Бахшҳо

Умед Ҷайҳонӣ: Тоҷикҳо "отчество" надоранд

Отчество ҳамон номи падар нест. Отчество дар забони русӣ ва дигар забонҳои словӣ нисбаест ки аз номи падар ва пасванди нисбати -ович/-евич ва -овна/-евна сохта мешавад.

Чунин пасванде дар забони порсии миёна доштаем ки ҳамон -он/-кон/-гон буда ва дар номҳое чун Адашери Бобакон дида мешавад. Ончи дар санадҳои шиносоии расмии Тоҷикистон «номи падар» аст, отчество нест. Танҳо номи падар аст ки бояд бе ҳеч пасванде навишта шавад. Масалан, ному номи хонаводагии устод Айнӣ Садриддин Саидмуродзода буд, ки Саидмуродзода дар он номи хонаводагӣ аст. Айнӣ тахаллуси адабӣ буд, ки барои фарзандони ӯ ва фарзандони онҳо номи хонаводагӣ шуд. Вале номи падари устод Айнӣ Саидмурод буд, на Саидмуродзода. Фарзандашон Камол Айнӣ қоъидатан бояд Камолиддин Саидмуродзода фарзанди Садриддин ном медошт, вале шуравӣ ӯро русиёна Камолиддин Садриддинович Айнӣ номнависӣ кард. Номи падари вай "Садриддинович" набуд, балки ҳамон "Садриддин" буд. Аз ин рӯ, агар пасванде ба номи падар часпонда шавад, он дигар "номи падар" нест, балки таркибе аз номи падар ва пасванди нисбат аст, ки русҳо онро "отчество" меноманд, вале мо барои номиданаш истилоҳ надорем.

Агар бихоҳем баробаре барои "отчество" дар забони худамон дошта бошем, шояд бишавад онро "пидном" гуфт (аз пид ‘падар’ + ном). Аммо номи хонаводагӣ бояд пасванди нисбате дошта бошад. Ин ки дар Тоҷикистон чанд пасвандеро расмӣ кардаанд ва -ниё, -ванд ва чанде дигарро напазируфтаанд, дуруст нест. Муҳим яксонӣ нест (инҷо ҳам аз русҳо кӯр-кӯрона тақлид кардаанд), балки созманд ва сомонманд будани номгузорӣ аст. Номи ҳар касе дар санадҳои шиносоии расмӣ бояд ин се додаро дошта бошад: номи хонаводагияш, номи худаш ва номи падараш. Дар ҳама санадҳо ва ба ҳама забонҳо ин се дода бояд ба як тартиб навишта шаванд, на пасопеш.

"Номи хонаводагӣ" ҳам таркибе дурушту ногувор аст ва бояд истилоҳе суфтаву равону кӯтоҳ барояш сохт. Агар масалан «пидном»-ро намуна бигирем, шояд бишавад барои "номи хонаводагӣ" ҳам "ниёном" ё "дуданом" ва ё вожае дигар бо -ном сохт.


Бознашр аз Фейсбук
Мӯҳр
Пас точ,икх,о "валадзиноянд", агар отчество надошта бошанд, аз к,авли киёбузург Умеди Ч,унуни.

Ҳоҷӣ
Бобо, ин қадар доногӣ накунед, дар русӣ -ич танҳо ба номи падар ҳамроҳ мешавад ва барои ҳамин онро дар тоҷики ҳам ҳамин тавр истифода бурдаанд. Ин то замоне.ки шумоён "навфарҳангон" пайдо шудед, ҳамин тавр буд.Намедонам номи падари шумо чист, вале агар Сергей мешуд. ҳатман дар паспортатон чунин менавиштанд:Умед Сергеевич Ҷайҳонӣ ва ё агар фомилияаатон Узбеков мебуд, он гоҳ менавиштанд: Умед Сергеевич Ӯзбеков. так что, ич-ҳам дар урси ва ҳам дар тоҷики танҳо ба номи падар ҳамроҳ шуда ва ҳамин маъноро аҳм,ки падари шумо фалони аст (маслан Сергей) ифода мекунад

мехмон
Биё додар доноги накун! Оё ту забону адабиёти русро медони? Мукоиса кун ,, шохзода" --- ,, царевич" ! Отчество ин фарзанди ки будан ё номи падарро муайян мекунад . Камолиддин Садриддинзода----- Камолиддин Садриддинович дуруст аст!
,,Ович" - и руси ,, зода"- и точики мебошад! ,,Отчество" хам аз калимаи ,,отец" гирифта шудааст.

Тох,ир, номи падар як ном аст ва пасванду пешванд надорад. Отчество номест ки аз номи падар ва пасванд сохта мешавад. Масалан, агар рустабор мебудиву фарзанде медоштӣ, аз Тоҳир + -ович / -овна отчество месохтанд, ки барои писаронат Тоҳирович ва барои духтарона Тоҳировна мешуд. Тоҳир ва Тоҳирович / Тоҳировна як ном нестанд. Отчество ё патро́ним ҳамон номи падар нест. Агар дар ин бора донише надорӣ, беҳтар аст забонатро аз носазо нигаҳ дорӣ то кӯтоҳаш накунам.

Ҳоҷӣ, русҳо барои сохтани отчество пасвандҳои -ович/-овна, -евич/-евна: -ич/-ична ро ба номи падар часпонанд. Сергеевич ном нест, отчество аст. Дар мавзуъе ки ҷузъиёташро намедонед, беҳтар аст назар надиҳед. Агар ҳам назаре додед, кӯшиш кунед бо далелу бурҳон дидгоҳатонро бигӯед.
Агар воқеъан ҳоҷӣ ҳастед, одоби ҳоҷиро ҳам нигаҳ доред, вагарна "хари Исо гараш ба Макка баранд, чун биёяд ҳануз хар бошад".

1
Агар мо точикон ду марди фарзона дошта бошем, якеаш киё Умед хастанд, агар як марди фарзона бошем, барои ман боз киё Умед хастанд.
Албатта, манзури инчониб дар пешаи худи киё Умед мебошад.
Шабакахои ичтимои ва расонахои мо минбаре барои почакандахову алафмизочхо шудааст, ки ба фарзонагони миллат дармеафтанду дигархо тамошобин мешаванд.
Зихи киё Умед, зихи!

ҳоҷи
Умед Ҷайҳонӣ,
Бародар Умед!Бори дигар мегуям.ки масъалагузории шумо худаш ғалат аст. Яъне пасвандҳои номбаршудаи -ович ва -овна ТАНҲО БА НОМИ ПАДАР пайваста мешавад.Магар барои ҳаминро фаҳмидан аллома будан шарт бошад? Дар мавриди ҳоҷигӣ. Воқеан ҳам адои фарзи ҳаҷ кардаам, аммо он.ки ин ҳаҷ қабул шуд ё на, на ман ва на шумою каси дигаре ба ҷуз худованд намедонем. Вале новобаста ба он калимоте.ки шумо мехоҳед нисбати ман истифода баред, аз даргоҳи Оллоҳтаъоло дар ин моҳи Шарифи Памазон умедворам. Зеро ноумед танҳо Шайтон ва аст!

Точик
Инчо кайд кардан лозим аст, ки номи падар ё хонавода бояд аз ном фарк кунад, вагарна намедони номаш кадому исмаш кадом. Масалан Мирзо Турсунзода, зодаи Турсун, яхне писари Турсун, агар Мирзо Турсун гуем, намедони кадоме падару кадоме писар. Бояд дар охири иси зода, пур, зод ва хоказо пайванд бошад.

Устод
Тохиру Хочира боб карди нодонхоро!!

Аҳсан, Умед. Боз ин тавр ҳам мегӯянд: "Хар чӣ донад лаззати қанду набот. Тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ!" Ҳоло дигар барои худнамоишӣ ҳар як хасу хошок забондон шуда, назар медиҳад. Беҳтараш аробаатонро кашед!

мехмон
Умед Ҷайҳонӣ,
Оё медони ки русхо ,, женской род" ва ,, мужкой род " доранд ? Точикхо надоранд .
,, Пришёл" - мардхо мегуянд , ,, пришла" - занхо!! ,,Тохирович" мужской - род, ,,Тохировна" - женской род !!! Забони русиро омуз !!!

Devona
Ҳоҷӣ,
Ohir in навфарҳангон naboshand bo shumoho farhangu madaniyat harob shud digar. Charo mo boyad chi g..he,ki rusho mehurand bihurem?

мардон
Дуруст аст - дар мо хазорсолахо буд факат ном ва номи падар йо ки тахаллус - на ин ки аввал номи падар бад номи бобову ва баъд номи шахс!
хеле хандаовар аст ва шармандаги - номе мисли Хоркаши Табар
ин расму русуми славяни ва яхуди аст - на аз мо!

мехмон,
Маҳмадонои нимколасавод. Ҳоло ту ба Умед ақл ёд медиҳӣ? Авввал инки "женской род" не, балки "женский род". Русие, ки ту нисбаташ муҳаббат дорӣ ва ҳамонро ҳам дуруст намедонӣ, медонӣ чӣ мегӯянд?
"Форсӣ шакар аст. Арабӣ дарди сар (душвор) аст. Русӣ г-зи хар аст!" Лақабатро дуруст навис. "Мехмон" не, "Меҳмон". Аввал забони тоҷикиро ёд гир, баъд ба русӣ гузар.

мехмон, Ин"аробакаш" муд шуд ми Худро доною дигаронро аробакаш мегуед, фарханги муоширатро омузеду, аз мардуми гайр гила накунед.

Умед Ҷайҳонӣ,
Агар Шумо ин кадар бомаданият мешудед, Хочи ва Тохирро тахкир намекардед. Бубинед Хочи нисбати Шумо чи хел боадабона суханрони кард, баъд аз "хар" гуфтани ту.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)