар шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон ал-Танӣ гуфт, Кувейт изҳор доштааст, ки барои ҳалли бӯҳрони дипломатии байни кишварҳои арабӣ ва Қатар нақши миёнаравро бозад. Ин пешниҳодро мақоомоти ИМА низ эълом доштаанд.
Иёлоти Муттаҳида ва Кувейт талош доранд, бӯҳронеро бартараф кунанд, ки дар равобити байни Қатар ва чанд кишвари арабӣ ба миён омадааст. Ба камияш ҳафт кишвари арабӣ Қатарро ба пуштибонӣ аз тундгароӣ ва наздикӣ бо Эрон айбдор карданд ва ҳамаи пайвандҳои худро бо ин кишвари Халиҷи Форс гусастанд.
Раҳбари идораи умури хориҷии Қатар аз ин талошҳо истиқбол кард ва «гуфтушуниди ошкору дуруст»-ро роҳи ҳалли мушкил номид. Вай ваъда кард, ки ин рӯёрӯӣ ба равобити Қатар ва ИМА таъсир нахоҳад дошт. Дар ин кишвари хурди Халиҷи Форс пойгоҳи бузурги ҳарбии Амрико мавҷуд аст.
Саудия, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Молдив, мақомоти расмии Яман ва ҳукумати муваққати Ливия Қатарро ба пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ва наздикӣ бо Эрон айбдор ва дар ин замина ҳама гуна робитаро бо он қатъ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |