Бахшҳо
05 июл 2017 11:42Тоҷикистон / Сиёсат

Оғози кори гуруҳҳои пешгирандаи сатрпӯшӣ дар мактаб, бемористон, тарабхона ва маҳаллаҳо

Даҳҳо гуруҳи кории пешгирандаи сатру ҳиҷобпӯшӣ дар вилояти Суғд ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.

Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ барои гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии гароиши занону духтарон ба фарҳанги бегона ва аз байн бурдани сатру ҳиҷоб дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи иттилои Кумита гуруҳҳои корӣ аз 4 июл фаъолияти худро оғоз намуда, ба маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, бемористону мактабҳо ва тарабхонаҳо сафарбар гардидаанд.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Н.Мирзозода ба фаъолон оиди пурзӯр намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ супориш додаааст: “Нақшаи чорабиниҳои доимоамалкунандаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ гардид”.
Мӯҳр
хуршед
инхо мехоханд занхою духтарони точик фохиша шаванду бо либоси "милли" миниюбка назди мардони бегона думбачумбони кунанд.

ААА
АЗ ХАМИН РАЁСАТИ КОР КОР БО ЗАНОН ХОХИШ МЕШАВАД КИ МАФХУМИ ФАРХАНГИ БЕГОНАРО ДУРУСТ ДАРК КУНАНД ДУ ПАХЛУ ГАП НАЗАНАНД.МАН АЗ ХАМИН РАЁСАТ ПУРСИДАНИАМ КИ ХАМИН ЛИБОСХОИ НИМАБАРАХНАЕ КИ ДАР ЧОЙХОИ НОМБУРДААТОН МАРДУМ БА БАР МЕКУНАН БА ФАРХАНГИ МО ЧИ ИРТИБОТЕ ДОРАНД КИ ЯК БОР НАМЕШУНАВЕМ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЛИБОСИ АВРУПОИ ГУЗАРОНИДА ШАВАД

Соро
хуршед,
Чандин сатрпушро дидам, ки фохишаги мекунанд. Хатто аз юбкапушхо мегузаронанд. Ё тавба..

Дарвеш
Магар дигар проблема нест,ки ба пушидани либос дар Точикистон назорат мекунанд .

Шиму костюм ва галстук либоси миллии точикон нест барои чи манъ намекнен? Падару бобоени чи гуна либос доштанд. Jелаку шалвор мепушиданд дастор(салла) мебастанд,махсию калуш мепушиданд. Хози шимхои jенси танг,ки дар бадан часпида фигурара намоиш мета мепушан.

Ё тавба кардам ""барои аз байн бурдани сатру хичоб"" шумо мафхуми ин суханхоро сарфахм намеравед чи бало??? илова бар ин сатру хичоб либоси бегонга будасту мини юбкаву брукхои даридагиву мини шортикчахое ки мепушан магар ин бегона нест? Ё ин ки ин хама ба гайр аз сатру хичоб либоси миллии мардуми шарифи точик аст????

Аз кай боз сатру хичоб аз фарханги бегона шудааст .сатр ин амри Парвардигор аст бар занон .

Навои
Хаёлатон бо ин кор пешрафт мекунед ва ба меррих мерасед.

шавхар
дигар кор надоред бо занон

2
Ба занону духтарон чои кор ефта дихен онхо худашон чи кор карданашонро медонанд.Дуюм ин ки шумо чи дахл дорен ки ба онхо дахолат кунен магар мактабу маориф духтурро бе музд карден.Хама дар паи ефтани кути лоямут саргардонанду инхо ба чи кор машгуланд ачабо?

Хикмат
Биёед ин мардуми Сугда ба ҳоли худшон гузоред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)