Даргузашти куҳнаварде, ки дар куҳҳои Помир бемор шуд
Александр Абаев, куҳнаварди рус аз шаҳри Иркутск, ки 3-юми август дар ҳолати вазнин аз куҳҳои Помир тариқи чархбол ба беморхонаи шаҳри Душанбе интиқол дода шуд, ахиран даргузашт.
Дар ин бора дар саҳифаи бошгоҳи саёҳати варзишӣ-«КСТ ИРНИТУ» иттилоъ дода шуд. Ба иттилои манбаъ Абаев 20-уми август дар қабристони маҳаллаи Пивоварихаи ноҳияи Иркутск ба хок супорида шуд.
Қаблан Роман Абаев, бародари Александр дар суҳбат бо расонаҳои Иркутск изҳор дошт, ки ҳангоми баромадан ба куҳҳои Помир вазъи Александр якбора бад шудааст: “Наҷотдиҳандагон ӯро бо чархбол ба Душанбе интиқол доданд. Духтурон таркиши раги мағзи сарро муайян намуданд. Баъди ҷарроҳӣ низ вазъи Александр беҳтар нашуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |