Бахшҳо
03 июл 2017 15:26Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷузъиёти ҷаласаи Р.Эмомалӣ дар бораи сӯхтори “Корвон”

Шаҳрдории Душанбе ҷузъиёти ҷаласаи таҳти раёсати Рустами Эмомалиро дар бораи сӯхтори бозори “Корвон” нашр кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ дар ҷаласа баробари масъулини шаҳрдорӣ инчунин беш аз 200 соҳибкори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бозори Корвон" иштирок карданд.

Дар пайи баррасии сабабҳои сар задани сӯхтор роҳбарони мақомоти умури дохилӣ, амният ва шаҳрдорӣ ва бозорҳо муваззаф шудаанд, растаю дӯконҳо, марказҳои савдо ва иншооти баландошёнаи шаҳри Душанберо бо дастгоҳҳои огоҳкунанда аз сӯхтор муҷаҳҳаз кунанд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда то 1 сентябри соли 2017 ахбор пешниҳод намоянд.

Шаҳрдорӣ 22 адад нақлиёти сӯхторхомӯшкуниро дар пойтахт хеле кам хонда, қарор кардааст, ки дар муддати 1 моҳ барои хариди давлатии мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ таклифҳо ироа гарданд: “Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр барои сохтмони бинои қисми оташнишонии ноҳияи Фирдавсӣ тадбирҳо андешида, ҷиҳати ҷойгиркунонӣ ва таҳияи лоиҳаи ангоравии он дар муддати як моҳ таклифҳои худро пешниҳод намояд”.

Муовини якуми раиси шаҳр Зувайдзода Маҳмадсаид ва сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор шудаанд, ки барои амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорони зарардида ва расонидани ёрии ҳуқуқию равонӣ тадбирҳо андешанд: “Аз мақомоти прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шавад, ки сабабҳои асосии рух додани ҳодисаи сӯхтор дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон»-ро ба таври воқеӣ ва объективона ҳарчӣ зудтар таҳқиқ намуда, ба маълумоти ҷомеа расонанд”.

Шаҳрдори Душанбе инчунин дастур додааст, ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои дахлдор, бозори “Корвон”, бо ҷалби намояндагони соҳибкорон гуруҳи корӣ таъсис дода шавад ва ҳарчӣ зудтар ҳаҷми зарари ба ҳар як соҳибкор расидаро муайян карда, маълумотҳои заруриро барои андешидани тадбирҳо то 1 августи соли 2017 пешниҳод намоянд: “Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур шумораи соҳибкороне, ки аз бонкҳои ҷумҳурӣ қарзҳо гирифта, молҳои онҳо дар натиҷаи сӯхтор қисман ё пурра нобуд шудаанд, муайян карда, бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Раиси шаҳр пешниҳод намоянд”.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, ки Нуршед Машрабов, раиси “Корвон” довталабона изҳор доштааст, ки зарардидаҳо дар тӯли 2 сол аз супоридани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ пурра озод мешаванд. Машрабов инчунин уҳдадор шудааст, ки дар муддати 1 моҳ пурра растаҳоро барқарор карда, дар ихтиёри соҳибкорон гузорад: “Инчунин вазифадор шудаст, ки дар муддати 1 моҳ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе бозори Корвонро ба талаботи қоидаҳои зиддисӯхторӣ мутобиқ намуда, таҷҳизоти худкори огоҳкунандаи насб намояд ва дар бораи он ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор пешниҳод кунад”.
Мӯҳр
Ба Раиси шахри Душанбе пешопеш изхори минатдори худро башен мекунам, ки гамхори миллати Точик буданашро ба шакли кутох раза намуд.
Як пешниходи Хеле чолибдорам ба Раиси шахри Душанбе мухтарам Рустами Эмомали, ки дар микдори китьаи замини ки бекор хобидааст, бинои замонави ба Монанди лойхай пешниходкардаи ман яьне бинои техники маьмури асри 21 по месохтанд ин мушкилоти ки хар сол рух медихад аз байн мерафт. Оиди лоихай бинои пешниход кардаи ман агар Мадди назаратон бощад ба сурогай электронии ман нависед: nazirow.b@yandex.ru

Мухлис
Роҳи аз ҳама хуби пешгирии сухтор дар бозори Корвон пеш аз ҳама Шаҳрдорӣ бояд маъмурияти бозорро муввазаф намояд, ки зарари соҳибкоронро пурра барқарор намоянд. Умедворам, ки дигар дар бозор сухтор сар намезанад. Чунки маъмурияти бозор ҳушёру зирак мешаванд, ҳатто раиси бозор шаб хоб накарда назорат мебарад тодигар сухтор сар назанад.

Рохгузар
Бо бародар Мухлис хамфикрам, дуруст кайд карданд, баьди кор хифзи хама холати бозор пурра ба души маьмурият ва кормандони бехатарии бозор меафтад, пас бигзор барои чи ба таври бояду шояд хифз накардани амволи сохибкорон маьмурияти бозор пурра чавоб гуяд!!!Аз руи шуниди ман баьди анчоми кор мухофизатгарони бозор хамаи точирону сохибкоронро аз чои корашон гусел намуда , шахсан холати бехатариро ба душ мегиранд!!!

Раҳмат Шермарди ватан (РЭ) дар давраи (МУ) ягон бор хамигуна чаласаро надида ва нахонда будем

мансур
мо шоаллох бехтарин дастурхо худованд хифз ва дар корхоятон барору комёби ато кунад Рустами Эмомали Мухтарам Раиси ш.Душанбе ояндаи дурахшон
Кишвари моро интизор аст бо чунин мардони миллатдуст

Ин бозор хар сол як бор месузад-ми? Ун даъфа хеле шуру валвала бардошта буданд, ки раиси собики шахр базур ором кард. Вале чаро хар бор раиси ин бозор аз об "хушк" мебарояд. Ё "расми хуби точикон" начот медихад?

Бародарон дуъо кунем Худованди Карим мусибати сухторе,ки болои савдонарон дар бозори Корвон руйдод ҳегоҳ дигар такрор нашавад. Дар ҳақиқат мусибати бузург аст. Худованд бо лутфу карамаш аз ин гуна мусибат ҳамаи моро нигаҳдор бошад ва он бародару хоҳароне,ки дуконҳояшон зери гоми оташ гирифтанд аз фазлу карамаш мушкилоташонро бартараф намуда ба онҳо сабри ҷамил насиб кунад.
انا لله و انا اليه راجعون
ИННА ЛИЛЛАҲИ ВА ИННА ИЛАЙҲИ РОҶИЪУН. "ОМИН"
Дар охир гуфаниям,ки Раиси бозор Нуршед Машрабов одами хуб ва бисёр шахси дилсуз аст Худованд ба ӯ сабри ҷамил насиб кунад ва ба зуди мушкилоташро осон кунад. Вале бародар Нуршед ба масулин ва ахрана як бор назари сони кунед зеро бисёраш аз хубии шумо истифодаи бад мегиранд ва ба мардум зулму ситам мекунанд. Шубо шахсан худатон бояд дар як ҳафта як бор рузи қабул дошта бошан ва бо савдогароне,ки аз тарафи масулин ба доми фиреб гирифтор мешаванд ру ба ру суҳбат намоед.

56
Азбаски дар шахр бинохои баландошена сохта шудааст ва мешавад бинобар ин масъалаи мошинхои сухторхомушкунандаи мутобик ба ин бинохоро низ барраси намудан лозим аст.
Ин бозор низ масъалаи сухторро худаш низ дида барояд чунки у як хочагии калон ба шумор меравад.
Хубмешуд,ки сохибкоронро агар аз бонкхо карздор бошанд фоизи карзхояшон кам крда мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)