Бахшҳо

"Задухӯрди мақомот бо наздикони Ҳалимов 4 кушта барҷой гузошт"

Дар пайи як задухӯрд бо мақомоти интизомӣ дар деҳаи Ибрати ҷамоати Тугаракаи ноҳияи Восеъ чаҳор нафар аз наздикони Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон кушта ва се нафари дигар боздошт шудаанд. Дар ин бора як манбаи "Озодагон" аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, кушташудаҳо амакбачаю тағозодаҳои Ҳалимов мебошанд: "Дар маҷмуъ 7 нафар буданд, ки ҳангоми амалиёти боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд. Як корманди милисаро захмӣ карданд, ки айни ҳол дар беморхона қарор дорад. Амалиётро масъулини мақомот, ки аз шаҳри Душанбе омадаанд, гузаронданд. Се нафар аз наздикони Ҳалимов боздошт гардиданд".

Мусоҳиби "Озоодагон" афзуд, наздикони Ҳалимов мехостаанд ба Афғонистон фирор намоянд, аммо мақомот аз қасди онҳо огоҳ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тирпаронӣ соати 19-20 рух дода, ҳудуди 15 дақиқа давом кард. Дар пайи ин ҳодиса Анвар Ҳусейнов, муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноии РКД дар Душанбе ҳам ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ аст. Сарахон Хуҷаёров, муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди ба беморхона мунтақил шуданиҲусейнов фавран ӯро ҷарроҳӣ кардаанд: “Айни ҳол ӯ дар шӯъбаи эҳё қарор дошта, саломатиаш дар чанд рӯзи оянда хуб хоҳад гашт”.

Ҳафтаи гузашта бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов аз Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Инчунин ҳоло додгоҳ парвандаи Беҳрузи Гулмурод, писари 18-солаи ӯро баррасӣ мекунад. Беҳрӯзро мақомот барои қасди пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Ин чӣ бало аст? Дар асри 21 одамҳо девона шуда истодаанд? Ин ба ҷои хонда, донишу соҳиби касбу кор шудан. Наход халқи тоҷик ба ин дараҷа хурофотӣ шуда бошад?
Зимнан, нақли дӯстам ба ёдам омад, ки ҳанӯз замони собиқ Шӯравӣ шунида будам. Он замон донишҷӯёнро тобистон ба ҳар тараф барои кор мебурданд. Ин гуна гурӯҳҳои кории донишҷӯёнро ССО мегуфтанд. Бо рӯсӣ Студенческий строительный отряд. Хулласи калом, як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон фаолият мекардаанд. Рӯзе дар он маҳал касе аз мардуми он ҷо, як марди қазоқ, мемурад. Қазоқҳо, ки шояд он замон мулло надоштаанд, ба чор атроф даву тоз карда, барои ҷаноза хондан, мулло меҷӯянд. Ниҳоят, онҳо ба назди донишҷӯёни тоҷик меоянд, ки рафта, мурдаашонро ҷаноза хонанд. Вақте донишҷӯён мегӯянд, ки ҷанозаро мулло мехонад, онҳо мулло нестанд, вале қазоқҳо ҳеч бовар намекунанд. Онҳо ба ҳайрат зада гуфта бошанд: "теҷик булб, мулда булбайдӣ?" Яъне инки "Чӣ тавр? Тоҷик мешавию, мулло намешавӣ? Бин ба маълумоти онҳо, дини ислом дар байни тоҷикҳо чунон сахт аст, ки ҳамаи тоҷикҳо муллоанд. Ин ҳанӯз дар даврони СССР буд! Акнун тасаввур кунед, ки вазъият ҳоло чӣ гуна бошад? Беҳтараш, ки тасаввур накунем...

Мурод
Муло ба точик чи дахл дорад наклои бофтаатро як тараф мон бародар ин мавзуи ифротист ту боши муло меги

сода
Ай зиндаги безор шидан,чи бало.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)