Бахшҳо

Хабарнигори Радиои Озодиро дар Ишқобод таҳдиди қатл карданд

Ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Солтан Ачилова дубора ҳамла карданд. Сар аз 27 июл то кунун ин севумин фишор ба рӯзноманигори 67-сола аст.

Ба гуфтаи Очилова, 29 июн соати 9 субҳ вай аз манзилаш берун шуд, то аз дучархасавории оммавӣ акс бигирад.

"Вақте аз хона баромадам, чанд нафарро дидам, ки роҳи маро мепоиданд. Дар роҳ ба сӯи истгоҳ ҷавонеро, ки шитобон сӯи ман меомад, чанд акс гирифтам. Ин ҷавон ҳамроҳи мо ба автобус нишаст ва дар рӯ ба рӯи ман қарор гирифт. Ҳамин ки ман хостам аз шишаи автобус берунро акс бигирам, ин ҷавон аз дасти ман дошт. Духтари ман, ки ҳамроҳам буд, дасти ҷавонро аз дасти ман ҷудо кард",- гуфт Солтан Очилова.

Баъди ин ҷавон хабарнигор ва духтарашро дашному таҳдид кардааст.

"Ҷавон ба ман муроҷиат карда гуфт, ту акнун аз дунё чашм мепӯшӣ. Ба духтарам рӯ оварда гуфт, ҳоло пойҳоятро мешиканам. Вақте модарат мурд, ту чи гуна зиндагӣ мекунӣ? Шумо кишварро шарманда мекунед, фарёд мезад вай. Мо дар истгоҳи навбатӣ аз автобус поин шудем ва ба хона баргаштем. Тамоми роҳ вай аз паси мо меомад ва таҳдиди қатл мекард", - гуфт Солтан Очилова.

Хабарнигор мегӯяд, баъди ин ҳодиса нигарониаш бештар шудааст. Ин бори аввал нест, ки ба рӯзноманигор ҳамла сурат мегирад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Октябр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)