Бахшҳо
28 июл 2017 16:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иттифоқи журналистон муҳлати охири азнавбақайдгирии аъзояшро эълон кард

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муҳлати охири азнавбақайдгирии аъзояшро 31 август эълом кард.

Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистон имрӯз, 28 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сабти дубораи аъзо дар асоси қарори Анҷумани 12-уми Иттифоқи журналистон аз 16 январи соли 2016 сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир наздики 500 нафар асноди худро барои азнавбақайдгирӣ пешниҳод кардаанд. Бар асоси маълумоти мавҷуда теъдоди аъзои Иттифоқи журналистон ба 2300 мерасад.

Ҷаноби Исмоилзода афзуд, онҳо талош мекунанд, давоми бештар аз як моҳи дигар тамоми аъзои иттифоқ аз нав сабти ном шаванд: “Дар баробари азнавбақайдгирӣ пойгоҳи маълумоти аъзои иттифоқро таъсис медиҳем. Ин корҳо барои муайяну мушаххас намудани теъдоди воқеии аъзо мебошад”.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иброз дошт, бо ҳадафи дар муҳлати муайяншуда анҷом додани азнавбақайдгирӣ дар саросари кишвар чорабиниҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷараён доранд. Ӯ мегуяд, ҳамчунин таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ имкон фароҳам меорад, шаҳодатномаҳои куҳнаи аъзои иттифоқ барои дарёфти шаҳодатномаи нав зудтар гирд оварда шаванд: “Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва калонтарин воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар шаҳри Душанбе чунин ташкилотҳо таъсис ёфтаву фаъолият доранд”.

Ба гуфтаи Зинатуллоҳ Исмоилзод дар баробари шаҳодатномаи нав аъзои иттифоқ баъди сабти дубора нишони сарисинагӣ низ мегиранд.

ФЕҲРИСТИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ ЛОЗИМ АСТ:

1) Ариза ба номи раиси ИЖТ;
2) Маълумотномаи узви ИЖТ;
3) Маълумотномаи ҷойи кор;
4) Ду дона расми андозаи 3х4;
5) Шиноснома;
6) Шаҳодатномаи ИЖТ;
Барои маълумоти бештар бо ин шумораҳо тамос бигиред: (+992) 91 932 34 02, 221 84 30, 221 79 03 ва 988 00 44 33.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)