Бахшҳо
15 июн 2017 14:22Тоҷикистон / Тема дня

Боздошти мудири бонк барои додани пора ба корманди Оҷонсии зидди фасод

Маъруфхуҷа Насриддинзода, мудири филиали “Амонатбонк”, дар шаҳри Турсунзода барои пешниҳоди пора ба корманди Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон боздошт шудааст.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Насриддинзода аз феврали соли 2014 дар вазифаи мудири филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Турсунзода фаъолият дошта, барои пинҳон кардани камбудиҳо дар кори бонк ба масъули Оҷонсӣ пора пешниҳод кардааст: “Кормандони Оҷонсӣ зимни санҷиши молиявӣ-хоҷагидорӣ дар бахши “Амонатбонк”-и Турсунзода, ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон додани кредит ба маблағи зиёда аз 147 ҳазор сомониро ошкор кардаанд”.

Ба иттилои манбаъ 25 май Насриддинзода барои рӯйпуш намудани камбудиҳо ва ба тариқи мусбӣ ҷамъбаст намудани натиҷаи санҷиши молиявӣ ба корманди Оҷонсӣ 120 000 сомонӣ пора пешниҳод намудааст: “Гарчанде, ки корманди Оҷонсӣ якчанд маротиба қабули пораи пешниҳоднамудаи Насриддинзодаро рад намуда бошад ҳам, вале номбурда мунтазам маблағи мазкурро ба ӯ ба сифати пора пешниҳод намудааст”.

Оҷонсӣ мегӯяд Насриддинзода 30 май баъди шахсан ба корманди Оҷонсӣ додани 120 ҳазор сомонӣ дастгир гардида, маблағи зикршуда ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд: “Нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 320 қисми 2 (додани пора)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Мӯҳр
Вакил аз Сугд
Бовар кунед хандаовар ва ба хакикат рост намеояд, акаллан ба чои 147000 сомони ба корманди агенти барои пинхон кардани чинояташ 50000 сомони пора пешниход мекард гапи дигар буд ва камтаракак бошад хам ба хакикат рост меомад. Ё ин ки ба чои ин кадар маблаг пора пешниход карданаш 27000 сомони дигар чамъ мекарду зарари расонидаашро пардохт мекард, нисбаташ танхоогози парвандаи чаримаи маъмури боз мешуд корашро низ дар оянда давом медод. Ачоибо санчиш бовар кунед... Озодагон чанд маротиба менависам руи чоп намеёри гапхоямро ягон интерес дори чи? Агар интерес надошта боши мархамат чоп кун навиштахоямро....

Шояд 120 000 сомони кам буд барои хамин нагирифтааст. Онхо тилло ва доллар мехоханд.

Инхел кудакбози накунен баи ин 120000 сомонӣ фақат марожни мехуран инҳо ту 120000$ биёр корат ҳал ҷураҷон

Зурашон ба ин одам намерасад. Насриддинзода чияни Алимардонов аст. Мебинем, ки вай хушк аз об мебарояд....

Аз дастгир кардану зиндони кардан системаро дигар наметавон кард. Вакте давлат иктисодаш суст аст, ин корхо бехуда аст. Хазорон одамон даст ба коррупсия мезананд дар ин рузхо. Духтурон, муаллимон, хизматичиёни давлати, харби, ГАИ, милитсия, дар хама чо коррупсия хаст. Як системаеро ташкил бояд кард, ки ин омилхо камтар шаванд, ки шахсони мансабдор натавонанд даст ба коррупсия зананд.

Фуркат Валиев
Хазор капенхам алакай машхур шудаенд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)