Бахшҳо

Фишурдаи суҳбат бо Нуралиев: Аз "стериотип"-ҳои нодуруст то бонкдории исломӣ (ВИДЕО)

“Озодагон” фишурдаи суолу ҷавоби хабарнигорон бо Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистонро, ки дар доираи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июл дар Душанбе сурат гирифт, пешниҳоди хонандагон мекунад.

Суол: Раёсати Тоҷиксодиротбонк ахиран аз омилҳои сунъӣ суҳбат кард, ки гӯиё гуруҳе мушкилоти ин бонкро бештар карданд. Оё ҳолатҳои рақобати носолим дар низоми бонкии Тоҷикистон ҷой доранд?

Нуралиев: Инро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд санҷанду муайян кунанд. Агар дар ягон ҷо ҳолати барқасдона овардани бонкҳои тиҷории мазкур ба муфлисшавӣ ҷой дорад, бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онро санҷанд. Сабаби асосии муфлисшавӣ давомнокии буҳрони молиявӣ мебошад. Инчунин сабаби дигар норасоӣ дар идораи кооперативӣ буд. Асосан мушкилоти низоми бонкӣ меросӣ буда, аз солҳои пешӣ боқӣ мондаанд. Ду-се сол пас дар Тоҷикистон низоме фароҳам хоҳад шуд, ки осебпазир нахоҳад буд ва чунин мушкилот такрор намешаванд.

Суол: Назари шумо ба самаранокии фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ, ки Бонки Миллӣ дар бонкҳои муаммодор таъин мекунад?

Нуралиев: Фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ самаранок буд. Мо шуморо бовар мекунонем, ки ҳангоми роҳбарияти маъмурияти муваққатӣ тартибу низом, аз ҷумла дар Тоҷиксодиротбонк беҳтар шуд. Диққати ташкилотҳои байналмилалӣ ба ин бонк зиёд шуд. Натиҷаи фаъолияти Бонки Миллӣ буд, ки дар ҳолати муташанниҷ дар бонкҳо оромӣ таъмин гардид, шиддатнокии иҷтимоӣ кам шуд. Аз ҷониби ҳукумат ба бонкҳои муаммодор сармоягузорӣ шуд. Дар натиҷа, Агроинвестбонку Тоҷиксодиротбонк тавонистанд уҳдадориҳояшшонро дар ҳаҷми миллиардҳо сомонӣ дар назди мизоҷонашон иҷро кунанд.

Аслан вазифаи мудирияти муваққатӣ баҳогузории вазъи ташкилот аст, ки то кадом дараҷа ташкилоти мазкур дар оянда кор карда метавонад. Вазифаи маъмурияти муваққатӣ пардохти амонатҳо ва ҷалби қарзҳо нест. Дар мавриди Фононбонк ва Тоҷпромбонк, таҳлил кардем, ки муассисони ин бонкҳо имконияти кофӣ надоранд ва чун ҳиссаи бонкҳо дар низоми бонкӣ таъсири ҷиддӣ надошт, тасмим гирифтем, ки раванди муфлисшавиро оғоз кунем. Айни ҳол 75 фоизи уҳдадориҳои ин ду бонк дар назди мизоҷонашон иҷро гардидааст.

Суол: “Спитаменбонк” ва Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ки бозигарони нисбатан нав дар низоми бонкии кишвар мебошанду вазъашон нисбатан устувор ба назар мерасад, ба кӣ тааллуқ доранд?

Нуралиев: Вақте бонкҳо пешқадам мешаванд, ба музаффарияте ноил мегарданд, овозапароканиҳо мешаванд, ки гӯиё ин бонкҳо ба ягон нафари мартабаи баланд тааллуқ доранд. Ин нодуруст аст. Мо бояд чунин стериотипҳоро аз байн барем. Нисбати муассисони ин бонкҳо дар сомонаи онҳо иттилоъ дастрас ҳаст.

Суол: Дар мавриди бонкдории исломӣ чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?

Нуралиев: Дар Бонки миллӣ як шуъбаи махсус ташкил шудааст, ки ба масоили бонкдории исломӣ машғул мебошад. Бисёр корҳо анҷом дода шудаанд ва корҳои бештаре дар пеш аст. Ҳоло Алиф Сармоя дар раванди татбиқи баъзе амалиёти бонкдории исломӣ мебошад. Пурра ягон ташкилоти қарзӣ ба низоми бонкдории исломӣ гузаштагӣ нест. Бояд масоили ташкилӣ ҳал шаванд, чун бояд қонунгузориро пурра ба бонкдории исломӣ мутобиқ кунем, зеро ин куллан низоми дигар аст. 16 санаду меъёрҳои ҳуқуқии Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.



Суол: Гуфтушунид бо ХБА барои дастгирии низоми бонкӣ, аз ҷумла бонкҳои муаммодор дар чӣ ҳол аст?

Нуралиев: Барномае, ки аз ҷониби ин созмон пешниҳод мешавад, барои устувории низоми бонкӣ мусоидат мекунад. Барномаи ХБА барои сармоягузории бонкҳои муаммодор равона намешавад. Бо ХБА сармоягузории бонкҳои муаммодорро ягон бор баррасӣ накардаем. Аммо ХБА омода аст, моро дастгирӣ кунад ва бо кӯмаки ХБА лоиҳаҳои қонун барои солимгардонии низоми бонкӣ таҳия шуд. Чаҳор қонун бозбинӣ мешаванд, ки ин яке аз шартҳои ХБА мебошанд. Аз ин ду лоиҳа дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Умед дорем, то охири сол барномаи навро роҳандозӣ хоҳем кард. Ин барнома барои ислоҳоти низоми бонкӣ ва устувории иқтисодиёт кӯмак хоҳад карду осебпазирии иқтисоди моро аз омилҳои берунӣ кам мекунад.

Аввали суҳбати Нуралиев бо хабарнигорон

Тафсилоти суолу ҷавоби Нуралиев бо хабарнигорон дар ин сафҳа нашр мешавад
Мӯҳр
Офарин Нуралиев. Дар хакикат иктисоддон ва менеджери хуб аст.

Офарин! Дар хакикат Чамолиддин Нуралиев иктисоддон ва мутахассиси бехтарини сохаи бонкдории кишвар мебошад. Доимо дар мусохибахои худ бо рузноманигорон ва вакилони парлумон хеле мехрубон ва самимию хоксор мебошанд, ки на хар як мансабдор чунин одоби хамида доранд. Ба Нуралиев комёбихоро таманно менамоям.

Мехостам аз огои Нуралиев фахмам агар ду се сол баъд низоми хуби бонки фарохам ояд, курби сомони дар ин се сол нисбат ба доллар ба чанд мерасида бошад. Ое бонки миллии чунин пешгуи дорад е на

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)