Бахшҳо
14 июн 2017 15:34Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Донишманди тоҷик бо медали "Нобел" қадр шуд

Ҳаким Ғаюров, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои бо медали “Нобел” қадрдонӣ шудааст.

Аз ин донишгоҳ ба “Озодагон” гуфтанд, Ғаюров ин медалро барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз Академияи илмҳои табиатшиносии шаҳри Маскави Русия дарёфт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҳаким Ғаюров бо назардошти тадқиқоти илмӣ, ба нашр расонидани дастурҳои илмию методӣ, таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, ихтироот ва дигар дастовардҳо дар оғози соли хониши 2016-2017 бо унвони профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Русия мушарраф гардид. Манбаъ афзуд, инчунин “аз рўйи нишондоди таълифот, навовариҳо дар соҳаи маориф, ташаккул ва ташкили ихтисосҳои замонавӣ ба роҳ мондани раванди таълим бо назардошти технологияи муосир ӯ бо мукофоти байналмилалии “Корманди хизматнишондодаи илм ва маориф” қадршиносӣ шуда, ахиран барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз тарафи Академияи илмҳои табиатшиносии шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо медали ба номи Алфред Нобел сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
Собир
Пулаша гап занед, ки ин медал ягон сомонй хамрохаш дорад?

Аз ин "Академия" унвон гирифтан ун кадар мушкиле нест ))) Ачаб хангома бардоштед...

соки
ма фикр кардм чоиза

Салом Устод Шуморо бо ин чоиза табрик мегуем.арзанда хастед.Мо бо Шумо ифтихор дорем.Бо эхтиром Хуршед.

1256
Офарин абармарди точик у исбот кардааст ки миллати точик чунин донишмандхо низ дорад ба ин кас муваффакият орзу намуда ба корхои ояндаи тадкикотияш барор хохонем.

Нобел швед буд. Ӯ ба Русия чӣ иртибот дорад? Ин медал шояд бижутерия бошад. Ин донишманд аз донишгоҳҳои Урупо ё Амрико мукофот мегирифт, пас лоиқи аҳсан мешуд. Дар Русия ҳама чиз харида ва фурухта мешавад. Ҳамаи фасоду бадбахтиҳои тоҷикон аз қаробати мо бо русҳост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)