Бахшҳо

Ҷаласаи муфтиёт ва ҳукумат дар бораи “манъи идгардак”

Муфтиёт ва масъулини ҳукумати Тоҷикиситон дар пайи паҳни овозаҳо дар бораи манъи идгардак аввали ҳафтаи равон ҷаласа баргузор намудаанд.

Тавре имомхатибони масоҷиди шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин ҷаласа супориш шудааст, ки беасос будани манъи идгардакро ба тамоми мардуми Тоҷикистон расонанд.

Имомхатибон аз ҷумла оростани дастархон ва хурсандии кӯдаконро дар Рӯзи Фитр як ҷузъи анъанаи исломӣ ва миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи ҳукумат ҳеч иқдоме алайҳи ин анъана гирифта нашудааст: “Дар барномаҳои микрофони озод шаҳрвандон назарҳои гуногунашонро баён мекунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳукумат ҳар яки онро ҷонибдорӣ хоҳад кард”.

Имомхатибони тоҷик таъкид намуданд, ки дар оростани дастархон ва идгузаронӣ набояд ба исрофкорӣ роҳ дода шавад, ки исроф хилофи шариат мебошад.
Мӯҳр
Идгардак на суннати исломист ва на анъанаи милли! Дар хеч кишвари исломи вуч,уд надорад ва дар шимоли Точикистон ва Бадахшон хам нест. Дар ба дар гаштану халтахоро бо сак,ичи чини пур кардан.... намедонам чист!

Пешниход дорам,ки идгардак бошад факат бе исрофкори. Ба чои пистаю бодому, ананасу, банану конфетхои нарххои осмони, раво мебуд дар дастархони идона- чагалдак,орзук,кулчахои шири, халвои кампирако тайор мекардаги,ва албатта тухми ранга гузошта шавад. Ин аст фазилати идгардак.

Бародари азиз хар як дин расму оину худша дорад. 365 руз хама аз кафои кашокашхои зиндаги 1 руз ягон чои исрофу таъна кардани ин ид нест. Ту аз Душанбе берун рафтаги нести дар тамоми дуне хаст хамин ид барои чи дуруг бофта истодаи.

мухочир
бродарон...як дам дар соли нави мелоди...даст мезанен...як дам дар иди шарифи Рамазон даст мезанен...дигар коре надоренд......о хурсанди хамааш хурсанди чи кор доренд...ин идхои хурсанди аз бобову бобокалонамон омадаги ...касоне, ки идгардак намекунан ...чашн нагиранд....демократияро маъноашро мефахмед...озоди аст бродарон

Ба Рустами А
Идгардак як фарханги миллист ва нохудогох вориди Рамазон шудааст ки реша Наврузи бостон ва чашни нахустин гули бахор дорад ва бешак исломи нест ва набояд бошад хам Дар шимоли Точикистон хусусан дар шахрхои бостоние мисли Бухоро ва самарканд то 50 соли пеш вучуд доштанд ки бо "модерн" тар шудани зиндагихо камранг ва хатто аз байн рафтааст дар бадахшон намедонам чун Бадахшон чизхои бармалонашуда ва бикри зиёде дорад, кор мехохад.

Холо асри 21 аст, кишвархо талош меварзанд, илму техникаро дар давлатхоба он инкишоф

Ба фикрам дар ояндаҳои наздик ҷашнгирии ҳамин ду иди муқадаси Исломро манъ мекунанд.
Ҳамон дастархони идона ё ҳамон як пачкаи сақиче мардум харидори мекунанд ҳамааш аз 100 ё 200 сомониро зиёд дар бар намегирад.
Инҳам бошад як соли тулони интизори мекашанду мунтазиранд ,танҳо ҳамин исрофро чашматон дид?
Ҳамаи ҳамин намуд хароҷотҳоро 5 кило орд сарф мешавад ва боиси хурсандии кудакону наврасон мешавад магар исроф аст!
Чаро аз он идҳову чораӣиниҳои бемаъние ҳар моҳ бо миллионҳо сарф мекунед чашмонатон намебинаду чор тангаи мардум инҳам бошад дар дастархони даруни хона инро мебинед...
Он таъоми нисфирузии шуморо ҳисоб кунем хароҷоташ аз дастархони идонаи мардум зиёд аст ,магар вай исроф нест! ,каме шарм кунед Ҷанобон.
Ба фикрам дигар кор надоред ,беҳтараш бо мардум ҷойҳои кори таъсис диҳед дар фикри беҳбуди бошед .
Агар шумо муфтиёт бошед аз доираи Ислом сухан кунед бо мо гуед,аз чандсолаги кудакон аз назари Ислом бо масчид рафтанро ҳуқуқ доранд то мо фарзандонамон фаҳмонем ,чаро намегуед ? Ана бо ин суолҳо ҷавоб гуед шуморо фардо аз ин пурсон мешавад.

Фируз
Садриддин,
Ба фикрам хами пешнохида дар МК озод худат кардагии!

идибег
Бародарон, ин кай аст? Озоди хохиш мекунам дар бораи рузи ид хабар дихед, мардум саргардон шудаанд, ки ид 25 аст ё 26. хохиш мекунам маълумот дихед

шо
Дар бадахшон идгардак нест лекин хурсанди дар ин руз бештар шудаги. Ин руз арзиши бузурги тарбияви дорад.

Улёхазрат
Ид 25 июн бдай. Хами гап рост бошад?

точик
кудакон дар як сол 2 рузи хурсанди доранд наход хаминрохам салб кунед

58
Идгардакро дар хакикат бархам бояд дод чунки кудакро аз хурди ба талбандаги одат менамоем.Солхои пеш дар пойтахт ин одат набуд хуб буд хануз чашми руз накафида дар дахани дар хурду бузург тайер ин хуб нест.Бигзор гарданд танхо дар доираи хамсоя бо хамсоя.Ин масаларо дар доираи конуни танзим низ бояд дида баромада шавад.

[quote=58]Посух додан
Дар куҷо бо воя расиди ,ки дар шумо идгардаки кудакон набудааст ?
Дар 50 соли ҳаётам ёд дорам аз кудаки пеш аз намози бомдод хеста дасту руй шуста интизори мекашидем аз ид дер намонем...
Раҳматии модарам нақл мекарданду механдиданд ,дар кудакиям 4 сологиям аз авали шаб бо либосҳоям хоб мерафтаму дар интизори ид будам хурсандии мо ҳаду канор надошт.
Лекин намозу руза ёд дорам кам мардум намоз мехонданду бо намози ид кам медоданд ,агар намоз мехонданд аз ҳизби комунист ихроҷ мешуданд .
Худат ба фикрам 58 неву 99 боши аз куҳнакомунистон ё тоҷик нсти .
Имрузҳо одамони кучагарду бесаводу бемаърифат ва фавқулода мехоҳанд бо дину оину расму одатҳои милие,ки ҳазорсолаҳо доштем тағирод диҳанд.
Камтар бо Урупо тақлид кунед ,дар онҳо алакай мард бо мард хонадор шуда истодаанд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)