Бахшҳо

Идомаи ҷамъоварии пули таъмири мактаб баъди қарори ҳукумат

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳама гуна ҷамъоварии маблағро барои таъмири бинои боғчаву мактабҳо манъ намуд.

Тибқи иттилои шаҳрдории Хуҷанд, Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳр изҳор доштааст, ки аз ин ба баъд, барои таъмири бинои муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла боғчаву мактабҳо, аз буҷаи шаҳр маблағ ҷудо карда мешавад.

Манбаъ афзуд, ки дар маъмурияти шаҳр бо директорони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна вохўрӣ сурат гирифта, зикр гардидааст, ки «ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими мактабу муассисаҳои томактабӣ ба пуррагӣ манъ карда шуд».

Манъи ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими бинои боғчаву мактабҳо дар ҳолест, ки бархе аз волидайн аллакай барои он маблағи заруриро супоридаанд. Бархеи дигар ҳанўз ҳам аз ҷамъоварии маблағ барои таъмири бинои боғчаҳо нигаронӣ доранд, ки «гўиё бархе аз боғчаҳои шаҳри Хуҷанд аз 35 то 150 сомонӣ маблағ ҷамъ менамоянд».
Мӯҳр
Мо барои таъмири мактаб 40 сомони супоридем ( мактаби 81- Ш. Душанбе), аммо муаллимон худро ба карию кури андохта, пули моро барнагардониданд.

хатлони
Ин кор дар хатлони мо кай сар мешидабошад

Чаро дар хатлони мо итари нестай

Пулро дода бошед аз пасаш нагардед.Шукр гуйд,ки бо талаб накунанд!

беном
Дар мактаби №2 ноияи шохмансури шахри Душанбе аз хар хонанда 30 сомони маблаг чам кадан барои таъмири мактаб
хозир мегуянд агар касе пурсад гуед хеч кас пул чамъ накардааст

Салом ОЗОДАГОН! аз кулли кормандони шумо миннатдорам,ки чунин мавзуи рузро матраx намудед... дуxтарчаам синфи 7 меxонад дигараш синфи як муаллимаxояшон девона кардан аз сум гуфтани бисера xaтто мачлис кардан гуфтан 35 сомони барои ремонти мактаб гуфтем сумчамкуни мань шудааст ба мо гуфт мо ай кисаи xдмон бкнем брен биерен краскаву дигар чизои ре.монта сум ки наметен брен бxaрен... xуласи гап синфи якаяи инаш аз ин бадтарай суми бур суми оxрана суми фарош дарс доданашон дар ягончову пул гуфтанашон зиед... аз чумла мактаби раками 72-и ноxи

НОМДОР
Ман барои фарзанонам, ки ар мактаби №8 шахри Душанбе тахсил мекунанд, 50-сомони, чамъ 100-сомон супоридам. Баъи он, ки карори Раси шахри Душанбе содир шуд ва гуфта шуд, ки мабалагхо баргаронида мешаванд, хурсанд шуда мурочиат кардем, аммо муаллима пеши муовини директор равон мекунад, муовин пеши хазинадор, хазинадор дараш махкам ва боз сад саргарони..... ар хамин рузхои гарми тобистон барои сад сомон овора шуда гаштам, кариб ки офтобам за. БАЪД аз бахри 100-сомон гузаштаму ХАСТА шуда хона рафтам. Шояд мегуе, ки чаро супориед магар акл наоштед? О фарзандонамро аз гуфтана девона карданд, ки чаро дигарон пули ремонт овардану ШУМО намеоред. хар шаб гиря мекарданд, ки агар пули ремонт набиёред ар пеши хамсинфон моро беобру мекунанд.. ана шакли пул чамъкуни, дар пеши хамсинфон тахкир кардан ки пулро намеоред. Ана таълиму тарбия ар мактаб.......... Имсол акнун дер шуд, лакай хама мактабхо пулро гундоштанд.... шояд соли ояна гара насиб бошад, дигар талаб накунанд. Лекин тарсам аз он аст, ки пулхоро грифта ар киса мезананду ремонт намекунанд ва мешинан, ки кай аз буча пул чудо мешавад то ремонт кунанд.... Равваду чудо нашвад бо ягон сабаб..... ана ёбу гир.... БАЪД ин ки хамин мактаби 8-ро се сол пеш ба истифода доданд, аммо аз хамон соли аввал хар сол барои ремнт пул чамъ мекарданду мекунан....

Мо ҳам барои фарзандон барои таъмири мактаб 50 сомонӣ супурдем (литсейи 55 ш.Душанбе). Аҷобати кор дар он аст, ки дар ин литсей пас аз қарори Вазорати маориф дар бораи пул ҷам накардан, ба маблағҷамкунӣ пардохтан.
Ба таваҷҷӯҳи Агентии зиддифасод: дар ин литсей беш аз 1400 талаба мехонад. Агар ҳар яке 50 сомонӣ супорад тахминан 70000 сомонӣ мешавад. Нигаред 1400×50=70000. Бигзор камтар ҳам бошад. Ин маблағи ҳангуфт куҷо мерафта бошад? Илова бар он, дар ин литсей овозае паҳн карданд, ки "касе пул надиҳад, бо ягон баҳона бачаашро аз мактаб даф мекунем!" Волидони бечора дигар чи кунанд? Рӯи хотири фарзанд боз бурда, пулро доданд. Умуман, дар таъмагарӣ ин литсей аз ҳад гузаштааст. Муаллимони синфҳои якум волидонро маҷбур кардаанд, ки дар охири сол барои меҳнаташон 100 то 150 сомонӣ ҷамъ кунанд. Базе волидон дақиқ пул ҷамъ карда додаанд. Мушкил дар он аст, ки ин маблағситониҳо бидуни хазина ва ҳуҷҷатгузорӣ сурат мегиранд. Вазорати молия як бор ин масъаларо таъқиб мекард, хеле хуб мешуд. Вагарна директорон худро шоҳу таъбашонро вазир кардаанд. Афсус!

Ман аллакай барои як фарзандам 50 сомони дода будам имруз 10 -уми июн боз барои фарзанди дуюмам 50 сомони талаб доранд (мактаби 54 ба номи устод Л. Шерали).

мусофир
о талабара кушта хурда нашавад.....хай ечгап не муалимам фахмидан даркор аст ...акнун барои 20- 30-сомони домани муалимонро гирифта гардем ...

Як муаллимаи синфи ибтидоии мактаби Душанбе аз волидони талабаҳояш талаб кардааст ӯро ба "ягон ҷо шашликхӯрӣ" баранд. Ин илова бар пуле, ки модарон ба ӯ додаанд.

58
Аз он ки ниходхо ва хатто мардум аз ичро ва мучозоти конунхо наметарсидаги шудаанд ин факт аст.Пули таъмири мактабро аксари кулли хонандагон супориданд ин чой дорад.Ба болои ин пули китобхои даридаги ки сол аз сол боло меравад илова кунен.Мардум хатто рози хастанд ки ба макотиб ери кунанд лекин ин асоси конуни бояд дошта бошад,мархамат конунгузорон бароранд конуна мо риоя мекунем.Хар сол дар ин бобат бахсу мунозирахои зиед ба чашм мерасад пас бигзор конунгузорхо е нафарони вобаста ба ичрои конунхо хастанд бигзор баромад карда ин масъаларо якбора хал намоянд.

Ҳеҷ имкон надорад, ки аз ин пулситониҳо Вазорати маориф, Вазорати молия ва дигар ниҳодҳои қудратӣ бехабар бошанд! Магар онҳо ин торнаморо намехонанд? Ҳеҷ хабаре ба гӯши онҳо нарасидааст? Албата, ки медонанд ва шунидаанд. Вале боз ҳам худро ба кариву кӯрӣ меандозанд. Аз ин бармеояд, ин пулситониҳо чашмаи азимест, ки бисёриҳо аз он об мехӯранд! Тасаввур кунед, дар худи як литсеи 55 Душанбе қариб 70 ҳазор сомонӣ "пули ремонт" ҷамъ мешавад. Акнун ҳисоб кунед, ки дар Душанбе чанд мактаб аст ва дар маҷмӯъ чи қадар маблағ ҷамъ мешавад? Гап сари сад ҳазору дусад ҳазор не, балки сари миллионҳо сомонӣ меравад, ки ин маблағ байни директорони макотиб ва Вазорати маориф "ҳаллу фасл" мешавад. Шояд касони дигар ҳам манфиат дошта бошанд, ки ҳама ҳабби хомӯшӣ ба даҳон гирифтаанд! Куҷоӣ, Рустами Дастон, ки ин фасодкоронро аз макашон дорӣ?!

Тасаввур кунед кудак аз хурдиаш бо системаи фасодзадаи Точикистон тавъам мешавад. Психологияааш дар давоми 11 сол чи гуна мешавад?! Баъд мо хайрон мешавем чаро донишчуен аксарият намехонанд?! Мехоханд бо рохи осон имтихони худро супоранд, хатто онхое ки минбаъд хизматчии давлати мешаванд, онхо низ аксаран чузъи системаи фасод мешаванд. Вазъ тагйир намеебад. Кудак аз хурди психологически одат мекунад ба хамин система

Ромиш,
Гапатон сад фоиз дуруст аст! Ба ин мардум "китоб хон" гӯӣ, зуд касал мешавад. Дар мактаб, ки дуруст намехонанд, директорону муаллимони фасодкор аз ин гуна талабагони бесавод истифода мебаранд. Онҳоро гови ҷӯшо барин меҷӯшанд. Як директор гуфта будааст, ки "ҳеч кас ҳамтуякак баҳо намегирад! Хизмат кардан даркор!". Ин гуна талабаҳо рӯзе ба донишгоҳҳо рафта, боз онҷо манбаи муаллимони фасодкор мешаванд. Рӯзе худашон сари вазифа ё коре омада, он фасодкориро авҷ медиҳанд. Ва ғайра....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)