Бахшҳо

Қарори Президент: Сомонаҳои давлатӣ фаъол шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор қоидаҳои ягона барои сомонаҳои интернетии тамоми сохторҳои давлатӣ, аз сатҳи ҷамоат то вазоратҳоро тасдиқ кардааст.

Тибқи қарор, ки моҳи равон имзо шуд, ниҳодҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, сомонаҳои худро тибқи талаботи нав ба тартиб оранд, пайваста иттилои ҷадиду дархӯри рӯзро нашр намоянд.

Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон масъул гардидааст, ки риояи қоидаҳои нави сомонаҳои интернетии ниҳодҳои давлатиро назорат кунад.

Хадамоти алоқа ва ширкати “Тоҷиктелеком” дастур гирифтаанд, ки давоми 9 моҳ тамоми заминаҳои техникӣ ва тарҳи мувофиқро барои сомонаҳои ниҳодҳои давлатӣ, аз сатҳи ҷамоатҳо то вазоратҳоро фароҳам оранд. Инчунин Хадамоти алоқа ва Тоҷиктелеком як сол муҳлат гирифтаанд, ки мавзеи ҷойкунии сомонаҳои интернетии давлатиро фароҳам созанд ва бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси шартнома, сомонаҳои интернетияшонро рушд диҳанд.

Ин қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки бисёре аз сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ, расман вуҷуд доранду амалан фаъол нестанд ва солҳо боз иттилои наверо пешниҳоди корбарон намекунанд.



Дар акс Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Мӯҳр
Саломалейк ба хама ва Бег Зухуров илтимос пули хармохаи интернетро паст кунед хамаш зур мешавад ва ва ракобати байни провайдерхоро насчет поратлхошон Саломат бошед чоп шавад иллтимос

ана акнун пулчамкуни сар шуд ончиро ки аз танзим сарфа шудааст зиёдтар карда барои интернет медихем-чи

Paymon
Сомонаҳои давлатӣ duchandu sechand faol shavand ham honanda namejoband, chun yak namud raksu yak ohang dorand.

Охотник
Боз ягон мерган пайдо мешавад ва симчубро бо тир мезанад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)