Бахшҳо

“Мурғи ҳилол”-и Файзобод пурра аз кор бозмонд: 600 нафар ба рухсатии бемузд гусел шуданд

Корхонаи парандапарварии “Мурғи Ҳилол”- и ноҳияи Файзобод пурра аз кор бозмонда, ҳудуди 600 кормандашро ба рухсатии бемузд гусел намудааст.

Зафар Ҳакимов, директори корхонаи “Мурғи Ҳилол” имрӯз, 17 август дар суҳбат ба “Озодагон” далели қатъи фаъолияти онро мушкили молӣ унвон кард. Ӯ гуфт, барои дубора фаъол намудани корхона лоиҳае таҳия шуда, онро Вазорати молияи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, фаъолияти корхона аз воридот вобастагии зиёд дошт ва масъулин бо далели мушкили молӣ натавонистаанд миқдори зарурии хӯроки омехтаи парранда ва чӯҷаи якрӯзаро дар вақти пешбинишуда ворид намоянд.

Корхонаи “Мурғи Ҳилол”-и ноҳияи Файзобод яке аз корхонаҳои маъруфи кишвар маҳсуб меёфт ва соли 2008 ба фаъолият оғоз намуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни боздид аз Файзобод дар соли 2008 ба ин корхона ҳам омад. Дафтари матбуоти Президент он замон навишт, корхона аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи дуввум қарор дорад ва дар сурати ба иқтидори пуррааш кор кардан метавонад, тамоми муассисаҳои паррандапарварии кишварро бо хуроки омехтаи серғизо таъмин намояд: “Корхона дар 8 соати кориаш метавонад 200 тонна хӯроки омехта омода кунад”.

Масъулини корхона мегӯянд, саршумори мурғро аз 30 ҳазори соли аввали фаъолияти корхона ба 742,3 ҳазор ва истеҳсоли тухмро аз 2,3 миллион ба 97 миллион дона расонида буд.

Пурра аз фаъолият боз мондани корхонаи “Мурғи Ҳилол” дар ҳолест, ки Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 26 июл зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, давоми шаш моҳи соли равон 78 корхона таъсис ёфта, 175 корхонаи саноатӣ дар кишвар аз кор бозмондааст. Бобозода иброз дошт, ки вақте сухан дар бораи аз фаъолият бозмондани корхонаҳо меравад, бояд таъкид намуд, ки баъзе корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранд. Ба гуфтаи вазир, сабаби аз кор мондани корхонаҳо ба қарздории онҳо назди бонкҳо марбут аст: “Бархе корхонаҳо аз бонкҳо қарз мегиранд ва сари вақт наметавонанд онро баргардонанд”. Ҷаноби Бобозода афзуд, дар ҳоли ҳозир дар миқёси кишвар 1957 корхонаи саноатӣ фаъол аст.
Мӯҳр
Точик
Ассалому алайкум
Кучо шудед иктисодчихо пешниходу тавсияхо намоед охир, ё кори шумо факат хамон як мавзуи дуругинро пайгири кардану номзадии илмро ба даст овардан аст. Вой бар илму олимони точик.

Точик рост гуфти. Як кисми ун олимон хасакианд Дуюмашон овораи карзакзани ва мансабталоши доранд. Сеюми, ки ангуштшумор мондаанд, чизе тахлилу тавсия медиханд, лекин Хкумати хирадманди мо онхоро гуш намекунанд. Хозир танхо маслихати "ЦК" аз Вашингтон кобили кабул аст. Вале аз кор мондани корхонахои саноати боиси нигаронии чидди мебошад. Эътимоди кави дорам, ки сабаб дар Кодекси андоз ва набудани низоми дастгирии сурогавии чунин коргоххо мебошад....

коргар
хамина нагзтаар пурсида бароянд аз хисоби налогу патент к,арздор шудагист!

мехмон
Ин кадар унвонхои олиму, доктор, профессор гирифтагихо дар кучоанд? Охир наход ки мургро хам парвариш карда натавонем?

Ҳеҷ гап не! Боз 600 нафари дигар роҳи Русияро мегиранд. Чанд кӯчаи Маскав боз бе фаррош монда будаст.
Ин корхонаи мурғпарварии Файзобод, ки аз аҳамияти вижа бархурдор будааст, чаро ҳукумати марказӣ дастгириаш намекунад? Бесабаб набудааст, ки нархи тухм дар бозорҳо ба як сомонӣ боло рафтааст. Аз мост, ки бар мост, гуфтаанд. Вайрон кардан осон, сохтан душвор аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)