Бахшҳо

Омӯзгорони доғистонӣ: Маоши 2 баробар зиёд, хонаи муҷаҳҳаз ва... ваъда доданд (ВИДЕО)

Фотимат Сагидова, омӯзгори фанни иноформатика, ки дар як ҳайати 7-нафарӣ аз Доғистон барои кор ба Тоҷикистон омадаанд, изҳор медорад, ки ба ӯ маоши 2 баробар бештар ваъда додаанд.

Сагидова дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Доғистон” ҳаҷми маошашро дар Тоҷикистон бо назардошти пардохти андозҳо ҳудуди 60 ҳазор рубл гуфтааст. Аз ин 14 ҳазор рублро ҷониби Тоҷикистон ва боқимонда аз сӯи Вазорати маорифи Русия пардохт мешавад.

Саидзаҳро Асварова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус низ изҳор доштааст, ки аз шароите, ки ваъдаашон додаанд, розист: “Ба мо маоши арзанда, хонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаю ҷиҳоз ва кор дар муассисаҳои маъруфи Тоҷикистон ваъда доданд”.

Аймон Амирамзаева, омӯзгори дигари забон ва адабиёти рус изҳор доштааст, ки ӯ дар зодгоҳи президенти Тоҷикистон-Данғара ба таълим машғул хоҳад шуд ва ин масъулияти ҷиддӣ мебошад.

Дар пайи эълонҳо дар бораи шароит танҳо аз Доғистон ҳудуди 70 омӯзгор довталаб шудаанд, аммо 7 нафар интихоб гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ дар маҷмуъ ҳудуди 30 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард. Ҳайати омӯзгорон аз Доғистон аллакай ба Тоҷикистон омадаанд.


Мӯҳр
Махмуд
Бародарон як бор худатон аз ин макола хулосаи худро бароред модоме ки аз хорича ба точикистон омузгор биеранд пас омузгорони мо ки лозим буданд. ин сатхи пасти дониши омузгорони моро исбот кард. позор. набошад вазири мариф рафта методи он давлатхоро омухта равиши фаьолияташро дигар кунад. тфу бар ту эй чархи гардун тфу...

Оби дари хона
То кай дунболи русия мегардед!!
Боз шарм надошта аз Доғистон муаллими забони русӣ меоранд. Тамоми россия ба ҳолатон хаандида истодааст!!

тошболта
х,амин монда буд,ки догистоних,о моро илм омузонанд,шармандаги...

Ман метарсам, ки он омӯзгорони доғистонӣ ба Тоҷикистон омада, аз ҳамкасбони тоҷикашон пулситониро ёд нагиранд; як намуд табодули таҷриба. Охир, харбуза аз харбуза ранг мегирифтааст.

Бо чунин вазиру вазорату академику доктору поктор солхои наздик омузгоронро аз Чукотка бояд интизор шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)