Бахшҳо
20 июн 2017 16:49Ҳуқуқи инсон

Рӯзгори сангини хонаводаҳои зиндониёни осебпазирро кӣ сабук месозад?

Холбибӣ (номи шартӣ), мегӯяд, бародари ӯро дар соли 2015 бо гумони ҳамдастӣ дар ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим - муовини пешини вазири мудофиаи Тоҷикистон боздошт ва 27 сол зиндонӣ карданд. Холбибӣ ба шарти ифшо нашудани номи худу бародараш нақл кард, ки бародараш дар чанд рӯзи пеш аз ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим “бо корҳои шахсиаш” аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе омад ва баъди тақрибан даҳ рӯз хонавода хабари боздошти ӯро дарёфт кард. Ба гуфтаи ин зан, баъди боздошти бародараш зиндагии хонавода якбора аз чанд ҷиҳат мушкил шуд.

“Бародарам саробони хона буд. Ҳоло падару модар ва ҳамсару фарзандонаш аз нодориву камбизоатӣ азоб мекашанд. То дараҷае, ки мо маблағи роҳкирои Вахш-Душанберо надорем, то ба дидорбиниаш биёем”, - мегӯяд Холбибӣ.

Чунин вазъро агар ҳам на ҳамаи хонаводаи зиндониҳо, шояд бештари онҳо аз сар мегузаронанд. Аммо хонаводаи зиндониҳое, ки яке аз аъзояшон бо гуноҳи терроризму тундгароӣ ё ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ дар маҳбас мешинанд, вазъи бадтаре доранд. Аз як тараф камбуди молӣ, аз тарафи дигар назари манфии ҳамсояҳо вазъи ин хонаводаҳоро дучанд бад мегардонад. Дар чунин шароит кист кӣ камтарин пуштибониро ба чунин хонаводаҳо расонад?

Намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ барои он ки робитаи маҳкумшудаҳо бо хонаводаҳояшон канда нашавад, лоиҳаеро ба роҳ мондааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур, занони зиндонӣ, маҳбусон аз ақалиятҳои миллӣ, зиндониҳои якумриву тӯлонимуддат ва онҳое, ки бо айбҳои амниятӣ (терроризму тундгароӣ, муаллиф) дар маҳбас ҳастанд, кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд.

Клаудия Аззолинӣ, роҳбари намояндагии Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ ин барнома чанд талабот ё критерия дорад, ки агар вазъи хонаводаи маҳбусон ба ҳамон критерияҳо мувофиқ бошад, Салиби Сурх кӯмак мерасонад. Барои мисол, хонаводаҳои зиндониҳои осебпазир, аз қабили ақалиятҳои миллӣ, занҳои зиндонӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ дар ҳабс ҳастанд, шомили лоиҳа мешаванд.

“Лоиҳа аз соли 2012 шуруъ шуд. Он замон мо танҳо дар минтақаи Рашт лоиҳаро амалӣ мекардем. Яъне, хонаводаи тоифаи зиндониҳои номбаршуда ба мо муроҷиат мекарданд, ки барои дидорбинии пайвандашон дар зиндон, имкон надоранд. Мо месанҷидем, агар суханашон воқеият медошт, маблағ медодем, ки ғизо харанд ва роҳкиро карда, ба дидани пайвандашон раванд”, - меафзояд хонум Аззолинӣ.

Намояндагони Салиби Сурх мегӯянд, ин лоиҳаро ба хотири ҳифзи принсипҳои башардӯстона ва канда нашудани робитаи хонаводагӣ ба роҳ мондаанд.

Бо гузашти чанд сол, миқёси фарогирии лоиҳа васеъ шуд ва дар айни замон Салиби Сурх дар шаҳри Душанбеву вилояти Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ин барномаро амалӣ мекунад.

“Танҳо дар соли 2016 ҳудуди 70 хонавода аз тоифаи мазкури зиндониҳо аз кӯмакҳои мо бархӯрдор шуданд, ки миёнашон пайвандони зиндониҳои масъалаҳои амниятӣ (терроризму тундгароӣ, муаллиф) кам набуданд”, - гуфт роҳбари намояндагии Кумитаи Салиби Сурх.

Қаҳрамони матлаби мо - Холбибӣ тасодуфан аз вуҷуди барномаи кӯмаки Кумитаи мазкур огоҳӣ пайдо кард ва дар ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ бори дувум буд, ки вай барои дарёфти маблағ ба Кумита омад. “Дар ҳамон рӯзҳои муҳокимаи парвандаи бародарам буд, дар соли гузашта. Ҳамроҳи падари пирам дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардон будем. Тасодуфан як духтар аз ҳоли мо огоҳӣ пайдо карду моро ба дари Кумитаи Салиби Сурх овард. Ин бори дувум аст, ки барои гирифтани ёрӣ меоям. 820 сомонӣ ёрдам карданд. Ба ин маблағ ғизо мехарам - картошкаву пиёз - 20-25 кило, равған - 5 литр, биринҷ 4-5 кило ба бародарам мерасонам. Бо маблағи боқимонда ҳамсару фарзандонашро ба “свидание” (мулоқот)-и бародарам меорам”, - мегӯяд Холбибӣ.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Салиби Сурх дар гузашта ин фаъолиятҳояшро дар расонаҳо камтар таблиғ кардааст. Роҳбари намояндагии Кумита дар Тоҷикистон мегӯяд, аз барномаи кӯмак бар зиндониҳо одамон аз даҳони ҳамдигар огоҳӣ пайдо мекунанд. “Мо тавассути ин кӯмакҳо падарону писарон, ҳамсарону шавҳаронро ба дидори ҳам мерасонем. Падар қад давонидани писарашро мебинад ва писар шаклу сурати падарашро аз ёд намебарад”, - гуфт Аззолинӣ.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин кӯмакҳо некуаҳволии хонаводаҳоро албатта таъмин намекунад, вале ба худи зиндониҳо кӯмаки хубе мешавад. “Бачаҳо вақте озод шуданд, муомилаашон бо хонавода хуб мешавад, ба зиндагии мусолиматомез бармегарданд. Ёдатон бошад як ё ду сол пеш як ҷавон аз зиндон раҳо шуду хона рафт ва падарашро бо табар кушт, ки ман дар маҳбас будаму шумо ба дидани ман наомадед. Яъне як буғз буд дар дилаш”, - меафзояд Ҳодизода.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи Салиби Сурх қасди бастани ин барномаро надорад. Хонум Аззолинӣ мегӯяд, то замоне ки имкон ҳаст ва маблағ пайдо мешавад, кӯмак ба хонаводаи зиндониҳои тоифаи мазкур идома медиҳанд.

Ёқуб ҲАЛИМОВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.


Дар акс Клаудия Аззолинӣ, роҳбари намояндагии Кумитаи Байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон
Мӯҳр
Агар ин барнома аз сидк бошад ва гаразе дар он набошад бехтарин хизмат дар хаки башарият аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Октябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)