Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев: Эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 сентябр 2019, 18:49

Гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев: Эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш

27 июл 2017, 15:17

Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ӯ соли 2006 бар пояи 28 банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Радиои Озодӣ аз қавли хоҳари бузурги Ғаффор Мирзоев -- Оиша Мирзоева навиштааст, “рӯзи чоршанбе, соати 13:00 аз дохили маҳбас занг зада гуфтанд, ки Ғаффор даст ба гуруснанишинӣ зада, ӯро ба утоқи танҳоӣ бурдаанд ва феълан дар ҳамон ҷо нигаҳдорӣ мешавад”.

Хонум Мирзоева гуфтааст, бародараш 22 июл даст ба гуруснанишинӣ задааст. “Дирӯз вақте ин хабарро ба ман расониданд, фишорам баланд шуд ва субҳи имрӯз аз Кӯлоб ба Душанбе омадам. То ҳол аз аҳволаш хабар надорам ва аз дохил мегӯянд, ки азбаски ӯро ба утоқи алоҳида бурдаанд, ба ғайри масъулони маҳбас ҳеч кас аз ӯ дарак надорад”- гуфтааст хоҳари Ғаффор Мирзоев.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ба гуфтаи Оиша Мирзоева, Ғаффор қаблан унвонии Дастгоҳи Президент ва ба раиси он Озода Раҳмон нома навишта, гуфтааст, агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад. Мирзоева гуфта, ки бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раиси ҷумҳур ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳур намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд.

Ғаффор Мирзоев 61 сол дошта, моҳи августи соли 2004 боздошт ва баъди ду сол зиндонӣ шуд. Ӯро аз ҷумла дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор муҷрим шинохтанд. Моҳи май дар як нома ба расонаҳо ин генерали зиндонӣ навишта буд, ки иттилои расонаҳо дар бораи инки яке аз ҷурмҳои ӯ "хиёнат ба давлат" аст, воқеият надорад. Вай аз журналистон домангир шудааст, ки ин айбро ба гардани ӯ бор кардаанд. Ғаффор Мирзоев аз дохили зиндон паём дод, ки ҳаргиз бо моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хиёнат ба давлат”, айбдор нашудааст.

Мирзоев дар гузашта ба ҳайси фармондеҳи Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!