Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Усмонов дар бораи филми ВКД, сӯиистифода аз дин ва террори ҲНИТ » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 19 июл 2019, 04:19

Усмонов дар бораи филми ВКД, сӯиистифода аз дин ва террори ҲНИТ

22 август 2017, 09:45

Иброҳим Усмонов, доктори илмҳои таърих, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як матлаб назарашро дар бораи филми ВКД, сӯиистифода аз дин, ҲНИТ ва пешгирии ифротгароии ҷавонон изҳори назар кардааст.

“Озодагон” матлаби Усмоновро, ки зери унвони “Шинохти ҳақиқат. Ё харобкориҳои пасипардагиро кӣ созмон медиҳад?”, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, бидуни тағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:

Шинохти ҳақиқат. Ё харобкориҳои пасипардагиро кӣ созмон медиҳад?

Гузориши маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии кишвар, ки дар заминаи тафтиши ҷиноятҳои содиркардаи Абдуҳалим Назарзода таҳия шуда, ахиран тавассути барномаи вижаи телевизионӣ пешниҳоди бинандагон гардид, қобили андеша аст. Зеро шоҳидон ва иштирокчиёни ин ҷиноятҳо зимни суҳбат ба гуноҳҳое иқрор мешаванд, ки дар нимаи дуюми солҳои 90-и асри гузашта бо мусоидати мақомоти махсуси кишварҳои алоҳидаи хориҷӣ содир кардаанд.
Мутаассифона, теъдоди зиёде аз чунин шахсон дар амали худ аз номи дини мубини Ислом истифода бурдан мехоҳанд ва барои эъмори ҷомеаи ухравӣ, ғайридунявӣ талош мекунанд. Таърихи инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи динҳои яккахудоӣ нишон медиҳад, ки покии имон ба сохти давлат ягон рабт надорад. Шахсе, ки дар назди Худо рост аст, ҳам дар назди виҷдонаш ва ҳам дар назди қонун чунин мемонад. Бо дарки ин нукта ман аминам, ки мусалмони ҳақиқӣ ибодати худро дар вуҷудаш ба амал меорад, на дар шиору фазлфурӯшӣ. Ҳар чиз бояд дар ҷойи худаш бошад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки об дар зери киштӣ наҷоти киштӣ, вале дар дохили киштӣ ҳалоки киштӣ аст. Ҳамин тавр, парастиши Худованд аз ҷониби ҳар шахс рӯҳу имони ӯро қавӣ мегардонад. Ба сиёсат кашидани дин сабабгори талошҳо, муқовиматҳо, ҷангҳо, кушторҳо ва харобиҳо мешавад. Инро дар таърих бисёр дидаем ва дар даҳ соли охир ҳам мисоли беандозаи онро шумурдаем. Дар Ироқ, Сурия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Либия, Яман, Миср, Арабистони Саудӣ, Исроил ва Фаластин ҳамин навъ талошҳои диниву ухравӣ, суннату шиа боиси куштори ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардиданд. Мамлакатҳое, ки сокинонашон зиндагии орому осуда ва серу пур доштанд ба бало гирифтор шуданд.

Имрӯз мусалмонҳо бо ҳам меҷанганд, ба гардани яке гуноҳи шиа бор мекунанд ва ба дигаре гуноҳи суннат. Ҳар ду якдигарро «террорист» мехонанд ва кишварҳои дигар ба онҳо ҳамчун террорист менигаранд. Дар ин шароит аз байни роҳгумзадаҳои тоҷикистонӣ тайёр кардани шахсоне, ки фаҳмидаю нафаҳмида дар Ватану берун аз он даст ба куштор мезананд, ин мусоидат намудан ба тавсеаи терроризми байналмилалӣ аст.

Мо, тоҷикистониён, дар пешгирии ин ҳама хатарҳои замони муосир чӣ иқдом карда метавонем? Албатта, мақомоти қудратӣ ва ҳифзи тартибот вазифаи худро иҷро мекунанд. Аҳли ҷомеа ҳам дар ин самт дар канор буда наметавонад. Падару модарон, муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат карда метавонанд. Аз ҳама асосӣ, аз ҷавонӣ дар мактаб, муҳити хонавода фаҳмондан зарур аст, ки озодии виҷдон дигару амали ҳизби сиёсӣ дигар. Дар фаҳми ман, озодии виҷдон Худотарсӣ ва покии имони инсон аст. Шомил шудан ба ин ё он ҳизб ихтиёрист, вале бо фиреб ба он ҷалб кардан ҷиноят аст.
Сарнавишти ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи ҲНИТ як мавзӯи дигарро бароям пеш меорад. Дар давраи музокироти сулҳи тоҷикон, ки аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 давом кард, ҳеҷ вақт дар мавриди мавқеи дини мубини Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳс, талош, созишнома ё ҳуҷҷате мавҷуд набуд. Яъне ҳеҷ ҷониб андеша надошт, ки дар Тоҷикистон ба риояи оини динӣ монеа эҷод мешавад. Вале роҳбарияти ҲНИТ пинҳонию дар баъзе ҳолатҳо ошкоро даст ба кирдорҳои ношоиста, аз ҷумла амалҳои террористӣ, мезаданд.

Ниҳоят Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба терроризми байналмилалӣ робита доштани ҳайати роҳбарии ҳизбро собит сохта, фаъолияти онро дар Тоҷикистон қатъ гардонд. Ин чунин маъно дорад, ки кишварҳои дӯст, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, бояд ин ҳақиқати таърихиро дарк кунанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тахрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Огох

  • 22 август 2017 09:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нафахм, ин профессур чи гуфт.
Посух додан
  • Точик

  • 22 август 2017 09:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин муаллим дар дами пириш ягон хонаю пенсияи хуб мехоха чи... Ачаб замоне
Посух додан
  • п

  • 22 август 2017 10:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гараз аз ин филми ВКД чист, хатто ба кудакхо маълум аст. Профессор Усмонов, ки солхои дароз ки будани нахзатихоро медонад, бо пахши хамин филми ВКД, гуе ки акнун чашмонаш кушода шуданд. Шаф-шафгуи як умр хоси ба ном интеллигентсияи точик буд. И еще держать нос по ветру.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
афсонҳои хушомадмонанди иброҳимако усмонов.ин тимсоҳ мепара гуфтанҳо ба хотири мансабгирист
Посух додан
  • Адаш

  • 22 август 2017 14:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эххх. Око Иброхимуф... чи гуям, ки ба дард хурад? Агар тарс доред аз гуфтани хакикат, пас бех нест, ки сукутро риоя кунед?
Посух додан
  • Камол

  • 22 август 2017 15:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин калимаву ҷумлаҳо ба калимаҳо ва ҷумлаҳои Иброҳим Усмонов монанд нест.
Посух додан
  • Конер

  • 22 август 2017 19:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як бор надидем ки Усмонови професр ДАР БОРАИ ФИЛМХОИ ФМСи русияву суистифодаи Мухочирон ва бегунох терорист элон кардани мухочирон Бигуя . Меган ХУДОВАНД вате Точика кати Японс халк кард бахрдуяшон АТИЁРКА дод Японсо АТИЁРКАРА хуб истифода кардае пешрафт кардан ТОЧИКО БО АТИЁРКА К...И ХАМДИГАРША МЕКОВА
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод, шумо ин таҳлилу далоилро барои кадом аудитория овардед? Магар намедонед, ки дунявӣ будани ҶТ танҳо дар қоғаз аст. Бибинед, касе ба тарафдориятон ҳарфе нагуфтааст. Минбаъд аз каҷпаҳлӯ дар болои кат ва чойи талхаки кабӯд намонед.
Посух додан
  • ислом

  • 23 август 2017 00:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
доктор камтар аз дин хабар медошти бад гап мезади.
ман намефаҳмам ки кишвари Эрон ки зобонаш бо мо яки аст, динаш яки аст, бузургони мо ва онҳо ( Рудаки, Фирдавси, Хаём, Мирсаид Алй Ҳамадони, Сино, Мавлоно....) яки аст. бо ин ҳама муштаракот бо мо душман асту ва Русия ки ҳарруз куштаи муҳоҷиронро аз онҷо меоранд, на фарҳангаш яки на забонаш яки на динаш яки ва ҳамчунин Узбакистону чину ... мешаванд дусти мо? як камтар фикр кунед.
Посух додан
  • дониш

  • 23 август 2017 08:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Почему раньше молчал???
Посух додан
  • Bahrom

  • 23 август 2017 09:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Профессур яке аз иштирокчиёни фаъоли хама кашмакашихои солхои 90 ум буданд хама ахборота нагз медонанд акнун имруз фахмиданд!!!! АЧАБО

Посух додан
  • Шаҳрванд

  • 23 август 2017 23:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", ки профессор Ибоҳим Усмонов соли 2012 таъсис дода буд ва он муҳлати зиёд фаъолият намуд моҳе як маротиба намояндагони аҳли зиёи кишвар гирди ҳам омада суҳбати яке аз шахсиятҳоеро, ки аъзои ҲНИТ ва ё саҳмгузори сулҳи тоҷикон буд, шунида дар атрофи мавзуъ баҳсу мунозираҳое доир мекарданд.
- Пас чаро дар он солҳо аз "терорист" будани ин ҳизб ҳарф намезаданд, баракс донишмандону рузноманигоронро ба маҳфил даъват менамуданд то суҳбати аъзои ҲНИТро шунаванд? Ё ин ки магар ба вазни тарозу менигаранд!
- Агар андешаи як шахси зиёи профессор чунин бошад, пас чӣ гила аз шахсони қаторӣ?!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!