Даргузашти қудои Президенти Тоҷикистон дар пайи садамаи нақлиётӣ
Камолиддин Нуралиев, собиқ муовини вазири хоҷагии об ва қудои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон даргузашт.
Дар ин бора наздикони марҳум хабар дода, афзуданд, ки Нуралиеви 70-сола дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Норак даргузашт. Дар назар аст, ки маросими ҷаноза фардо дар ноҳияи Данғара баргузор шавад.
Нуралиев, падари Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ва падарарӯси Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Ҳайати кормандони "Озодагон" ба наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |