Бахшҳо
12 июн 2017 15:24Ҳуқуқи инсон

Сабаби шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ: Шабакаҳои иҷтимоӣ ё шуури паст?

Додгоҳи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо ҷурми таблиғи гурўҳи тундгарои “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар шабакаҳои иҷтимои 12 октябри соли 2016 нисбати Зоҳир Усмонов ҳукм қабул намуд. Усмонов, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷамоати деҳоти Ховалинг мебошад. Зоҳир Усмонов, санаи таваллудаш 8 феврали соли 1985 сокини ноҳияи Ховалинг моҳи июни соли 2015 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш дар шаҳри Челябински Федератсияи Русия тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бо аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” суҳбат кардааст.


Табарзода Изатулло, раиси додгоҳи минтақаи Кўлоб дар моҳи январ зимни нишасти хабариаш гуфт, Усмонов бо Абдуллоев А. Шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷайҳуни ҷамоати деҳоти шаҳраки Дўстӣ дар тамос шуда, сабту видеоҳои аъзоҳои ташкилоти экстремистиро тамошо кардааст. Зоҳир Усмонов баъди тамошо намудани наворҳои видеоӣ бо даъвати Абдуллоев ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” шомил гардидааст.

“Зоҳир Усмонов ҳангоми пайравӣ кардан аз ин гурўҳи тундгаро хостааст, ки бо мақсади иштирок дар задухурдҳои ҷангии ташкилотҳои экстремистӣ дар ҷумҳурии Сурия ширкат намояд. Ва бо истифода аз шабакаи интернет нусхаи шиносномаи худро ба сомонаи Абдуллоев ворид намудааст. Баъди нусхаи шиносномаашро тариқи интернет равон намудан, аз онҳо хоҳиш карда аст, ки барои харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймо барои сафар ба ҷумҳурии арабии Сурия ба вай маблағ равон намоянд. Дар ин давра шахси номаълум тавассути ҳавопаймои хатсайри Маскав-Истанбул чиптаро ба ӯ ирсол намудааст”,-гуфт Изатулло Табарзода.

Ин масъули додгоҳ тазаккур дод, ки Зоҳир Усмонов баъди ин ҳама кушишҳо бо рақами телефони шахси номаълум бо номи Абусаид занг задааст, ки дар шаҳри Истанбули Турикия қарор доштааст ва вазифааш танҳо шаҳрвандонро интиқол додан ба давлатҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ будааст. Ӯ пас аз дастрас намудани чиптаи ҳавопаймо, тибқи маслиҳати кардааш тавассути фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуда дар онҷо бо Абусаид ном шахси номаълум вохӯрда, бо кумаки ӯ соли 2015 вориди Ҷумҳурии Сурия шудааст. Дар онҷо ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ҳамроҳ гардидааст. Зоҳир Усмонов бо худ як адад яроқи оташфишони автомати “Калашников”-ро гирифта, то охири моҳи август дар шаҳри Маскари Сурия машқҳои ҷангиро омўхтааст. Пас аз худ, намудани машқҳои ҷангӣ моҳи сентябр барои ҷиҳод намудан ва ҷангидан бар зидди низомиёни ҷумҳурии Сурия ба шаҳри Сатфагор рафтааст. Дар ин шаҳр бо 12 нафар аз муҷоҳидон ҳамроҳ мешавад ва бо худ яроқи оташфишони “Калашников” ва 4 адад тирдон пур аз тир, 2 адад норинҷаки дастӣ гирифта, муқобили низомиёни Сурия ҷангида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Баъди ҷароҳати ҷисмонӣ ўро аз ҷониби роҳбарони ташкилот вазифаи кашонидани хўрока ба муҷоҳидон дода мешавад. Анборҳои ташкилоти мазкур дар пайи зарбаи ҳавоии неруҳои Русия хароб мешавад. Усмонов бо мақсади гурехтан аз сафи ташкилоти террористӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пирназаров, сокини ноҳияи Рўдакӣ, ки аъзои ташкилоти мазкур мебошад, маслиҳат намуда, яроқҳои дар даст доштаи худро партофтааст. Баъди ин ҳама задухурдҳои мусаллаҳона Зоҳир Усмонов 3 январи соли 2016 ҳангоми убур намудани сарҳади Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби сарҳадбонони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардидааст.

Коршиносон бар он назаранд, ки бештари онҳое ки ба гурўҳи “Давлати исломӣ” мепайванданд ё ин гурўҳро таблиғ мекунанд, хату савод надоранд. Зоҳир Усмонов баъди хатми мактаби миёна бо мақсади дохил шудан ба омўзишгоҳи ҳарбии шаҳри Челябински Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳояшро гирифта ба онҷо меравад, ки дар онҷо дохил шуда наметавонад. Ҳамин тариқ аз соли 2003 то соли 2015 дар шаҳри Челябинск ба корҳои сохтмонӣ машғул мешавад. Соли 2010 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати волидонаш омада, соли 2005 ба шаҳрванди Русия Елена Александровна соли таваллудаш 1989 шинос шуда, соли 2006 бо ў хонадор мешавад. Зоҳир Усмонов моҳи декабри соли 2014 бо Абдуллоев А. тариқи шабакаи интернетии “ватсап” давоми ду моҳ гуфтугӯ мекунад. Абдуллоев дар куҷо будани ўро пурсон мешавад. Усмонов мегўяд, ки ба корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Челябинск машғул аст. Абдуллоев А. қайд кардааст, ки дар давлати Сурия қарор дошта ба таблиғи ташкилоти террористи “Давлати исломӣ” шурӯъ карда ба ў гуфтааст, ки дар ин ҷо ҳама аз рўи қобилияти доштааш фаъолият мекунад. Зиндагӣ дар ин ҷо хуб аст, ягон камбудӣ нест. Абдуллоев расмҳои худро тариқи “Ватсап” ба Усмонов равон намуда, қайд кардааст, ки омада дар инҷо ба сафи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” шомил шавад. Ва агар ҳалок шавӣ шаҳид мешавӣ. Ҳамин тариқ Зоҳир Усмонов ақидаҳои Абдуллоевро дастгирӣ карда ба сафи гурўҳи террористи “Давлати исломӣ” шомил гардидааст.

Омўзгори сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб Шорухи Саидҷафар мегўяд, яке аз омилҳое, ки ҷавонон ба гурўҳои ифротӣ шомил мешаванд, ин коста шудан ва сатҳи пасти шуури онҳо мебошад. “Имрўз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари терроризм боз кибертероризм, терроризми технологӣ амал мекунад, ки ба воситаи технологияи иттилоотӣ ҳолатҳои террористӣ тарафдорони худро ба воситаи он ҷалб менамоянд. Сабабҳои асосие, ки бештари ҷавонон ба гурўҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, ин шуури пасти онҳо аст”,- гуфт сиёсатшинос.

Маҳкум ба зиндон шудани баъзе сокинони Тоҷикистон дар иртибот ба ифротгароӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2016 “Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва экстремизм”-ро барои панҷ соли оянда қабул кард. Бар асоси ин дурнамо, ки аз ҷониби Додситони кулл ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон таҳия шудааст, дар кишвар бояд Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм, таъсис ёбад. Ҳоло дар тамоми Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ рўйи кор гирифта шудааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Сентябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)