“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД”

Салими АЮБЗОД
“АММО АҲМАД бошад, МЕГӮЯД...” Ин хато ҳам аз силсилаи кажнависиҳоест, ки ба сабк пайванд дошта, солҳои охир авҷ гирифтаанд ва ҳарчӣ бештар табиати забони моро вайрон мекунанд.
Барои намуна: “Ҳама соле як раҳ ба зодгоҳи худ мераванд, аммо Аҳмад бошад, дар ду сол як бор ба ватан сафар мекунад”. Дар ин ҷумла “бошад” зиёдатист, зеро “аммо” худ аллакай ба ҳолати таноқуз ё муқобилгузории ду фикр таъкид мекунад. Агар “бошад”-ро партоем: “Ҳама соле як раҳ ба зодгоҳи худ мераванд, аммо Аҳмад дар ду сол як бор ба ватан сафар мекунад”. Ба гунае ки мебинем, бидуни “бошад” ҷумла равонтар мешавад.
Албатта, мавридҳои каме ҳам ҳаст, ки бе “бошад” кор буд намешавад ва дар намунае, ки овардем, метавон онро танҳо бидуни “аммо” истифода кард: “Ҳама соле як раҳ ба зодгоҳи худ мераванд, Аҳмад бошад, дар ду сол як бор ба ватан сафар мекунад”. Намешавад гуфт, ин ҷумла шевотар аст ва ба гумони банда қолиби “аммо, ... бошад” таҳти таъсири “бӯлса”-и серистифодаи ӯзбакӣ ҷой афтодааст вагарна дар назму насри классик “бошад” асосан ба маънии “шавад”, “бувад”, “шояд”, “мумкин” зидди “мабод”, “мабодо” ба кор рафтааст:
“Шукр бошад гувоҳи васлу наим”. (Бедил)
***
“Бошад, ки боз бинем он ёри ошноро” (Ҳофиз)
Бознашр аз Фейсбук
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |