Бахшҳо
15 авг 2017 14:13Тоҷикистон / Иқтисодӣ

JICA барои таҳсили хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад

Миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) созишномаи грантие ба маблағи 161 миллион иенаи ҷопонӣ, муодили 1,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст.

Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ин созишномаи грантӣ дар чорчуби “Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ” (JDS) имзо шуда ва ҳадафи он “ҳалли масъалаҳои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани хизматчиёни ҷавони давлатӣ ва дигар раҳбарон барои дарёфти дараҷаи академии магистрӣ ва докторантура (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Ҷопон ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба” гуфта мешавад.

Манбаъ афзуд, лоиҳаи JDS аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Маркази ҳамкориҳои байналмиллалӣ Ҷопон (JICE) амалӣ хоҳад шуд: “Дар чаҳорчубаи лоиҳаи мазкур имконияти таҳсил барои ҳафт нафар хизматчиёни ҷавони давлатӣ дар курсҳои магистрӣ ва 1 хизматчии ҷавони давлатӣ дар докторантура, ки аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз меёбанд, фароҳам оварда мешавад. Барномаи рушди захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 амалӣ мешавад. То кунун 33 нафар стипендиягирандагони ин барнома курсҳои магистриро дар Ҷопон бомуваффақ хатм намуда, алъон барои рушди Тоҷикистон фаъолона кору фаъолият пеш бурда истодаанд”.
Мӯҳр
Ана барои ҳамин бояд дар кишвари мо забони англисӣ васеъ омӯхта шавад, зеро ин гуна барномаҳо фақат бо забони англисӣ амалӣ мегарданд. Мо бояд иқдоме бигирем, ки дар макотиб ва донишкноҳҳо ин забон ҳар рӯз омӯзонда шаванд. Дар марҳилаи баъдӣ бояд фанҳои дақиқ дар ҳама ҷо бо забони англисӣ дарс дода шавад. Ин кор фақат ба фоидаи худамон аст. Масалан, дар Ҳиндустон ва бисёр давлатҳои Африқо кайҳо боз бо ҳамин усул кор мебаранд. Аз ин хотир ҳамаи ҳиндуҳо, покистонӣ ва бисёри афғонҳо бо англисӣ озод ҳарф мезананд. Аз ин ҷиҳат мо даҳсолаҳо ақиб мондаем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)