Бахшҳо

Зан бо нону кӯлчаву қурутоб ҳудуди 20 касро қасдан заҳролуд кардааст

Як зани 37-сола қасдан ғизоҳои таҳиякардаашро заҳролуд намудааст. Дар натиҷаи истеъмоли он ду нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора торнамои Вазорати умури дохилӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин зан, ки дар деҳаи Турдишоҳи ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекунад, ҳоло бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти одамкушӣ дар боздошт қарор дорад. Торнамо менависад, дастгиршуда ҳанӯз рӯзҳои аввали оиладоршаваш бо сокини 43-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ нисбати ӯ ва хонаводааш “хусумат пайдо кардааст”. Ба иттилои манбаъ, “29 июни соли 2014 зани номбурда нисфирӯзӣ барои аҳли оилаашон, ки дар саҳро машғули кор будаанд, қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 39-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 4-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, бистарӣ гардидаанд”.

Дар натиҷа бародари 39-солаи шавҳараш дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7 сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардида, хурдсол – духтарчаи 4-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст”.

Сайти ВКД дар идома навиштааст, худи ҳамон рӯз гумонбаршуда барои маъракаи дафни 3-рӯзагии тағои шавҳараш 20 кулча пухта, ба он доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст: “Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузур дошта: зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ гардидаанд”.

Ҳоло нисбати ин зан бар пояи моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Астахфируллоҳ ана терорист...

Ло хавла ва ло куввата илло биллох!

Арафамох
Ё тавба ё тавба ё тавба... Ин занону бонувони нохияи Панч бояд ба китоби рекордхои Гинес ворд шаванд. Яке яктояш эълон мекунад, ки марак шуааст яъне ба мар табдил ёфтааст. Яке игараш хумро мард муаррифи карда тавассути телефон или духтаронро ба даст меорад, акнун инаш ба хурокхо дору хамрох кардааст. Аз занону бонувони нохияи Панч эхтиёткор шудан лозим.... Интизор боше, боз ягон СЮРПРИЗ

Фируз
Занакам то ин дарача берахм мешидаст да

акрам
ДИГА ЧИ ГУФТАНТА НАМЕДОНИ

Салом. Мебахшен одами сок ин корро карда наметавонад. Ин зан касали рухи дорад чи бало??? Вазорати корхои дохили чиро интизор аст??? Ин як нави Маньяк аст. Интизор меистен ки бо 10 нафари дигарро кушад???

Саид
Ин аз беҳунарии ШКД-и ноҳияи Панҷ аст, ки дар навбати якум е дуюм кори ин занро маълум накардаанд ва е ҳамон зан тағаи зур доштаастда...

Вай зан сихат нест одами сихат ин корро намекунад.

некном
Мардуми ин нохия гцнахгор нестиян. Рохбарони макомот таблиг кам доранд. Кани пуре аз ягон мардми деха ё раста.ки раиси нохияра мешхохтиян? Таблиг кам. рохбарои и махалхо худум мегану халос. Вой бар холи асабхои ин мардум.

маро як фикр ором намегузора. Чаро аз соли 20014 то имруз чазояшро ин зан нагирифтааст? Ку макомот гап зан?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)