Бахшҳо

Вазири фарҳанг: Набояд ба самти асри санг баргардем (ВИДЕО)

Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки либоси миллии тоҷикон кадом аст. Ба қавли Шамсиддин Орумбекзода ҳоло як гуруҳи вижа дар ин самт фаъолият дорад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон имрӯз 21 июл дар ҳузури хабарнигорон афзуд, ба ин гуруҳ намояндаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, инчунин Дастгоҳи иҷроияи Президент шомиланд: “Дар ин масъала баҳсҳо идома дорад. Дар ҳақиқат эродҳо низ ҳастанд, ки мо бояд либоси миллиро риоя кунем, бояд намунаи либоси миллӣ дошта бошем. Аммо алъон хулосаи ин ки либоси миллии тоҷикон кадом аст, пешниҳод нашудааст”.

Ӯ афзуд, ҳангоми таҳияи либосҳои миллӣ “суннатҳои миллие, ки дар гузашта доштем, риоя шуда, бо назардошти пешрафти ҷомеаи имрӯза либосҳо такмил дода мешаванд. Либосҳо ҳам зебо ва ҳам барои саломатӣ муфид бояд бошанд”.

Вазир гуфт, либосҳои миллие, ки аз ҷониби гуруҳи корӣ муайян мешавад, танҳо барои занон ҳастанд: “Барои мардон либоси аврупоие ҳаст, ки онро тамоми дунё қабул кардааст”.

Ба таъкиди ҷаноби Орумбекзода, дар шароити ҷаҳоншавӣ ҳатман бояд ҳамқадами замони муосир буд: “Он чизе ки барои пешрафт аст, натиҷаи тафаккур, ақлу идрок аст ба ҳамон самт бояд равем, на ин ки ба самти асри санг баргардем”.


Мӯҳр
Оқулӣ
Вазири фарҳанг мегӯяд либоси милиаш ҳоло маълум нашудос, президент мегуд либоси мили пушитон. Мадум чо кунад?

Хело буд нахандида будем, ташаккур чаноби вазир!!! хеч гап не мафахмем вазъиятро. . .

Либосии милии Точикон аз вакти кадим аз матои Атлас пушоки занона духта мешуд Чахон мешинохт хаминхо Точикон мебошанд.

Ҷаноби Олӣ мегӯянд, ки модарони мо мепушиданд, ҳамонтавр пушед, вазир мегуяд ҳоло маълум нест....бисёр хандаовар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)