Расонаҳо: Ҳамлаварони бинои парлумони Эрон бо арабӣ суҳбат мекунанд

Бахши форсии телевизиони “ВВС” теъдоди кушташудаҳо дар пайи ду ҳамла дар Теҳронро 12 нафар мегӯяд. Ин телевизион, ки ба таври зинда дар бораи ҳодисаҳои пойтахти Эрон суҳбат мекунад, хабар дод, ҳамлаварон бо либоси занона вориди бинои парлумон шудаанд. Ба иттилои расида, як муҳоҷим худро дохили сохтмони идории маҷлис мунфаҷир кардааст. Қаблан, гуфта шуд, як ҳамлавар дар оромгоҳи Хумайнӣ худро таркондааст.
Пештар пойгоҳи хабарии "Тасним"-и Эрон аз ҳалокати 7 нафар ва захмӣ шудани 10 кас дар пайи тирандозӣ дар бинои парлумони Эрон хабар дода буд. Ба навиштаи ин расона, ҳамлаварон ҳамчунин 4 нафарро гаравгон гирифтаанд.
Масъулияти ҳамла ба бинои парлумон ва оромгоҳи Хумайниро гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” бар душ гирифт. Пойгоҳҳои марбут ба ин гуруҳ ҳатто видеоеро ҳам нашр карданд, ки гуфта мешавад дар дохили парлумон сабт шудааст. Дар ин навор бо забони арабӣ суҳбат мешавад. “Оё фикр мекунед, ки мо аз инҷо хоҳем рафт? Бо изни Худо инҷо мемонем”,-фарёд мезананд ҳамлаварон. Хабарнигори бахши форсии телевизиони ББС дар Қоҳира тахмин мезанад, гӯянда арабзабон нест, ҳарчанд бо арабӣ хуб суҳбат мекунад.
Ба иттилои хабаргузории "Форс", ҳоло неруҳои амниятӣ ду ҳамлаварро дар бинои парлумон дар муҳосира қарор додаанд. Қаблан, хабаргузории “Тасним” хабар дод, ки дастикам се ҳамлагар дар дохили роҳрави бинои парлумон ба тирпарронӣ оғоз кардаанд. Ин расона дар саҳифаи “Твиттер”-аш навишт, дар пайи ин ҳодиса ду нафар ҷароҳат бардоштааст. Хабаргузории Садо ва Симо гуфтааст, бо вуҷуди ҳодиса ҷаласаи парлумон идома кардааст. Пойгоҳи хабарии “Форс” пештар аз қавли Акбар Ранҷбарзода, узви ҳайати раиси маҷли шӯрои исломӣ навишт, чаҳор афроди ношинос аз дари шимоли маҷлис вориди бинои парлумон шуда, ҷониби муҳофизин тирандозӣ кардаанд. “Аз намояндаҳо касе маҷруҳ нашудааст, корашонро идома хоҳанд дод”,-гуфтааст Ранҷбарзода.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз як таркиш дар оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон хабар додаанд. Мудири равобити умури ҳарами Оятуллоҳ Хумайнӣ ба “Форс” гуфтааст, яке аз ҳамлаварон баъди шиллики ду тир худро мунфаҷир кард. Ҳамлавари дувум аз тири кормандони мақомоти интизомӣ кушта шудааст. Нафари сеюмро, ки зан будааст, боздошт кардаанд. Бархе расонаҳо навиштаанд, ки онҳо дар даст автомати Калашников доштаанд.
Аксҳо аз расонаҳои эронӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |