Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Деҳ - Берун аз сиёсат ва ҳукумат » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 июл 2019, 13:26

Деҳ - Берун аз сиёсат ва ҳукумат

6 июл 2017, 09:26

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бештар аз як ҳафта ҳаст, ки дар деҳам. Барои ҳар тоҷик деҳ ва вижагиву имконоташ ошност. Зеро тоҷик ё шаҳрии деҳшуур аст ё деҳотии шаҳришуда. Бадбахтона то кунун пойтахти кишвари мо натавониста, ки рисолати шаҳри пештози фарҳанг ва иҷтимои кишварро иҷро кунад. Ва бо таассуф бояд гуфт ки то ҳануз ҳам дар Душанбе муҳите ба вуҷуд наомадааст, ки фарҳанг ва ҷавҳари корои миллӣ шакл бигирад. Ин аз бохтҳои бисёр бузурги миллии мост, ки ҷуброннопазир аст.


Деҳи мо яке аз бузургтарин деҳаҳои ноҳияамон аст ва хеле наздик ба маркази ноҳия мебошад. Ғолибан бо фарқ аз дигар деҳаҳои водӣ аз хабару ҳодисот зудтар воқиф мегардад. Аммо бо вуҷуди ин ман эҳсос мекунам, ки мардуми деҳ аз батни ҷомеаи кишвар, аз раванди ҳодисот ва воқеоти маркази кишвар хеле дуранд. Ҳатто аз хабарҳои одитарин. Дар мавриди таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ ва дигар равандҳои сиёсие, ки дар пойтахт ва сатҳи раҳбарии кишвар мегузарад, тақрибан хабар надоранд. Ҷойи маълумоти дақиқ ва хабарҳои воқеиро дар ин гуна маворид овозаву тахминҳо пур мекунад. Яъне мешавад гуфт ки мардуми деҳ дар раванди сохтмон ва шаклгирии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ширкати фаъол надоранд. Ҳарчанд ҳузури физикии мардуми деҳ дар ин раванд аз пояҳои асосист, вале вобаста ба муҳите ки ба вуҷуд оварда шудааст, мардуми деҳ ҳузури чашмгире дар шаклгирии сиёсатҳо ва равандҳо надоранд. Дар чунин “изоляция” қарор гирифтани деҳро сабаб бисёр аст ва ниёз ҳаст, ки дар ин маврид як таҳлили ва тадқиқоти ҷомеашиносии мукаммалу мафассале гузаронда шавад. Аммо он чиро, ки ман ба мушоҳида гирифтам ба унвони омили дар “муҳосира” қарор гирифтани деҳ пешниҳод мекунам.

Пеш аз ҳама аз нигоҳи институтсионалӣ деҳ берун аз сиёсат ва ҳукумат мебошад. Зеро тибқи қонунгузории кишвар мақоми расмии маъмурии идоракунии поёнии маҳаллӣ Ҷамоат ё Шурои деҳот аст. Ҳарчанд деҳаҳо раис доранд ва ин раисон аз ҷониби ҷамоату ҳукуматҳои навоҳӣ истифода мешаванд, аммо ин раисон пойгоҳи ҳуқуқӣ ва маъмурӣ надоранд. Инҳо барои раисӣ дар деҳаҳо ҳақмузд намегиранду дафтари кор низ надоранд. Ва ҳамин сабаб шудааст, ки деҳаҳо берун аз сиёсат ва ҳукумат бимонанд. Ин раисон чун пойгоҳи ҳуқуқӣ ва маъмурӣ надоранд наметавонанд гапи худро ба мардуми деҳ бигузаронанд ва дар танзими муносибатҳо ва ё ҳалли мушкилоти деҳ фаъолмандона саҳмгузор шаванд. Мардум чун медонанд, ки раисон танҳо раисони “даҳонӣ” ҳастанд ва ҳеч омилу фишанги фишоре барои пешбурди кору ободонии деҳаҳо надоранд ҳарфу сухани онҳоро ба ҷидд намегиранд. Магар ин ки раисони деҳ нафарони муҳтарам ва обрудоре бошанд, ки бо истифода аз ҳайсият ва нуфузи худ дар деҳ воқеан раис бошанд.

Дар деҳи мо мушкили навбати подаро ҳам дар дохили деҳ ва ҳам дар девлох солҳост, ки раисони деҳ ҳал карда наметавонанд. Ҷамоати деҳот аз ибтидо ин мушкилро мушкили худи деҳа медонад ва дахолат ба ин қазияро дар шанъи худ намедонад. Ҳол он ки вазифаи усулӣ ва ҷонии Ҷамоати деҳот ҳамин аст ва дар деҳ равандҳои глобалӣ ва этнополитикӣ намегузаранд, ки дар шаъни Ҷамоати деҳот бошад, то вориди қазия шавад. Бар асоси ҳамин бебандуборӣ мардум зарари бисёре мебинанд, ки нохудогоҳ хисорот ба иқтисоду иҷтимои кишвар ҳам ҳисоб мешавад. Хушбахтона имсол ин мушкили мардум бо машвара ва роҳнамоии дигар чеҳраҳои муҳтарами деҳ ҳал шуд, вале нақши институти раиси деҳ дар ин машвара бисёр ночиз аст.

Мисли ҳамин мушкилоти дигаре дар деҳ бисёр аст, ки мардум барои ҳалли онҳо ба раиси деҳ ишора мекунанд ва ё ҳалли онро масъулият ва рисолати раиси деҳа медонанд, аммо раисони деҳаҳо худ бечораанд ва аз нигоҳи ҳуқуқиву сиёсӣ чораҳои маҷбуркуниву назоратиеро бар мардум дар ихтиёр надоранд. Ин омил сабаб шудааст, ки мушкилот руйиҳамрафта шаванд ва ҳеч роҳҳалҳои худро пайдо накунанд.

Фикр мекунам ин мушкил дар тамоми деҳоти кишвар вуҷуд дорад. Ин фақат мушкили деҳи ману чанд деҳаи дигар нест, ин як мушкили сатҳи ҷумҳурист, ки ба бознигарӣ ниёз дорад. Дар чандин дидорҳое, ки вакилони муҳтарами Маҷлиси намояндагон бо “интихобкунандагон”-и худ доштанд, масъалаи пойгоҳи ҳуқуқиву маъмурии раисони деҳаҳо матраҳ шудааст. Аммо ин “вакилони мардумӣ” ҳамин гуна як масъалаи бисёр муҳими кишварро, ки барои такмили идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ муҳим аст, сарфи назар кардаанд.

Ин танҳо як намунаест, ки мо берун аз сиёсат ва ҳукумат мондани деҳҳоро тарҳ кардем, ҳол он ки агар таҳлили коршиносонаи ҷомеашиносӣ бигузаронем маълум мешавад, ки дар “изоляция” қарор додани деҳаҳо бохтҳои бузурге барои иҷтиоъшавӣ ва ташаккули мо ҳамчун миллати сиёсӣ дар пай доштааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин фикр мекунам фурсат ва замони хубе ҳаст, ки ин мушкили ҳал карда шавад ва ҳузури чашмгири рустоҳоро дар равандҳои иҷтимоиву сиёсии кишвар таъмин намоем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршодчон харта фурухти?
Посух додан
  • Donishju

  • 6 июл 2017 20:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод бафикрм мачбури пода роит кардан нафоридут мачбуршиди бнависи!!холо аз ин бигзарим Инро михом бигам ке Дехотихои Шахри шуда натичаш шудааст Шахрихои дех шуур маге дорим шахри ки дех шуур бошад:)
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имруз кули Точикистон як деҳ аст.
Посух додан
  • Хикмат

  • 7 июл 2017 04:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод на номи дех на номи чамоат на нохия нагуфти.?Ин махалгарои нест. Лекин мухим аст. Саломат боши.
Посух додан
  • Хакдор

  • 7 июл 2017 09:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин масоил кариб тамоми дехоти Точикистонро фарогир аст. Хатто дар баьзе маврид суханони раиси чамоати дехот ба раиси хочагии дехот намегузарад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!