Бахшҳо

Пешниҳод барои такмили "қонуни танзим": Маъракаҳои "оши тӯй" ва туҳфасупориҳо барҳам дода шаванд

Мизроб АМИРБЕКОВ,
барои «Озодагон»

Даъвати Президенти кишварро дар мавриди пешниҳоди фикру ақидаҳои шаҳрвандон ҷиҳати такмил додани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ пазироӣ менамоям. Зимнан, чанд андешаи худро дар ин робита баён карданӣ ҳастам.

Тавассути воситаҳои ахбор имрӯзҳо фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандони ҷумҳуриамон нисбати такмили қонун гирифта мешаванд, вале аз мазмуни баромадҳо бармеоянд, ки аксарияти онҳо қолабӣ мебошанд ва ҳадафи онҳо танҳо барои бештар кардани ҷазою ҷаримаҳо равона шудааст. Ман мехоҳам такмили қонун дар асоси таҳлили мавридҳое сурат бигирад, ки давоми даҳ соли амали қонун мардум бештар дар кадом самт ба мушкил рӯбарӯ гашта ва муҷозот шуданд. Зеро таҳлил ва хулосаи ин амалҳо моро дар мавриди аввал ба сабабҳои қонуншиканӣ ва дар мавриди дигар ба дарёфти норасоиҳои худи қонун пайваст месозанд.

Мехоҳам андешаҳоямро нисбати моддаи 10-и «қонуни танзим», ки дар мавриди баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ аст, баён намоям. Дар ин мода чунин оварда шудааст: «Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад». Аз рӯи фаҳмиши ман, додани оши тӯй - ин худ ташкили «оши наҳор» мебошанд, ки барои шумораи то 200 нафар ва оростани зиёфат «худи тӯйи домоду арӯс» барои даъвати шумораи то 150 нафар муайян гаштаанд.

Тариқи расонаҳо борҳо шоҳид будем, ки кормандони бахши танзим дар маҳал қонуншиканиҳоро дар давраи оростани «чойгаштак»-и арӯсон, ташкили «муборакбодиҳо» ва зиёд даъват гаштани меҳмонон дар тӯй мансуб медонанд ва соҳибони тӯй аз рӯи он ҷаримабандӣ мегарданд ва имрӯз вақти он расидааст, ки дар асоси таҷрибаи андӯхтаамон таҳлил ва хулоса созем, ки мардум барои чӣ «чойгаштак» ташкил менамоянд ва барои чӣ дар тӯй «меҳмони зиёд» аз меъёрро даъват месозанд.

Сари ин масъала, мехоҳам нуктаи назари худамро баён намоям ва шояд дар ин равиш тарафдор ва муқобилон низ пайдо шаванд. «Чойгаштак»-ро асосан оилаҳое ташкил менамоянд, ки духтарашонро бо умеди зиёд калон кардаанду онро ба ҳайёти нав гусел месозанд. Дар як маврид оилаҳое ҳастанд, ки дар хонадон танҳо духтар ва умеди оростани тӯйи арӯсии ин фарзандашонро доранд, арӯсшавандаҳо низ дар давоми ҳайёти наврасиашон бо умеди зиёд рӯзи баргузории тӯйяшонро мунтазир буданд ва мехоҳанд, ки дар ҳузури хешу ақрабо, пайвандон, дугонаҳояшон орзушиканӣ намоянд.

Гузашта аз ин, қонуни амалкунандаи танзим гузаронидани маъракаи тӯйро асосан ба тарафи домодшаванда нисбат медиҳад ва иштироки тарафи духтар дар маъракаи баргузории тӯй дар худ маҳдудиятҳо дорад ва ҷониби духтар мунтазир ва дастнигари даъватномаҳо аз тарафи домод мебошанд ва дар ин лаҳзахо мо бояд орзую ҳавас ва ҳақдор будани падару модари духтар ва худи духтарро ба инобат гирем ва хулоса дорам, ки маҳз сабаби қонуншиканиҳо ва такмилталабии қонуни имрӯзаи танзим дар бобати тӯй дар ҳамин нуқта ниҳон мебошанд.

Акнун дар баробари хостори такмил гаштани қонуни танзим мехоҳам нисбати масъалаи дигари маъракаи хонадоршавӣ - оростани «оши наҳор» андешаронӣ намоям. Қонуни ҷорӣ имкон медиҳад, ки дар ин маърака барои шумораи то 200 нафар меҳмон ош дода шаванд. Ин меҳмонон киҳо ҳастанд? Танҳо мардон, мувофиқи урфу одати миллиамон дар ин маърака занон иштирок карда наметавонанд ва маҳз ҳамин муносибати нобаробарии гендерӣ модаронро маҷбур месозад, ки бо мақсади орзушиканиашон «чойгаштак»-и духтарашонро ташкил созанд ва қонуншиканӣ намоянд.

Дар вақти гузашти «оши наҳор» борҳо дидаем, ки дар аксар мавридҳо меҳмонони нохонда, ношинос, одамони кӯча ва ҳатто талабаҳои мактаб дарсҳоро партофта ошхӯрӣ менамоянд. Дар ин маърака хароҷоти аз ҳама зиёди соҳибони тӯй равона гаштааст, яъне хароҷот мувофиқи қонуни танзими ҷорӣ барои теъдоди то 200 нафар муайян гаштаанд ва мо бояд сари нигоҳ доштани ин маърака фикр ва хулоса созем, ки ин маърака барои падару модар ва хонадон чӣ гарониҳоро дар пай дорад.

Дар мавриди дигар дар амал дида истодаем, ки нишондоди дигари қонуни ҷорӣ дар муқобили талаботҳои асосии он нисбати камхарҷии маърака меистад. Дар қонуни ҷорӣ нисбати тӯҳфасупориҳо барои домоду арӯс ва падару модар ишора шудааст ва барояшон иҷозат фароҳам меоваранд. Ман сари ин масъала оварданӣ ҳастам, ки набояд мо қонунро то ин зина поин барем. Бояд ин масъала мувофиқи қонун маърака нагарданд, зеро имрӯз бо ин ишораи нодурусти қонун соҳибони тӯй баъди гузашти чанд дақиқаи зиёфат боз туйи «дуввум»-ро махсус барои тақдими тӯҳфаҳо бо номи маъракаи «муборакбод» ташкил медиҳанд, ки ин гаронии навбатӣ барои соҳибони тӯй мебошанд. Чӣ зарур аст, ки баъди чанд дақиқаи гузашти зиёфат ва муборакбодиҳои дӯстону хешу табор боз маъракаи тӯҳфасупориҳо ва такроран «муборакбодиҳои бемаънӣ» сар шаванд?

Барои барҳам додани ин норасоиҳо хуб аст, ки бо такмили қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаи «оши тӯй» ва маъракаи туҳфасупориҳоро барҳам занем ва гузаронидани тӯйро танҳо бо доштани зиёфати арзанда ва фарогирандаи тамоми орзу ва ҳаваси падару модарон ва навхонадорон дар алоҳидагӣ расмӣ намоем. Яъне, барои духтар ва писар дар алоҳидагӣ шароит диҳем, ки онҳо теъдоди шумораи то 200 нафар пайвандон ва наздиконашонро ба туйяшон даъват созанд ва ошкору озодона хурсандӣ намоянд, ин маърака бояд хам оростани зиёфат, хам оши тӯй ва ҳам маъракаи муборакбодро дар бар гирад.
Мӯҳр
Илхом
Ого хамин масъалаи дар ресторанхо то 30 хазор 35 хазор сомни додану туйгузарониданро як тахлил карда набаромади, касе дар ин бора намегуяд. Охир мо шохиди онем, ки барои се соати туй дар ресторанхои бо хашават пулхои калонро дода нимколахур хеста мераванд. Оё ин ба конуни танзим дахл надорад????????????????????

али
Умуман дег монда ош карданро бояд манъ намуд.Туй ва дигар маросимхо бояд сирф хонаводаги бошад.Маъракахои мо умуман ба ягон рамка дуруст намеояд.Замона тамоман дигар шудааст хама кариб дунеро диданд,агар маърака кардани бошем ба таври мадани дар ягон кафе е ки ресторан ки худаш хофиз дорад бо ахли байт оромона гузаронем хуб мешуд.

Дар баробари танзими чашну маросимхо хуб мешуд ки идхои давлати низ Кам карда мешуд охир мардума аз танзим габ мезанему маблаги зиед дар чашну маросимхои давлати сарф мекунем е танзим факат барои мардум аст ?

ого, пешниходхои шумохам низ аз пешниходхои расонахои хабари ягон тафовуте надорад! хама гапхои сарсари....

Донишчу
Аслан набояд ин конун вазъ мешид чу ингуна кону конуни зиёд мухим набуда ва натичаи хубхам надодааст.мисол.одаме ки пул дора туй пур харч мекна камбагал бидуни ин конунам туйша оди мегзаронад агар бухохад ки пурхарчам кунадхам наметавонад чун пул надорад !!!Ва хохиш мекнам аз Ингуна шахсиятхои ки пешниходметан рочиби чаншу маросимхо ки бояд чикор кар ину оро бояд манъ кард!? Кишваримо мушкилихои аз ин мухимтар дорааааад мухимтар шумо Э касоне ки миёйд сари мавзуи ночизу бемаъни нозарур пешниход медихед Ва вакти кимати худу ранги Калам ро бехуда сарф мекунд. Бояд рочиби Халу Фасли мушкилоти Мухчират Саломати чомеъа баланд бардоштани саводноки Эчод кардани Чоикор барои мардум Ихтироот одиьарин чиз ва мухимтарин таъмин кардани мардум ба оби ошомидант Мушкилоти рох-хо Фвсодкори дар ниход хои Далати ки Ба дарачои Аълло раси дааст рочиби ни мушкилотхо бояд назар ва пешниход дод ва вакт бояд гузошт

али,
(али) Али авал бо ҳарфи калон навис ,номатро !...
Баъд гуфтаниям, ки инҷо Тоҷикистон аст ва мардуми мусулмон асрҳо зиндаги мекунанд .
Он маъракаҳое дар назар дори дар (кафеву ресторанҳо) зану мард якҷо масту аласт ,рост намеояд ...
Ҳамон деги оше дар назар дори ҳамаашро ҷамъ куни (хароҷоташро) 100$ мумкин нашавад чашмат ҳаминро дид , мумкин дар (ресторан) дар як ду стол сарф куни шарм дор!
Деги ош 200ё то 300 нафаро сер мекунад боақлона навис,худатбаринҳо зиндагии мардумро руз аз руз душвортар карда истодаед бо ҳамин танзими (придумат) кардаатон!
Чигунае,ки мардуми қашоқ ҳаракат накунанд бо хатогиҳо роҳ надиҳанд ,бозҳам шумо хатогиҳо ёфта танҳо хотири ҷарима ва пули бе дарди миён кор кардан.
Беҳтар нест дар ҳар хона дурбинҳои назорати гузоред ,мабодо сахтар ахса зананду бурда ҷарима кардан гиред....

албатта касе,ки падару бобояш авлод ба авлод ба касе як лукма нон надодааст,хеч вакт намехохад,ки дигарон хам ба касе нон диханду нони ош диханд. бо хар бахона хайру садакаро аз байн бурданиед. Худо шохид аст.Баъзехое хастанд,ки дар хамин маъракахои хоксоронаву факиронаи мардуми саховатманд оростаги як бурда гуштро дар мохаш мехурад. Дар маъракаи "калон"-хои сармоядор барои факирону мискинон чой нест. Он тарафаш ба хайр шаваду Худо тавфикро рафики хама созад.

шахрванд
Магар шуморо ягон кас мачбур мекунад харочотхои бемаъни карданро? О накунед хамин туйхои дабдабанокро дар таги карз монда. Ягон кас ба шумо рахмат намегуяд. Чи кадаре ки маблаг ба ресторану маракахои бемантик сарф мекунед, нагзтараш мешуд ба ояндаи чавонон харч мекардед

Хамин конун дар асл зарур аст е нест. Бигзор хар кас мувофики орзуяш хурсанди кунад. Ман шохиди маракахо хар рузам. Хамааш албатта бо ягон конуншикани мегузаранд. Туйдор ба чои то охир хурсанд будан дар ларза аст. худо иега ки ягон кас аз танзим набиея. дигар аз тарси танзима хофизу артисам намиеран ки боз дарди сар меша. туй аз худоиву чаноза кам фарк мекна. дар базе коро меге суннати бобохотона фаромуш накне дар тую марака боботона таги хок карде ку. Бобот ончунон туй медод .ба хурсанди бо руи кушода бе тарсу ларз аз танзим. Бас кне дига хисоб кардани лукмаи нони дахона. Туй бояд туй боша. 2 дег ош хеч каса камбагал намекна агар дошта боша сгар не 1 дегам кофист. кудаку пиру барно хама туй биеянд худо аз хурсанди бта. Дар кафе бо 7 кас гузарон меги ака хдут да сагут нон додаги хасти??? е шояд фарханги точик бароят бегона аст.

Азизходжа,
Точикон оши нахор надоштанд. Ин маросими узбекхо аввал ба шимол ва баъд ба Душанбе омад. Замони шурави мо дар бораи оши нахор тасаввурот хам надоштем. Инро базур ба мо бор карданд. Оши нахорро манъ кунанд, хеле оли.

Танзимро ин кадар сахт гирифтен... бехтараш хар кас ба кадри имкон ба чени зурас кардан гира....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)