Бахшҳо

Суолу ҷавоб бо Генпрокурор: Аз мақолаи Пономарёв то фирори Ҷӯраев ва фишор болои аъзои хонаводаи созмонҳои мамнуъ (ВИДЕО)

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 3-юми август зимни нишасти матбуотӣ аз бурду бохти ниҳоди тобеяш суҳбат кард. “Озодагон” суолу ҷавоби хабарнигорон бо Юсуф Раҳмон, Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масоили ҳуқуқӣ ва масъулини дигари Додситонии кулро мухтасаран пешниҳоди хонандаҳо мекунад.

Суол: Тоҷикистон талош барои баргардондани шаҳрвандонаш аз Сурия ва Ироқ, аз ҷумла беш аз 250 кӯдакро дорад. Инро ба чӣ шева амалӣ карданист?

Юсуф Раҳмон: Нисбати шаҳрвандоне, ки бо ҷалби ташкилотҳои террористӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати дастгир шудан ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Парвандаи занону ноболиғонро дар сурати бозгашташон ба Тоҷикистон баррасӣ мекунем. Ноболиғон албатта ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад. Нисбати дигарон чораандешӣ мешавад.

Суол: Гуфта мешавад, ки ҷангиёни зиёди тоҷик аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон, ба марзи Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора чӣ иттилоъ доред?

Юсуф Раҳмон: Дар ВАО дар ин бора иттилоот аст, шумо огоҳед. Маълумоти дақиқе дар ин бора дар даст надорем.

Суол: Барои истифодаи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон парванде боз шудааст?

Юсуф Раҳмон: Парвандаи ҷиноие барои истифодаи меҳнати кӯдакон боз нашудааст. Агар чунин ҳолат ба қайд гирифта шавад, мо оммаро огоҳ мекунем.

Суол: Ҳамлаи террористӣ дар Қӯрғонтеппаро кадом созмон ба дӯш гирифт. ВКД аз пешгирии 12 ҳамлаи террористӣ хабар дод, метавонед инро шарҳ диҳед?

Юсуф Раҳмон: Аз рӯи ҳамлаи террористӣ дар Қӯрғонтеппа парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва давоми ҳамагӣ 10 рӯз ошкор гардид. 4 нафар боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар мавриди он ки аъзои кадом ташкилоти террористиянд, бо далели сирри тафтишот будан, маълумот пешниҳод намешавад.



Суол: Дар мавриди нақзи қонуни танзим аз сӯи мансабдорон чӣ иттилоъ доред?

Юсуф Раҳмон: Мақсад пешгирӣ намудани қонуншикании фарзандони хизматчиёни давлатӣ аст. Мо дар ин самт ҳама вақт кор мекунем. Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои қонуншиканӣ чора меандешем.

Суол: Қонуншиканӣ дар соҳаи замин зиёд шудааст ё камтар?

Юсуф Раҳмон: Имсол қонуншиканӣ дар соҳаи замин камтар шудааст. Танҳо дар доираи як парвандаи ҷиноӣ зиёда аз 4 миллион сомонӣ ба ҳайси пора ошкор шудааст. Ин миқдор пораро гирифта, заминро фурӯхтаанд. Фақат дар ноҳияи Рӯдакӣ 100 парванда, дар маҷмуъ 500 парвандаи ҷиноии марбут ба замин боз шудааст.

Мо ҳозир бо мақомоти судӣ аризаҳои даъвогӣ пешниҳод мекунем ва тамоми хонаҳое, ки дар заминҳои ғайриқонунӣ сохта шудаанд, давлатӣ карда мешаванд. Маблағҳое, ки тариқи пора гирифта шудаанд, аз шахсони гунаҳкор ба манфиати давлат рӯёндем. Ҳам мансабдорон ва ҳам онҳоеро, ки заминро ғайриқонунӣ харидаанд, ба ҷавобгарӣ мекашем. Роҳи дигари кам кардани ҷинояткорӣ дар соҳаи замин нест. Хонаҳое, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд, давлатӣ мекунем.

Суол: Чанд нафар аз Сурия ва Ироқ баргаштаанд ва чанд нафарашон афв шудаанд?

Юсуф Раҳмон: Пеш аз он ки ба ҷангҳои хориҷӣ раванд, бояд фикр кунанд, ки ин ҷиноят аст. Надонистан онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Ягон бахшиш нисбати террорист татбиқ намешавад. Бисёри онҳо барнамегарданд, онҳо дастгир мешаванд ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. Ман гуфтам, нисбати террорист ягон бахшиш нест, истисно занон ва кӯдакон. Онҳо барои ҷамъият, давлат мардум хафви калон доранд.

Суол: Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, наздикони аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ мавриди фишор қарор доранд. Чунин ҳолатҳо ҷой доранд?

Юсуф Раҳмон: Ин хел гап нест, ягон фишор ба аъзои оилаи онҳо нест. Дар доираи парвандаи ҷиноӣ хешу табори наздики аъзои “Гуруҳи 24” ва дигар созмонҳо мавриди пурсиш қарор мегиранд. Ягон хел фишор нест.

Суол: Пинҳонкунии ҷиноят дар Тоҷикистон кам шудааст ё зиёд?

Шариф Қурбонзода, сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо: Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳонкунии ҷиноятҳо ҷой дорад. Ҳолатҳои пинҳонкунии ҷиноятҳо 599 ададро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди камбудиҳо дар ВКД ҷой доранд. Зиёда аз 180 парванда ба судҳо равон шудаанд. Зимни санҷиши ҳодисаҳои ҷиноят аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба кирдори содиршуда баҳои ҳуқуқӣ дода наметавонанд. Дар натиҷаи назорати прокурорӣ ин ҳолатҳо ошкор мешавад. Нисбати гунаҳкорон ҷавобгарӣ дар шакли ҷавобгарии интизомӣ то дараҷаи аз вазифа озод кардан, татбиқ мешавад.

Суол: Низомхон Ҷӯраев куҷо шуд?

Юсуф Раҳмон: Вай худаш медонад, куҷо шудааст. Нисбати вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, қисми парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол шудааст. Ӯ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Суол: Санҷиши мақолаи Паномарёв, ки қаблан гуфтед, чӣ натиҷа дод?

Юсуф Раҳмон: Мо гуфтем, ки мақола мавриди санҷиш қарор мегирад ва агар таркиби ҷиноят ошкор шавад, парванда оғоз мегардад. Санҷиш мавҷуд будани таркиби ҷиноятро дар мақолаи ӯ ошкор накард.

Суол: Дар мавриди Гулмурод Ҳалимов чӣ иттилоъ доред?

Масъули Додситонии кул: Нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тариқи Интерпол дар кофтукоб қарор дорад. Дар сурати дастгир шуданаш ба ВАО иттилоъ пешниҳод хоҳад шуд.
Мӯҳр
хабарнигор
Дар ин гузориш як чизи асосиро хабарнигор нагуфтаӣ, ки "журналист бояд як савол дихад?"-инро Додситони кул дар ин нишасти хабарй бо қаҳр гуфт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)