Милиса: Ҷавон ҳамсарашро кушту гуфт, худкушӣ кард
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 28-сола, сокини шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки дар қатли ҳамсараш гунаҳкор мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки муттаҳам 26-уми феврали соли 2017, тахминан соати 11.00 дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари 24-сола, сокини Кӯлоб ҷанҷол карда, бо роҳи буғӣ кардан, ҷавонзанро ба ҳалокат расонидааст: “Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудааш изҳор доштааст, ки ҳамсараш даст ба худкушӣ задааст ва ҷасади ӯро дафн намудааст”.
ВКД афзуд, ташхис нишон дод, ки сабаби марги зани ҷабрдида фишурда шудани узвҳои гардан ва шикастани шохаи чапи устухони зери забон мебошад: “Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |