Боздошти Мусулмон: Шарикаш дар фурудгоҳу худаш дар Ёвон дастгир шуд
Манобеи “Озодагон” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошти Мусулмон Холовро тасдиқ намуданд.
Тибқи иттилои мусоҳибони “Озодагон” боздошти Мусулмон Холов зодаи ноҳияи Ёвон охири ҳафтаи гузашта дар зодгоҳаш сурат гирифт: “Дар фурудгоҳи Душанбе охири ҳафтаи гузашта яке аз шарикони Холов боздошт гардид ва худи ӯ дар Ёвон дастгир шуд”.
Ба иттилои манбаъ боздошт аз сӯи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ҷузъиёти бештарро бояд ин ниҳод шарҳ диҳад.
Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” боздошти Мусулмон Холовро аз ҷониби кормандони Агентӣ рад намуд: “Ман кормандонро пурсидам, ин хел одам боздошт нашудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |