Бахшҳо

Шикояти сокинон: Заминҳои наздиҳавлигии моро ба дигар кас додаанд (ВИДЕО)

Чанде аз сокинони ноҳияи Файзобод иддао доранд, сертификати заминҳояшон, ки дар он бояд манзили истиқоматӣ бунёд мекарданд, ғайриқонунӣ бозхонд шудааст.


Судурҷон Қурбонов, истиқоматкунандаи деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Ҷавонии ноҳияи Файзобод мегӯяд, соли 2014 иҷозаи сохтмонро дарёфт кард, ки то 5 декабри соли 2017 муҳлат дошт. Бо далели мушкили молӣ натавонист дар ин замин манзил бунёд кунад ва ахиран бидуни огоҳӣ заминҳои онҳоро ба афроди дигар додаанд: “Вақте хостем корро сар кунем, раиси Кумитаи заминсозии ноҳия омада моро аз замин берун карда, гуфт, бо сабаи насохтани бинои истиқомтӣ қарори замини шумо бекор гардидааст”.

Ин дар ҳолест ки ба иддаои ӯ, бар асоси ҳуҷҷатҳо барои бунёди манзил панҷ моҳи дигар муҳлат дорад: “Ман бештар аз як сол дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Бо сабаби буҳрони молиявӣ маблағи лозимро барои сохтмон наёфтам. Моҳи майи соли ҷорӣ омада хостам кори сохтмонро оғоз кунам, аммо гуфтанд, ки замин алакай аз шумо нест. Моро як маротиба ҳам пешакӣ огоҳ накарданд, ки заминҳоро мегиранд”.

Қурбонов афзуд, барои ҳалли ин мушкил ба ҳукумати ноҳия, прокуратура ва суд муроҷиат намуд, аммо ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст.



Нурулло Раҷабов, як сокини дигари маҳалла ҳам мегӯяд, баъди 14 соли навбатпоӣ билохира соли 2014 соҳиби замин шуд, вале ҳоло каси дигар онро соҳибӣ мекунад: “Ман дар ин замин сангу шағал рехтам, ки аз муҳоҷират маблағ оварда хона месозам. Ба қарибӣ аз муҳоҷират омадам, ки дар заминам аллакай як каси дигар бо истифода аз сангу шағали ман таҳкурсӣ партофтааст”.

Номбурда афзуд, ба як манзил хеле сахт эҳтиёҷ дорад, чун ҳоло дар як хона 4-5 оила зиндагӣ мекунанд: “Ба чил даромадам, хонаи шахсӣ надорам. Дар хонаи бародарам зиндагӣ дорем”.

Зебунисо Ҳалимова яке аз дигар сокинони ноҳияи Файзобод аст, ки сертификати истифодаи заминаш бозхонд шудааст. Ӯ мегӯяд, баъди чандин соли аризанависӣ ва навбатпоиҳо соли 2008 ба духтараш, ки шавҳараш фавтидаасту ду фарзанд дорад замин гирифт: “Соли 2014 сертификат карданд, ки бар асоси он то моҳи апрели соли 2018 муҳлат дорем”.

Ӯ гуфт, бо далели мушкили рӯзгор ҳатто натавонистанд, замини ноҳамворро ҳамвор намоянд, барои нигоҳ доштани он сангу шағал ва 400 дона “сементблок” оварданд: “Масъулин омада гуфтанд, ки заминҳо ба дигар нафарон дода шудааст”.

Ба гуфти сокинони ин маҳалла дар умум дар миқёси ноҳия қарори 63 нафарро бекор кардаанд. Ин сокинон аз ҳукумати ноҳияи Файзобод, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Президенти кишвар хоҳиш доранд, дар ҳалли қазияашон расидагӣ кунанд.

Хабарнигори “Озодагон” то лаҳзаи чопи ин мавод муваффақ нашуд, ки дар ин робита бо масъулини Кумитаи идораи замин ва геодезии ноҳияи Файзобод суҳбат кунад. Дар сурати дастрас шудани назари онҳо дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон 17 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе дар посух ба суол дар ин бора, ки назари кумита дар мавриди аз эътибор соқитшудани қарори заминҳо гуфт, “Кумита нисбати оилаҳое, ки замин ҷудо шудаасту эҳтиёҷманд ҳастанд, ягон эрод надорад”. Аҳмадзода афзуд, танҳо марказҳои савдо ва хизматрасоние, ки солҳои тулонӣ қарор доранду бунёд намекунанд, пешниҳод ҳаст, ки тавассути додгоҳ қарори сохтмони онҳо бекор ва он заминҳо ба фонди шаҳру ноҳия гузаронида шавад.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)