Хуҷанд: 5 ҳолати заҳролудшавӣ аз неши каждум дар як шабонарӯз
Дар маркази маъмурии вилояти Суғд давоми як моҳи ахир наздики 50 нафар аз неши каждум заҳролуд шудаанд.
Бино ба иттилои телевизиони “СМ-1”, танҳо шабонарӯзи 27 июн ба нуқтаи осебшиносии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд 5 нафар бо иллати заҳролудшавӣ аз неши каждум муроҷиат кардаанд. Давоми як моҳи ахир бошад, ин ҳашарот ба ҳудуди 50 нафар неш задааст. Осебшинос далели афзоиши каждумро ба гарм шудани ҳарорати ҳаво рабт додаанд. Ба гуфтаи онҳо, каждум асосан дар хонаҳои гилин зиёд шудааст.
Манбаъ бо такя ба иттилои Раёсати муассисаи давлатии дезинфексияи профилактикии вилояти Суғд мегӯяд, беш аз 60 нафар бобати маҳҷи каждум дар хонаҳояшон ба онҳо муроҷиат кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |