Парлумон рӯзи интихоботи президентии Қирғизистонро дақиқ кард

Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон розӣ шуд, то интихоботи президентӣ дар ин кишвар 15 октябри соли 2017 баргузор шавад.
Вакилони парлумон дар ҷаласаи имрӯз, 14 июн аз қарори марбута ҷонибдорӣ карданд. Бар пояи ин қарор Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бояд заминаҳо барои як интихоботи озоду шаффофро тибқи қонунгузории Қирғизистон муҳайё созад.
Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дар гузашта дар суханрониҳояш борҳо эълон кард, ки дигар муддаии курсии президентӣ намешавад. Аз ҷумла моҳи декабри соли 2015 дар нишасти матбуотии солонааш изҳор дошта буд, баъди анҷоми ваколати президентиаш комилан аз сиёсат меравад ва дигарбора на танҳо президент, балки сарвазир ва ҳатто раиси парлумон ҳам шуданӣ нест. Ӯ гуфта буд, набояд аз ҳар чизе барои худ сипар сохт, ҳатто аз Қонуни Асосӣ: “Президент бояд бидонад, ки ин як таваккалкории бузург аст. Агар чунин бозиҳо идома пайдо кунанд, ман маҷбурам ба мардум муроҷеъ шавам”.
Ба қавли Отамбоев талошҳо барои боқӣ мондан дар қудрат ва масдуд кардани роҳҳои сиёсӣ билохира ба “қушқорҷанг” оварда мерасонад.
Моҳи феврали соли равон бошад, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Euronews” Отамбоев гуфт, президенти ояндаи ин кишварро на Маскав ва на Вашингтон, балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Ӯ сару садозоеро, ки Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек номзади хостаи Кремлро ба президентии Қирғизистон муайян хоҳад кард, рад намудааст: “Ин сафсатаи сиёсатмадорҳоест, ки Қирғизистонро ба ҳолати пойбандӣ расонда буданд, аммо имрӯз кишвар тамоман дигар аст. Қирғизистон аз ҳамаи ҳамсояҳо вобаста буд, онҳо кай, ки мехостанд интиқоли газу барқро қатъ мекарданд, марзҳоро мебастанд. Аммо имрӯз Қирғизистон дигар аст. Президентро на Маскаву на Вашингтон балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Бовар кунед ин кишвару ин мардум дигар аст. Мо масоили худро худамон ҳал мекунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |